Баъзе омилҳои эҷоди ангезаи ифротгароии динӣ

Тибқи қонуни ҳастӣ ҳар маълулро иллате аст, ифротгароӣ низ ҳамчун падидаи нохуш маълулест, ки бидуни шак ин падида аз нестӣ ба вуҷуд наомадааст, балки омилҳо ва сабабҳое вуҷуд доранд, ки боиси эҷоди фикр ва пайдоиши ангезаи ифротгароии динӣ мегардад.
 
Ифротгароии динӣ мисли дигар падидаҳои иҷтимоӣ ва ҳаётӣ танҳо аз як омил ба вуҷуд наомадааст, балки сабабҳо ва омилҳои мухталиф дар эҷод ва шаклгирии он нақш доранд. Ин воқеият бар хилофи иддаои теъдоде аз мактабҳои илмӣ дар робита ба омилҳои ифротият аст, ки аз ҷумла равоншиносон тамаркуз бар асбоби равонӣ дошта, дигар омилҳоро ба ҳайси омили шаклгирии ифротият нодида мегиранд.
 
Ҳамчунин ҷомеашиносон шахсро бозичаи ҷомеа дониста ангезаи ифротгароёнаро маҳсули ноҳинҷориҳои ҷомеа мепиндоранд. Аз тарафи дигар материалистҳо ифротиятро зодаи омилҳои моддӣ муаррифӣ мекунанд, дар ҳоле, ки ифротият падидаи дар ҳам печидаест, ки омилҳои зиёде боиси ба вуҷуд омадани он мегарданд, ба монанде, ки теъдоде аз онҳо таъсири мустақим доранд ва иддаи дигари он ба шакли ғайри мустақим таъсир мерасонанд, аз ҷумла аз иқтисод гирифта, то сиёсат, аз фасод дар қонун гирифта, то олудашавии дин ба сиёсат ва дигар аз омилҳоест, ки ё ба шакли мустақим ва ё ғайри мустақим ифротгароӣ, хоссатан ифротгароии диниро таҳрик намуда, ангезаро дар рушди он поягузорӣ мекунанд. Инак, теъдоде аз омилҳоеро, ки боиси эҷоди ангезаи ифротгароӣ мегардад, зикр хоҳем кард:
 
Диққат надодан ба мафҳумҳои динӣ. Бо дар назардошти ҷойгоҳи дини ислом дар ҷомеа ниёз аст, то як мусалмон ва хоссатан аҳли назар ба мафҳумҳо ва ҳақиқати он тааммуқ ва табаҳҳури лозим дошта бошанд, зеро жарфнигарӣ нисбат ба ҳақиқат ва мафҳумҳои динӣ, шахсро аз ифрот ва тафрит бозмедорад  ва кумак мекунад, то амалкарди зиндагӣ ва даъвати хешро бар асоси мақсадҳо ва фалсафаи шаффофу дақиқ танзим намоянд. 
 
Мақсад аз ташвиқи тафаккур дар мафҳумҳои динӣ, муттаҳам намудан ба ҷаҳл нисбат ба дин нест, балки ҳадафи тадаббури лозим ҷиҳати дарки фалсафа ва мақсадҳои шариат аст, зеро дар ҷомеа нафароне мушоҳида мешаванд, ки бо ноқис омӯхтани дин, худро олим меҳисобанд ва ё бо дониши андак, ки аз чанд китоб ва ё суханрониҳои рӯҳониён ба даст овардаанд, дар робита ба масъалаҳои ҳаётӣ ва муҳими динӣ фатво медиҳанд, дар ҳоле ки дониш ва фаҳмаш нисбат ба дин ба гунае аст, ки ҷузъиётро аз куллиёт ва муҳкамотро аз муташобеҳот фарқ карда наметавонанд, то дар миёни андешаҳои мухталиф бо истифода аз далелҳо якеро бар дигаре тарҷеҳ диҳад.
 
Таъкид бар ҷузъиёт ва тарки муҳиммоти динӣ.  Ифротгароёни динӣ доим ба масоили фаръӣ ва ҷузъӣ худро банд месозанд, дар ҳоле ки масъалаҳои муҳим ва асосиро монанди илм омӯхтан, некӣ кардан ба дигарон ва ростгӯ буданро нодида гирифта, ба масъалаи дар куҷо мондани даст ҳангоми намоз ва дигар масъалаҳои ихтилофии ҷузъӣ мепардозанд.
Ин тоифа инсонҳо воҷиботи асосии динӣ некӣ ба падару модар, риояи ҳаққи ҳамсар ва фарзанд ва ҳаққи ҳамсояро нодида гирифта, пайваста мехоҳанд дар баҳри ҷидол шино кунанд, балки ғарқ бошанд. Чун ин кор барои онҳо лаззатбахш аст. Ин дар ҳолест, ки паёмбари Худо (с) мефармояд: “Ҳаргиз қавме, ки бар ҳидоят буданд, гумроҳ нашудаанд, магар ин ки ба баҳс ва ҷадал рӯй оварданд. Сипас, ин оятро тиловат намуданд, ки тарҷумаи он чунин мешавад: “Балки онҳо мардуми хусуматкунандаанд”” (Ривояти Тирмизӣ, ҳадиси 1997).
 
Ифротгароён баҷои тамассук ва таъкид бар умури муҳим ва асосӣ ба баҳсу ҷадал перомуни фуруот ва ҷузъиёт мечаспанд ва ба андозае таъкид ва исрор меварзанд, ки дар ихтилоф миёни мусалмонҳо саҳм мегузоранд.
 
Сахтгирӣ ва зиёдравӣ дар таҳрим (ҳаром шуморидан). Ҳаром шуморидан ва ё ҳалол донистан тибқи шариати исломӣ, яке аз салоҳиятҳои Худованд аст, ки теъдоде аз донишмандон во гузоштани ин амалро ба Худованд, яке аз навъҳои тавҳид донистаанд ва ба ояи “Ҳукм ҷуз ҳукми Худо нест (Сураи Юсуф, ояти 30)” истидлол меварзанд, ки банда салоҳияти ҳалол ва ё ҳаром сохтани чизҳо ва корҳоро надорад. Инчунин Худованд сароҳатан мефармояд: “Ба истиноди дурӯғе, ки худ бар забон меронед, мегӯед, ки ин ҳалол аст ва он ҳаром, то бар Худо дурӯғ нисбат медиҳанд, ҳар оина касоне, ки ба Худо дурӯғ нисбат медиҳанд, растагор нахоҳанд шуд” (сураи Наҳл, ояти 116). 
 
Равиши донишмандони гузашта, дар робита ба ҳалолу ҳаром қисме буд, ки итлоқи ҳаромро ҷуз бар чизе, ки ҳаром будани онро ба яқин медонистанд, ҷоиз намешумурданд. Дар ҳоле, ки ифротгаро ҷониби ҳаром шумориданро мегиранд ва аз гароиш ба таҳрим дурӣ намеҷӯянд ва ба ангезаи парҳезгорӣ ва ё ҳар ангезаи дигаре, ки Худованд ҳақиқати онро медонад, аз ин мавзеъгирӣ пинҳон намекунанд.
 
Рамазониён Аҳтам Бобосафар
 
 
 
 
Яндекс.Метрика