Баъзе осори динӣ дар замони Сомониён

Сомониён некӯномтарин дудмони ҳукуматгари таърихии мост ва бешак рамзи ҷовидонагии ин даврон таъмини амният барои мардум ва дастовардҳои азими фарҳангию илмии он рӯзгор маҳсуб мегардад, зеро мардуми Хуросону Мовароуннаҳр ба пуштибонии Сомониён пас аз ду қарн талошу пайкор муҷаддадан дар арсаҳои сиёсӣ, низомӣ ва фарҳангу ҳунар ҳузури худро эълом карда, дар канори эҳё ва тадовуми тамаддуни бостонӣ аз ойину суннати исломӣ нигаҳбонӣ карда, нобиғаву номдорони фаровонеро дар тамоми арсаҳо ироа доданд. Дар ин давра тамоми шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон дорои ниҳодҳои илмии худ буданд, ки аксаран толибилмон дар масҷидҳо ва мадрасаҳо ба омӯзиши илмҳои замонаи худ машғул мешуданд. Тамассук ҷустан ба илм ва дурӣ аз хурофоту таассуб боис гашт, ки донишмандони зиёде ба арсаи ҷаҳон оянд ва номи худу ин сулоларо нек ва ҷовидона гардонанд. Аз љумла, Саолибӣ, Хоразмӣ, Берунӣ, Абусаҳли Масеҳӣ, Муҳаммад Закариёи Розӣ ва дигарон дар ин аср ҳаёт ба сар бурдаанд, ки намунаи барљастаи илму адаб на танҳо дар минтақа, балки дар кулли ҷаҳон бо осори гаронарзиши худ шуҳрати беандоза доранд. Аммо аз сабаби он ки дар он замон забони арабӣ ҳамчун забони илм пазируфта шуда буд, аксарияти осорашонро бо забони арабӣ тадвин кардаанд. Дар ин давра забони арабӣ дар канори забони форсӣ мавриди таваҷҷӯҳи дарбор ва ҳам маҳфилњои илмӣ меистод. Заҳирии Самарқандӣ чунин андеша дошт, ки "Забони арабӣ дар замони Сомониён забони илм, андеша ва адаб буд". Аз ин рӯ, таълифоти мустақили фаровон дар илмҳои гуногун ба забони арабӣ падид омаданд. Ба хусус дар риштаи улуми шаръӣ, ки њамагӣ дар пояи каломи раббонӣ таълиф гардидаанд. Ба ин риштаи илм метавон илми қироат, тафсир, фиқҳ, калом ва ахлоқро дохил намуд, ки ниёгони мо дар ин бахшњо осори гаронарзише ба таълиф расонидаанд. Аз љумла: 

Қироат. Барҷастатарин китобе, ки дар ин росто истифода мешуд, Қуръони карим буд. Ин китоб на танҳо дар риштаи илмҳои шаръӣ, балки дар тамоми илмҳои дигар омӯхта мешуд. Аммо дар дарсҳои қироат қориён танҳо аз ин китоб истифода мекарданд. Абуҳомид Аҳмад ибни Абдурраҳмон Сурхакии Нишопурӣ (ваф. 928) дар ин росто китобе бо номи “ал-Қироат” таълиф намуд, ки дар он доир ба намудҳои қироат маълумот додааст. Абубакри Меҳронӣ Аҳмад ибни Ҳусайн ибни Меҳрон (ваф. 991) яке аз муқриёни номвари Нишопур донишманди машҳури фанни қироат аст, ки осори зиёде дар ин бора таълиф намудааст. Аз ҷумлаи осори ӯ “аш-Шомил”, “ал-Мабсут” ва “ал-Ғоя” мебошанд, ки муддатҳо ҳамчун маводи дарсӣ дар Хуросон, Қазвин, Ҳамадон, Кирмон, Ироқ, Шом ва Миср тадрис мешуд. Матни “аш-Шомил” печида аст, ки худи ӯ дар “ал-Мабсут” ба шарҳу тафсири печидагиҳои он пардохтааст. Инчунин донишмандони зиёде баъд аз ӯ ба шарҳу тафсири ин осор пардохтанд, аз ҷумла, шогирди худи ӯ Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Заририи Куҳандизӣ дар шарҳи “ал-Ғоя” китоби бузурги “Илалу-л-қироати-л-мураттабати фӣ китоби-л-Ғоя”-ро таълиф кард. Ибни Меҳрон бо таълифи осори худ ва матраҳ сохтани қирооти даҳгона, қироати ҳафтгонаро аз байн бурд.

Абунаср Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Аҳмади Самарқандӣ маъруф ба Ҳаддодӣ дар Самарқанд (ваф. 1010) яке аз бузургтарин қориён ба ҳисоб мерафт, ки дар илми қироат “ал-Ғуния”-ро таълиф намуд. 

Тафсир. Дар рӯзгори Сомониён дониши тафсир бо гароишҳои ривоӣ, луғавӣ, адабӣ, ақлӣ ва ирфонӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта буд ва бар асоси ин дидгоҳҳо китобҳое таълиф шуданд, ки бахши муҳиме аз дастовардҳои илмии ин давраро шакл медиҳанд. Аз пешгомони тафсир метавон аз ин афрод ёд кард, ки тафсирҳои мондагоре навиштаанд: Абуяҳё Закариё ибни Довуди Хаффофи Нишопурӣ (ваф. 899) муаллифи “ат-Тафсиру-л-кабир”, Абуисҳоқ Иброҳим ибни Маъқили Сонҷанӣ (ваф. 909) муаллифи “ат-Тафсир”, Абуисҳоқ Иброҳим ибни Исҳоқи Анмотии Нишопурӣ (ваф. 916) муаллифи “ат-Тафсиру-л-Кабир”. Абуҳафс Умар ибни Муҳаммади Буҷайрии Ҳамдонии Самарқандӣ (ваф 923) муаллифи “ат-Тафсир”.

Пас аз он, ду тан аз номварони тафсири шиа дар Мовароуннаҳр бархостанд ва тафсирҳое тибқи ин мазҳаб навиштаанд, Абуҳафс Қутайба ибни Шурайҳи Бухорӣ (ваф. 918 ё 928) муаллифи “ат-Тафсиру-л-Кабир” ва Абуназр Муҳаммад ибни Масъуд ибни Муҳаммад ибни Айёши Суламии Самарқандӣ муаллифи “Тафсири маъсурӣ” мебошанд. 

Аз дигар соҳибномони тафсир метавон аз Алӣ ибни Ҳамшоз ибни Сахтавия (ваф. 949) муҳаддиси нишопурӣ ва муаллифи “Тафсиру-л-Қуръон” дар 230 ҷузъ, Абусаид Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Саиди Ҳайирӣ (ваф. 964) муҳаддиси муҳташами нишопурӣ ва муаллифи “ат-Тафсиру-л-Кабир”, Абулайс Наср ибни Муҳаммад ибни Аҳмади Самарқандӣ муаллифи “Тафсиру-л-Қуръону-л-азим (ал-Карим)” ном бурд. Баъзе муфассирон аз нигоҳи забоншиносӣ ва адабӣ Қуръонро тафсир карданд, аз ҷумлаи он Абумансур Муҳаммад ибни Аҳмад Азҳарии Ҳиравӣ (ваф. 981) фақеҳ ва забоншинос муаллифи “Тазҳибу-л-луға”  тафсирҳои “ат-Тақриб” ва “Тафсиру-с-сабъу-т-тувал”-ро таълиф кардааст. Тафсирҳое, ки аз дидгоҳи фиқҳӣ фароҳам омадаанд, аз ин қабиланд: “Аҳкому-л-Қуръон” ва “Нақзу мо халафа фиҳи Шофеию-л-Ироқийина фӣ аҳкоми-л-Қуръон”-и Абулҳасан Алӣ ибни Мӯсо ибни Яздод (ваф. 918м), “Таъвилоту-л-Қуръон”-и Абумансур Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Маҳмуди Мотуридӣ (ваф. 935), Абдулқодири Қаршӣ онро тафсири беназир хондааст, “Тафсиру-л-кабир”-и Абубакр Муҳаммад ибни Алии Қаффоли Шошӣ. Инчунин аҳли тасаввуф низ бо диду назари худ ба тафсири Қуръон пардохтаанд. Аз куҳантарин тафсир дар ин замина “Таҳсилу назоиру-л-Қуръон”-и Ҳакими Тирмизӣ (ваф. 932) мебошад. Муаллиф дар ин китоб ҳаштод вожаи қуръониро, ки дорои маъонии гуногун ҳастанд, аз нигоҳи ирфонӣ тафсир кардаст. “Ҳақоиқу-т-тафсир”-и сўфии Хуросон, Абуабдурраҳмон Муҳаммад ибни Ҳусайн ибни Муҳаммади Суламӣ (ваф. 1021) намунаи дигаре аз тафсири сӯфиёна аст. 

Ин ҷо бояд аз ду кӯшиши бузург дар тафсири Қуръон, яке тарҷума ва дигаре тафсир бо фармон ва ҳимояи давлати Сомониён сурат гирифтааст, ёд кард. Дар замони Амир Мансур ибни Нӯҳ ибни Наср тарҷумае ба форсии содаву равон аз матни арабии “Ҷомеу-л-баён фӣ тафсири-л-Қуъон”, тафсири Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ фароҳам омад.  Дар муқаддимаи ин тарҷума омадааст, ки хондани матни арабии тафсири Табарӣ бар Мансур ибни Нӯҳ душвор омад. Ӯ хост, ки онро ба забони порсӣ тарҷума кунанд. Бо дастури амир анҷумане аз уламо ва фуқаҳои Мовароуннаҳр ҳамчун Абубакр ибни Аҳмад ибни Ҳомид, Халил ибни Аҳмади Саҷистонӣ аз Бухоро, Абуҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Алӣ аз Балх ва дигар донишмандон аз Самарқанду Фарғона ва Испиҷоб ҷамъ шуданд ва тавассути онҳо кори тарҷума сурат гирифт. 

Ҳадис. Аз шањодати сарчашмањои таърихӣ маълум аст, ки мардуми Сомониён аз хурдсолӣ ба омӯзиши ҳадис мепардохтанд, ҳеҷ нафар ҳатто ғуломон аз омӯзиши ин илм бебаҳра набуданд. Дар ин сарзамин донишмандони зиёде буданд, ки ба омӯзиш ва тадриси ҳадис пардохтаанд, аммо бархе аз онҳо дар паи омӯзиш ва тадрис ба ҷамъоварии ҳадис низ пардохтаанд. Китоби “Саҳеҳ”-и Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ (ваф. 870) ва “Саҳеҳ”-и Муслим ибни Ҳаҷҷоҷи Нишопурӣ (ваф. 875) муътабартарин маҷмӯаҳои ҳадиси саҳеҳ назди аҳли суннат мавриди таваҷҷӯҳи хос буд. Ин ду китоб на танҳо дар он замон, балки то ҳол баъд аз Қуръони карим муътабартарин сарчашмаи омӯзиши улуми шаръӣ дониста мешаванд. Баъд аз он Сонҷании Насафӣ (ваф. 908) “ал-Муснад”-ро таълиф кардааст. Баъдан дар паи омӯзиши ин ду китоби бузург шарҳҳо ба вуҷуд омаданд. Нахустин шарҳи “Саҳеҳ”-и Бухорӣ, “Аълому-л-ҳадис”-и Абусулаймон Ҳамд ибни Муҳаммад ибни Иброҳими Хаттобӣ (ваф. 998) мебошад. Њамчунин дар пайравии ин ду китоби арзишманд китобҳои дигаре ба вуҷуд омаданд, ки онҳоро мустахраҷ меноманд. Дар мустахраҷ муаллиф ривоятҳои саҳеҳро бо ҷойгузин сохтани исноди худ ба ҷои исноди пешин нақл мекард. Аз нахустин таълифот дар ин замина “ас-Саҳеҳ”-и Абуҷаъфар Аҳмад ибни Ҳамдон Ҳаййири Нишопурӣ (ваф. 923) аст, ки мустахраҷе аз “Саҳеҳ”-и Муслим буд. Инчунин “ал-Муснаду-с-саҳеҳ”-и муҳаддиси бузург Абуавона Яъқуб ибни Исҳоқи Исфароинии Нишопурӣ аст, ки дар асрҳои пас аз ӯ ривоҷ ёфта, аз муснадҳои машҳури аҳли суннат ба ҳисоб меравад. Баъзе донишмандон ӯро шогирди Муслим донистаанд. Дар ин замина мустахраҷҳои дигар низ ба таълиф расидаанд. Ин њангом ҳаракатҳои дигаре ба вуҷуд омад, ки ин ду китобро дар як маҷмӯа ҷамъоварӣ мекарданд. Аз ин даста осор “ал-Муттафақу-л-кабир”-и Абубакри Ҷавзақӣ аст, ки Заҳабӣ онро сесад ҷузъ донистааст. Дастхати ин китоб дар китобхонаи умумии шаҳри работ дар шумораи 118 вуҷуд дорад. Ҳамчунин, Ибни Муҳаммад ибни Яъқуби Шайбонӣ (955) “ал-Мухтасару-с-саҳеҳ ал-муттафақун алайҳ”-ро навиштааст. Инчунин дар ин давра таълифоти мустақиле дар заминаи гирдоварии аҳодиси саҳеҳ анҷом ёфтааст. Абубакр Муҳаммад ибни Исҳоқ ибни Хузаймаи Суламии Нишопурӣ (ваф. 923) “Мухтасару-л-мухтасари-с-Саҳеҳ ани-н-набӣ”-ро, ки ба “Саҳеҳ”-и Ибни Хузайма шӯҳрат ёфтааст, таълиф намудааст. Муҳаддиси муосири ӯ Абуҳафс Умар ибни Муҳаммад Буҷайрӣ (ваф. 923) “ал-Муснад ва-л-ҷомеъу-с-Саҳеҳ”-ро таълиф кардааст. Баъдан “ал-Анвоъ ва-т-тақосим”-и Муҳаммад ибни Ҳиббони Бустӣ рўи коѓаз омадааст. 

Кори интиқодӣ бар равиш ва осори муҳаддисон, дар шакли дигаре низ ривоҷ дошт. Намунае аз ин баррасиҳоро дар “Ислоҳу ғалати-л-муҳаддисин”-и Абусулаймон Ҳамд ибни Муҳаммади Хаттобиро (ваф. 998) метавон дид. 

Қобили зикр аст, ки дар илми ҳадисшиносӣ талаботи дигаре ба вуҷуд омад, ки ровиён ҳадисҳои санаддор навишта, аз номи худашон сар карда, то номи ровии аввали ҳадис зикр мегардид. Илми дигаре дар бораи шинохти ровиёни ҳаддис ба вуҷуд омад ва дар ин росто осори зиёди илмӣ навишта шуд, аммо дар охир бояд аз таълифоти омм дар заминаи ҳадис ёд кард. Аз ин миён “Улуму-л-ҳадис”-и Ҳокими Нишопурӣ бузургтарин асарест, ки дар шарҳи мафњумњо, истилоҳот ва масоилии куллии дониши ҳадис тадвин гардидааст.

Фиқҳ. Илмест, ки аҳкоми амалии шаръиро аз тариқи Қуръон ва суннат баён мекунад. Ин илм аз пурҷаззобтарин донишҳо дар қаламрави Сомониён ба шумор меарфт ва Сомониён дар худ беҳтарин ва зиёдтарин фақеҳонро доштанд. Фиқҳи тамоми мазҳабҳои исломӣ дар ин давра рушд карда буд. Тамоми мазҳабҳову фирқаҳо аз ҷумла, шиа, ҳанафӣ, моликӣ, шофеӣ, зоҳирӣ, аҳли калом, муътазила, хавориҷ ва дигар фирқаҳо буданд, ки ҳар яке вобаста ба талаботҳои мазҳабӣ худ таълифоти фиқҳие анҷом додаанд, аммо дар ин пажўњиши худ мо танҳо ба осори фиқҳие, ки тибқи мазҳаби ҳанафӣ дар ин давра навишта шудааст, ишора мекунем. 

Фиқҳи ҳанафӣ, ки бо таваҷҷӯҳ ба хостгоҳи поягузори он Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит (699-797) “мазҳаби кӯфиён” ва аз лиҳози равиши иҷтиҳодии ӯ “мазҳаби аҳли рай” хонда мешавад, дар истихроҷи аҳкоми фиқҳӣ аз Қуръон, суннат, ақволи саҳоба, иҷмоъ ва иҷтиҳод бар асоси қиёс баҳра меҷӯяд. Бисёре аз номдорони ин мазҳаб муҳаддисони номвар буданд. Аз ин рӯ, барои ҳимоят ва рушди ақоиди аҳли суннат ва ҷамоат сахт талош кардаанд. Таълифи “ас-Саводу-л-аъзам”-и Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ, ки ба фармони амир Исмоил ибни Аҳмад ба хотири ҷилавгири андешаҳои бидъаткорона сурат гирифт, кўшиши дар ин ҷода буд. Ин китоб бо фармони Нӯҳ ибни Мансур ба форсӣ тарҷума гардидааст. Дар ин китоб фуқаҳои ҳанафӣ, ки дар нашри ин мазҳаб дар Хуросону Мовароуннаҳр саҳм доштанд, муаррифӣ шудааст. Осори фиқњие, ки дар ин давра таълиф шудаанд, аз ин қабиланд:

“Ар-Риёза”-и Абусаҳли Заҷҷоҷӣ фақеҳи Нишопур, “Кашфу-л-осор”-и Абдуллоҳ ибни Муҳаммад Ҳорисии Субазмунӣ (ваф. 951), “ан-Навозил” ва “Хизонату-л-фиқҳ”-и Абулайси Самарқандӣ Наср ибни Муҳаммад (ваф. 983), “ал-Ҷомеу-с-сағир”-и Абусаъди Фуззӣ Абдурраҳмон ибни Муҳаммад ибни Ҳасако (ваф. 984) фақеҳи Нишопур. Ичунин боиси тазаккур аст, ки аксарияти фуқаҳо ва донишмандони мазҳабӣ ҳанафӣ, ки дар аморати Сомониён ба фатво пардохта буданд, аз рӯи осори Абуҳанифа ва шогирдони ӯ Абуюсуф ва Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ фатво медоданд ва ба мардум илм меомӯхтанд. 

Калом. Илми калом, ки илми усули дин, илми назар ва истидлоли динӣ ё илми тавҳид ва сифот дониста мешавад, донишест, ки тавассути он усули ақоиди исломӣ, истидлол ва шубҳаҳо бар зидди он дафъ мегардад. Илми калом илова бар мавзӯоти фалсафаи табиӣ ва мобаъдуттабиӣ, ки баҳси асосии он исботи вуҷуди Худо, тавҳид ва сифот аст, дар мавзӯоте, ки фақат ҷанбаи динӣ доранд, аз қабилӣ: исботи нубувват, имомат (аҳли ташаюъ), ҷабр,  ихтиёри диӣ, адли илоҳӣ, каломи илоҳӣ ва қадим ё махлуқ будани Қуръон ва исботи охират низ баҳс мекунад. Ба касоне, ки дар ин бора баҳс мекарданд, мутакаллим мегуфтанд. Аввалин поягузорони ин ҷаҳиши илмӣ муътазилиҳо буданд ва таълифоте, ки дар ин бахш дар замони Сомониён таълиф шудаанд, аз ин қабиланд: “Масоилу-л-ашри-л-иёзия”-и Абубакри Айёзӣ (аз Самарқанд), “ал-Эътисом фӣ-л-ҳадис ва раддун ала-л-Карромия” ва “Маъолиму-д-дин”-и Абубакр Муҳаммад ибни Ямони Самарқандӣ, “ар-Радд ало аҳли-л-бидаъӣ ва-л-ҳавоӣ”-и Абумутеъ Макҳул ибни Фазли Насафӣ (ваф. 930), “ат-Тавҳид ва исботу сифоти-р-Рабб”-и Абубакр ибни Хузаймаи Суламӣ (ваф. 923) муҳаддис ва фақеҳи машҳури Нишопур, “ас-Саводу-лаъзам”-и Абулқосим Исҳоқ ибни Муҳаммад ибни Исмоили Самарқандӣ маъруф ба Абулқосими Ҳаким (ваф. 953),  “ат-Тавҳид”-и Абулаббос Қосим ибни Қосими Сайёрӣ (ваф. 955), “ал-Мустаршиду фӣ-л-имомат”, “ал-Мақолот”, “Уюну-л-масоил ва-л-ҷавобот” ва “Ваиду-л-фуссӣқ”-и Абулқосими Балхӣ ва ғайраҳо. 

Ахлоқ. Ин илм, ки аз назари донишмандон бахше аз ҳикмати илмӣ ба шумор меравад, донишест, ки ба таҳлили хӯйҳо ва рафторҳои ихтиёрии одамӣ мепардозад. Пас метавон гуфт, ки ахлоқ илми "шоядҳо ва нашоядҳо" аст. Баъд аз зуҳури Ислом, Қуръон ва ҳадис сарчашмаи муҳими ахлоқӣ шинохта мешуданд, аммо дар баробаи инҳо осори ахлоқии пешазисломии ниёгони мо ба забони арабӣ тарҷума гаштанд, ки донишмандони зиёде дар пайравии онҳо осори ахлоқии дигаре таълиф намуданд.Бузургтарин асаре, ки дар ин илм дар аморати Сомониён шинохта мешуд “ал-Адаб”-и Абулаббос Муҳаммад ибни Аббоси Дағулӣ  (ваф. 937) мебошад. Дар баробари он осори дигаре ба назар мерасад, чун: “Масолеҳу-л-абдони ва-л-анфус”-и Абузайди Балхӣ (ваф. 934), “ал-Амаду ала-л-абад” ва “ас-Саодату ва-л-исъод фӣ сирати-л-инсония”-и Абулҳасани Омирӣ (ваф. 985м), “Танбеҳу-л-ғофилин”-и Абулайси Самарқандӣ (ваф. 983), “Рисолату-л-қушайрия”-и Абулқосими Қушайрӣ, “Равзату-л-уламо ва нузҳату-л-фузало”-и Абулҳасан Алӣ ибни Яҳё ибни Муҳаммади Зандавистии Бухорӣ (ваф.992), “Уюну-л-маҷолис ва суруру-д-дорис”-и Абуабдуллоҳ Тоҳир ибни Муҳаммад ибни Аҳмади Ҳаддодӣ (ваф. 1003м), “ал-Ароис фӣ қисаси-ланбиё” ва “рабеъу-л-музаккиррин”-и Абуисҳоқ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Иброҳими Нишопурӣ (ваф. 1036) ва ғайраҳо. 

Даврони Сомониён ба як маънӣ асри эътилои фарҳангӣ ва шукуфоии илму адаб буд. Қариб дар тамоми улуми замони Сомониён, аз ҷумла, фиқҳу, тафсир, ҳадису қироат, ахлоқу тасаввуф, фалсафаю калом, тиббу риёзиёт, географияю зоология, маъданшиносию гиёҳшиносӣ ва ғайраҳо ниёгони мо таълифоти густурдае кардаанд. Аммо аксарияти онҳо то замони мо нарасидаанд ва аз онњо танҳо ном боқӣ мондааст. Қисми дигаре, ки боқӣ мондааст, баъзеашон дар шакли дастхат дар китобхонаҳои ҷаҳонӣ маҳфузанд. Баъзеи дигар, чун “ас-Саводу-л-аъзам”-и Ҳакими Самарқандӣ, ки дар давраи Сомониён ба забони форсӣ-тоҷикӣ таълиф шудааст, дар шакли пурра боқӣ мондааст. Маврид ба зикр аст, ки “ас-Саводу-л-аъзам”-и Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ аз аввалин осори фиқњӣ бо забони форсӣ-тољикӣ буда, соли 2016 аз тарафи Муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Љумњурии Тољикистон" ба забони тољикӣ баргардон ва ба нашр расидааст. 

Одинаева Ш.

Яндекс.Метрика