Замони зиндагонии Абумансури Мотуридӣ ба даврони ҳукмронии Сомониён рост меояд, ки аз нигоҳи пешрафти илму адаб, пайдоишу шаклгирии фирқаву мактабҳои фалсафӣ ва динӣ мақоми арзанда дорад. Ба андешаи аксарияти шарқшиносон ва муаррихон Сомониён аз некрафтортарин шоҳон буданд, ки ҳангоми додгарӣ, диндорӣ ва донишдӯстӣ, ақида доштанд, ки илм ҷуз дар сояи озодии баҳс ва осон гирифтану мудоро кардан, пешрафт ва рушд нахоҳад кард.
Ҳамин муносибати Сомониён буд, ки мутафаккирон ва мутакаллимони Мовароуннаҳр баҳсу мунозираҳои худро оғоз карда, дар осору таълифоти худ бобҳоеро дар масъалаҳои баҳсу баррасӣ ва радди андешаҳо ва усули эътиқодии мухолифони хеш ихтисос доданд. Дар ин самт дар баробари Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ ва дигар мутакаллимон Мотуридии Самарқандӣ низ аз баҳсҳо берун набуд ва дар мунозироти каломӣ ҷойгоҳ ва мақоми хоссае дошт.
Абумансури Мотуридӣ дар ҷадал ва радду бадалҳои хеш аз Қуръон ҳамчун сарчашмаи бунёдӣ истифода мебурд. Вай дар ҳама ҳолат дар мунозироти худ хеҷ манбаеро ба ҷуз аз Қуръон болотар намешинохт. Ҳамин аст, ки дар ҳалли тамоми масъалаҳои ақидатӣ, каломӣ ва баҳсҳои фалсафӣ бо машшоиёни даврони худ аз ҷумла пиромуни масъалаҳои офариниш, шинохти Худо, сифоту афъол ва рӯъяти Ӯ, маърифати Худо ва ғайра аз ин сарчашма ҳамчун маъхаз истифода мекард.
Дар радду бадал ва ҷадалҳои худ Мотуридӣ ҳамзамон аз қавлу феъл ва тақриру суннати Пайғамбари ислом низ ҳамчун сарчашмаи дигари боэътимод истифода мебурд. Барои Мотуридӣ маълум буд, ки суннат аз нигоҳи арзиши ҳуқуқӣ аз Қуръон поёнтар аст, лекин дар ҷомеаи исломӣ мақоми хосса дорад. Ҳамин буд, ки дар осори хеш бештар ба ҳадисҳои «саҳеҳ»-и Пайғамбар руй овардааст.
Дар осори худ Мотуридӣ аз иҷмоъ ва қиёси фиқҳӣ, ки ду сарчашмаи боэътимоди ҳуқуқи мусулмонон маҳсуб мегаштанд, ҳамаҷониба кор гирифтааст. Ба хусус таъсири «Фиқҳи акбар»-и Имоми Аъзам Абӯҳанифа, «Китобу-л-хироҷ», «Китобу-л-махориҷ фи-л-хаёл» ва «Ихтилоф байна Абиҳанифа ва Ибни Абӣ Лайло»- и Абӯ Юсуф Яъқуб ибни Иброҳими Кӯфии Ансорӣ (731-804), «Ал-Мабсут» ё «Китоб ал-асл фи-л-фуруъ», «Китобу-з-зиёдот», «Китобу-л-ҷомеи-л-кабир» ва «Китобу-л-ҷомеу-с-сағир»-и Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ (749-805) ва дигарон дар баҳсҳои Мотуридӣ хеле назаррас мебошанд.
Бешубҳа Мотуридӣ дар баъзе масъалаҳо ба ақл рӯй овардааст, лекин ин маънои онро надорад, ки низоми каломии вай пурра хусусияти ақлгароӣ дорад, зеро мутафаккир дар баёни баъзе масъалаҳои каломие, ки дар Қуръону суннат пайдо намешуд, рӯй ба ақл меовард. Аммо баъзе аз муҳаққиқони муосир ба моҳияти низоми таълимоти Мотуридӣ пурра сарфаҳм нарафта, ӯро «ақлгарои соф» баҳо додаанд, ки ин туҳмати беинсофона аст.
Қобил ба зикр аст, ки дар баробари ақл дар баҳсу муҷодалаҳои хеш Мотуридӣ дар баъзе ҳолатҳо бештар ба андешаҳои мактаби навафлотуния низ рӯй меорад. Чунин бунёдгузорӣ ба андозаи маҳдуд ҳам бошад дар низоми андешаҳои Мотуридӣ ба чашм мерасад, зеро шиносоӣ бо таълимоти мутафаккир нишон медиҳад, ки дар ҳалли масъалаҳои муносибати Худо ба олам, қидмати илми илоҳӣ, офариниш ва ғайраҳо ӯ аз ҷаҳонбинии навафлотунӣ бохабар будааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар осори Мотуридӣ як қатор мафҳум ва масъалаҳое ҳастанд, ки бо назариёти навафлотуния шабоҳат доранд. Аз ҷумла таълимоти ваҳдоният, тасаввуроти ақли кайҳонӣ, қидмати илми илоҳӣ, назарияи рӯҳи кайҳонӣ, қадар (иродаи азалии Худо), ҳудуси олам, назарияи замон, дуализми «ҷавҳар» ва «араз», ки зери мафҳуми «ҷавҳар» ҳастии аввалия ва таҳти мафҳуми «араз» мушахассоти вай ё айнияти миқдорӣ ва сифатии ҳастии аввалия дар назар гирифта шудааст. Қобил ба зикр аст, ки ба хусус мутакаллимони аввалӣ ҷавҳарро зарра низ номида, дар таълимоти каломии исломӣ назарияи зарротро тарҳрезӣ карда буданд.
Дар маҷмӯъ Мотуридӣ бо истифода аз ин манбаву сарчашмаҳо усул ва роҳу равиши хосси ҷадалии худро поягузорӣ кардааст, ки то ҳол пайравони худро дорад.
Рамазониён А. Б – мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқи исломӣ