БАЪЗЕ ҶАНБАҲОИ ИЛМӢ - НАЗАРИЯВИИ МАСЪАЛАИ ҲАМКОРИИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТ ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ ДИНӢ ДАР РАФЪИ МУШКИЛОТИ ИҶТИМОИИ ҶОМЕА

Дар охири асри XX вазъ дар муносибатҳои байни муассисаҳои дунявӣ ва динӣ ба таври куллӣ ба нафъи барқарории ҳамкории баробар тағйир ёфт. Дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои пасошӯравӣ намояндагони ҷомеаи динӣ кӯшиш мекунанд, ки дар муносибат бо давлат ва ҷомеа мавқеъ пайдо кунанд. Масалан, дар Русия омодагӣ ба ҳамкорӣ бо давлат дар ҳуҷҷатҳои таҳия ва қабулшуда – «Асосҳои консепсияи иҷтимоии калисои православии рус», «Мавқеи иҷтимоии калисои протестантии Русия», «Муқаррароти асосии барномаи иҷтимоии мусулмонони Русия», «Асосҳои таълимоти иҷтимоии масеҳиёни адвентистҳои рӯзи ҳафтуми калисо» ва ғайра  ифодаи консептуалиро пайдо кард (Нигаред: Антонова О. И., Костина Н. Б. Роль религиозных общностей в реализации социальной политики// Социологические исследования. – № 9. – 2009. – C.89-96). 
 
Иттиҳодияҳои динӣ консепсияҳои ҳамкории мутақобила бо  давлатро мураттаб намуда, хизмати иҷтимоиро амалӣ намуда, дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ иштирок мекунанд. Ҳамкории созмонҳои динӣ бо дигар агентҳои иҷтимоӣ бисёрқутбӣ, бисёрфунксионалӣ ва шабакавӣ мегардад. Дар он ба давлат нақши ҳакам ё модератор гузошта мешавад, яъне давлат агарчӣ иштирокчии ҳамкории шабакавӣ мебошад, вале вазифаи асосии он танзими раванди ҳамкорӣ ва назорати қонунияти ин раванд мебошад. Вобаста ба ин, таҳияи равишҳои нави назариявӣ, ки бо ёрии онҳо раванди ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои диниро дар соҳаи иҷтимоӣ тавсиф кардан мумкин аст, аҳамияти хоса пайдо кардааст. 
 
Баъзе муҳаққиқони хориҷӣ равиши шабакавиро ба таҳлили ҳамкории давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, ки бо мафҳуми «ҷомеаи шабакавӣ» алоқаманд аст, чун яке аз усулҳои самараноктарин пешниҳод менамоянд. Асосгузори ин мафҳум дар ҷомеашиносӣ амрикоӣ М.Кастеллс буда, равиши шабакавӣ дар ҷомеашиносӣ аз ҷониби П.Бурдйе, Ҷ.Делез ва як қатор дигар намояндагони постструктурализм ва неоинститутсионализм таҳия шудааст.   Назарияи майдони иҷтимоии П.Бурдйе, ки мафҳумҳои ба ҳам алоқаманди «фазои иҷтимоӣ», «майдон» ва «агентҳои майдон»-ро таҳқиқ менамояд, барои муҳаққиқони  проблемаи ба миён гузошташуда, яъне ҳамкории давлат ва иттиҳодияҳои динӣ,  аҳамияти хоса дорад(Нигаред: Бурдье П. Социальное пространство и генезис «классов»// Вопросы социологии. Т.1. – 1992. – №1. – С.17-36).
Фазои иҷтимоӣ якчанд соҳаҳоро дар бар мегирад, Субъектҳои ҳамкорӣ метавонанд дар як вақт дар якчанд соҳа мавқеъро ишғол кунанд. Майдон системаи мушаххаси робитаҳои объективии байни мавқеъҳои мухталиф дар иттифоқ ё низоъ, рақобат ё ҳамкорӣ мебошад, ки аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва ба таври васеъ аз мавҷудияти ҷисмонии шахсон, гурӯҳҳо ва ниҳодҳое, ки ин мавқеъҳоро ишғол мекунанд, муайян карда мешавад. 
 
Майдонҳо вақте ки ба таври синхронӣ баррасӣ мешавад, фазои сохтории мавқеъро, ки хосиятҳои асосии соҳаҳо, аз ҷумла соҳаҳои ҳамкории дин ва давлатро муайян мекунанд,  ифода мекунанд. Бурдйе намунаҳои инварианти тарҳрезҳ ва фаъолияти онҳоро кашф мекунад. Сохтори майдонҳо робитаи шабакавии қудрат байни агентҳо ё ниҳодҳое мебошад, ки дар амалҳои мутақобила иштирок мекунанд ва стратегияҳои амали ояндаро танзим мекунанд. Ба андешаи мо, ҳар дуи мафҳумҳо - «майдон» ва «фазо» барои тавсифи раванди ҳамкории дин ва давлат  мувофиқанд, зеро онҳо аз мафҳуми «система», ки  дар назарияи сотсиологӣ қисматҳои таркибии худро  надорад, як қатор фарқиятҳо доранд. Ҳар як зерсохтор мантиқи худ, қоидаҳои худ, намунаҳои мушаххаси худро дорад ва ҳар як марҳилаи тақсимоти майдон ё фазо боиси ҷаҳиши воқеии сифатӣ мегардад. Майдон як фазои эҳтимолии кушодаи бозиро ташкил медиҳад, ки сарҳадҳои динамикӣ дорад.
 
Бурдйе дар асарҳое, ки ба таъсири мутақобилаи соҳаҳои дорои характери гуногун бахшида шудаанд, кайд мекунад, ки новобаста аз он ки майдонҳо аз маҳдудиятҳо ва талаботи беруна озод бошанд ҳам, ба онҳо қонунҳои атрофи он: яъне хоҳиши фоидаи иқтисодӣ ё сиёсӣ дохил мешаванд. Таносуби қувваҳо дар таъсири мутақобилаи соҳаҳо аз он вобаста аст, ки ин соҳа то чӣ андоза мустақил аст, яъне то куҷо тавонистааст қонуну таҳримҳои худро ба муҳити зист ҷорӣ кунад, то чӣ андоза субъектҳои алоҳидаи як соҳа ба субъектҳои соҳаи дигар дар ишғол намудани мавқеъҳои дар соҳа бартаридошта наздиктаранд(Нигаред: Бурдье П. Социология культурных полей. Поле литературы// Новое литературное обозрение. – № 5. – 2000. – С. 22-87). Чунин тавсифи раванди ҳамкорӣ ва таъсири мутақобилаи дин ва давлатро метавон тавассути тавсифи амалияи фаъолияти мутақобилаи агентҳои мушаххас бо таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба худи агентҳо ва амалияи ҳамкории онҳо дар фазои муайяни иҷтимоӣ тавзеҳ дод. Равиши шабакавӣ ба ҳамкории ниҳодҳо ва агентҳои онҳо дар адабиёти илмии муосир, ки аксар вақт дар истилоҳоти назарияи иттилоотӣ ва коммуникатсия тавсиф мешавад, дар ҷомеашиносии Ғарб бо корҳои К.Керли ва А.Нюэлл, Ҳ.Хекхаузен, ва дар байни муҳаққиқони рус - дар асарҳои А. Давидов асоснок карда шудааст. Масалан, олими рус А. Давидов нишон медиҳад, ки дар ҷараёни ҳамкорӣ ва таъсири мутақобила субъектҳо ҳамчун системаҳои сохтори алгоритмии дар муҳити иҷтимоии аз ҷиҳати алгоритмӣ сохташуда амал мекунанд. Алгоритми асосии ҳамкорӣ ва таъсири мутақобила - алгоритми сикли ҳаёт - пайдарпайии марҳилаҳои бебозгашти «таваллуд», «кӯдакӣ», «ҷавонӣ», «камолот», «пирӣ», «марг» мебошад(Нигаред: Давыдов А.А. О компьютационной теории социальных агентов// Социологические исследования. – 2006. – № 2. – С.19-28).
 
Ба андешаи мҳаққиқони рус В.И. Добренков ва А.И. Кравченко, зарурати ворид шудан ба як соҳаи мураккаб ва ношинос - назарияи иттилоот ва коммуникатсия барои муҳаққиқони ҳаёти иҷтимоӣ, ки ба мафҳумҳои «шабака», «майдон», «фазои иҷтимоӣ», «таъсири мутақобилаи шабакавӣ» муроҷиат мекунанд, як қатор мушкилотро ба вуҷуд меорад(Нигаред: Добреньков В.И., Кравченко А.И. Социология. Методология и история социологии. – М.: Логос, 2002. – 250 с.). Аммо сухан дар бораи ба соҳаи илмҳои ҷамъиятӣ гузарондани мафҳумҳои илмҳои техникӣ намеравад. Вазифа аз он иборат аст, ки файласуфони диншинос ва ҷомеашиносон раванди ба вуҷуд омадани сифати комилан нави алоқаи ҷамъиятиро, ки дар заминаи он ниҳодҳо ва амалияи ҳамкории онҳо босуръат тағйир меёбад, мустақилона омӯзанд. Муносибати шабакавӣ ба мо имкон медиҳад, ки ба равандҳои коммуникатсионӣ, ки дар ҷомеаи постиндустриалӣ аҳамияти бунёдӣ доранд, инчунин ба амалияи демократии давлати муосири Тоҷикистон такя кунем. Имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ, афзоиши ноустуворӣ, афзоиши хатарҳо дар рушди иҷтимоӣ, вобастагии афзояндаи байни субъектҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ на зинанизоми мавҷудаи давлатҳ, на сохти амудии қудрат ва на муносибатҳои бозорӣ қодир нестанд, ки барои мутобиқ кардани манфиатҳо ва захираҳои ҳамкории иҷтимоҳ омили муассир бошанд. Ба ин муносибат дар омӯзиши равандҳои динамикии иҷтимоии замони мо маҳз равиши шабакавӣ метавонад усули бартаридошта бошад. 
 
Истифодаи  равиши шабакавӣ имкони бунёди модели шабакавии ҳамкории давлат ва дин бо назардошти таҷрибаи таърихии Тоҷикистонро боз мекунад. Истифодаи мафҳуми алгоритмҳои давраҳои ҳаёт дар тавсифи равандҳои иҷтимоӣ ба тадқиқотчиёни масъала имкон медиҳад, ки ба давраҳои гуногуни рушди ҳамкории давлат ва дин: тамоюлҳо, давраҳои ҳаёти сиёсӣ, давраҳои навоварӣ, давраҳои ҳамкории фаъоли ниҳодҳо ва ташкилотҳои иҷтимоӣ; давраҳои догма, эътиқод ва идеология ва ғайра муайян карда шаванд. Равиши пешниҳодшуда қодир аст, ки мураккабии раванди ҳамкории мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои динӣ дар соҳаи иҷтимоиро инъикос намояд.
 
Модели шабакавии ҳамкории дин ва давлат - маҷмӯи сохтории муносибатҳои нисбатан устувори аз ҷиҳати таърихӣ муқарраршудаи давлат ва иттиҳодияҳои динӣ барои расидан ба ҳадафҳои умумӣ мебошад. Дар байни чунин муносибатҳо фаъолияти хайрияи созмонҳои динӣ, татбиқи барномаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва фарҳангию маърифатӣ аҳамиятнок ва намудҳои фаъолиятеро метавон зикр кард, ки онро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат кӯмак ва дастгирӣ менамояд. 
 
Илова бар ин, барои тақвияти ҳамкории судманди мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои динии кишвар аз таҷрибаи кишварҳои дигари пасошӯравӣ,  Масалан, дар  «Асосҳои консепсияи иҷтимоии Калисои Православии Рус», «Муқаррароти асосии барномаи иҷтимоии мусулмонони Русия», «Мавқеи иҷтимоии калисоҳои протестантҳ дар Россия», «Асосхои таълимоти ичтимоии калисои насронихои адвентистхои рузи хафтум» ва ғайра низ пайравӣ ва истифода кардан мумкин аст. Онҳо метавонанд дар ин самт барои муҳақкиқону мутахассисони соҳаи ҳамкории дин ва давлат ҳамчун намуна истифода шаванд. Дар ҳуҷҷатҳои зикршуда  ҳифзи сулҳу субот, тарбияи маънавию фарҳангӣ, ахлоқию ватандӯстӣ, хайрхоҳӣ, ҳифз ва рушди мероси таърихию фарҳангӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ғамхорӣ ба одамон дар ҷойҳои тандурустӣ, фарҳанг ва фаъолияти созанда, дастгирии ниҳоди оила, модару кӯдак ва дигар самтҳои ҳамкории  мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои динӣ  таъкид шудаанд.
 
Модели шабакавӣ ҳамчун воситаи илмии таҳлили ноустуворӣ ва кушодагии ин субъектҳо, ки бо манфиатҳои умумӣ, вобастагӣ, ҳамкориҳои ихтиёрӣ ва баробарӣ муттаҳид шудаанд, маънидод мешавад. Бояд қайд кард, ки мафҳуми шабакаҳо фаҳмиши сиёсати мутамаркази давлатро нисбат ба иттиҳодияҳои динӣ ва умуман бахши давлатӣ тағйир дода, онро бо идеяи сиёсати масъулият ва ӯҳдадории тарафайн иваз мекунад. Дар баробари ин, модели шабакавӣ ба мо имкон медиҳад, ки ҳамкории дин ва давлатро дар «сатҳи миёна» омӯзем, яъне он муносибатҳои байни худи дин ва давлат не, балки байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои диниро тасвир мекунад. Масалан, Калисои Православии Русия бо вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия, вазорати дифоъи Федератсияи Русия ва вазорати тандурустии Русия як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ бастааст. Созишномаҳо сатҳҳои гуногун, ҳам умумирусиягӣ ва ҳам минтақавӣ дар сатҳи епархияҳо ва епархияҳои алоҳидаи минтақавӣ ва мақомоти маҳаллӣ доранд.
 
Инчунин, модели шабакавӣ нақшаи таҳлили давлатро ҳамчун субъекти сиёсати иҷтимоӣ дар маҷмӯъ ба куллӣ тағйир медиҳад: бар хилофи ғояи нақши бартаридоштаи давлат дар рушди сиёсати иҷтимоӣ, дар равиши шабакавӣ давлат субъекти муҳим, вале на ягонаи сиёсати иҷтимоӣ ба назар мерасад. Давлат бо дигар агентҳо, алалхусус бо иттиҳодияҳои диние, ки ба хизмати иҷтимоӣ машғуланд, робитаи зич дорад.
 
Махсусан бояд гуфт, ки дар маркази равиши шабакавӣ на давлату дин, балки ниҳодҳо ва ҳамкориҳо ва робитаю муносибатҳои байни онҳо, ки метавонанд характери гуногун– транзаксионӣ, иртиботӣ, асбобӣ, идеологӣ, шахсӣ ва ғайра дошта бошанд, меистанд. Илова бар ин, ҷузъи муҳими таҳлили шабакавӣ шиддат ва мустаҳкамии робитаҳо, инчунин сатҳи ҷалби мутақобилаи ин субъектҳои ҳамкории шабакавӣ ба фаъолият мебошад.
 
Барои ҷамъбаст гуфтан мумкин аст, ки назарияҳои сотсиологии муосир бар хилофи ақидаҳои давраи классикӣ на ба сохтори ҷомеа, балки ба имкониятҳои функсионалии унсурҳои он ва раванди таъсири мутақобилаи онҳо аҳамият медиҳанд. Дар айни замон дар ҷомеашиносии муосир равандҳои таъсири мутақобилаи системаҳо ва зерсистемаҳои иҷтимоӣ фаъолона омӯхта мешаванд. Ба назари мо равиши шабакавӣ аз ҷиҳати ба даст овардани натиҷаҳои ба амалия нигаронидашуда самараноктарин ба назар мерасад. Он имкон медиҳад раванди ҳамкории мақомоти давлатҳ ва иттиҳодияҳои динӣ дар соҳаи иҷтимоии муосири Тоҷикистон беҳтар карда шавад. Ҳарчанд ин равиш аз нуқсону камбудиҳо холӣ нест, вале дар шароити муосири афзоиши дараҷаи хатар дар рушди иҷтимоӣ бо кӯмаки он модели оптималии ҳамкории давлат ва иттиҳодияҳои диниро  бунёд кардан мумкин аст.
 
Шоев З.,  мудири шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ. 
Яндекс.Метрика