БАЪЗЕ ҶИҲАТҲОИ МУҲИМИ ТЕРРОРИСТӢ ЭЪЛОН ШУДАНИ «ҲНИТ» ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Билохира ҳукумати Федеретсияи Россия дар асоси як қарори Суди олии худ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ташкилоти террористӣ эълон намуда, фаъолияти онро дар ҳудуди Федератсияи Россия манъ кард.

Ин иқдом аз чанд ҷиҳат мухим буд:

1 Дар доираи шартномаҳои тарафайн феҳисти ягонаи ташкилоти террористӣ тасдик шудаанд, сатҳи мубориза бо онҳоро ба як раванд медарорад

2. Кишвари Россия дақиқан дарк намуд, ки таъсис ва таблиғи андешаҳои ҳизби динї барои давлати дунявӣ чӣ хатарҳо эҷод мекунад.

3. Баъд аз ин Россия аз амалҳои террористӣ ва экстремистии ҲНИТ дар амон мемонад, зеро вақте Тоҷикистон ин ҳизрбро террористӣ эълон намуд, баъзе аз намояндагони он фаъолияти худро дар ҳудуди Россия идома доданд.

4. Ба ҳама маълум аст, ки зиёда аз 1 млн аҳолии Тоҷикистон дар Россия фаъолият мекунанд. То ин замон онҳо тавассути мубаллиғони ҲНИТ мағзшӯӣ шуда, ба амалҳои экстремистӣ-терористӣ даст мезаданд ва ин ҳам ба зарари Россия ва ҳам ба зарари Тоҷикистон буд.

5. Бори дигар Россия шарики асосии Тоҷикистон буданро дар муносибатҳои байналхалқӣ тасдиқ намуд. 

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика