Баёнияи сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувейт Зубайдулло Зубайдов дар фурудгоҳи Димишқ

Бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Сурия ва ниҳоду доираҳои дахлдори ин кишвари дӯст парвози мустақимро ҷиҳати баргардонидани занону кӯдакони тоҷик, ки дар урдугоҳҳои Сурия мавҷуданд роҳандозӣ намуд.
Боиси таассуф аст, ки теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон қаблан ба сафи размандагони ташкилоти террористии “ДОИШ” дар Сурия пайваста, ҳамсару оилаҳои худро ба ин кишвар бо худ оварда буданд. Пас аз шикасти ин ташкилоти террористӣ аъзои оилаҳои онҳо дар урдугоҳҳо боздошт карда шуданд.

Ҷониби Тоҷикистон чанд муддат аст, ки ҷиҳати пайдо намудани роҳҳои баргардонидани шаҳрвандони мазкур тамоми чораҳои лозимро дар ҳамкорӣ бо ниҳодиҳою доираҳои дахлдори Ҷумҳурии Арабии Сурия андешида истодааст.
Воқеан мо аз ҳамкорӣ ва дастгирии хуби ниҳодҳои дахлдори суриягӣ дар ин самт баҳраманд гардида, тавонистем шаҳрвандонро ҷиҳати бозгашт ба Ватан тариқи парвоз аз урдугоҳҳои Роҷ ва ал-Ҳол ба фурудгоҳи Димишқ расонем.

Ман воҷиб медонам, ки аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Сурия ва ниҳодҳои дахлдори амниятӣ дар ин кишвари дӯст барои мусоидату дастгирияшон ҷиҳати ба итмом расонидани корҳои зарурӣ баҳри бозгашти занону кӯдакон ба Тоҷикистон изҳори ташаккур ва қадрдонӣ намоям.
Алалхусус ба вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Сурия барои дастгирии доимӣ ба мо, баҳри ба итмом расонидани ин амали инсонӣ изҳори миннатдорӣ менамоям.

Саҳифаи иҷтимоии Ормонҳои миллӣ
Саъдӣ Маҳдӣ

Яндекс.Метрика