БА ВАТАН‼️

❗Гар, ватан, дилро ту мехоҳӣ, фидо созам ба ҷон,
Дил барои меҳри ту, ай меҳри ман, бошад макон.
Дил, бидон, аз баҳри ту як лаҳза ҳам бегона нест,
Ҳамчу мурғе карда андар шохи меҳрат ошён.
Ту чунон маҳбубаи ошиқнавозӣ, меҳри ту
Ҷо гирифта дар дили меҳнаткаши рӯи ҷаҳон.
Шавкати дил, шодии дил, ҳастии дил бо ту аст,
Ҳар чӣ мехоҳӣ, бифармо, дил ба фармонат равон.
Аз чӣ ман дилро макон дар синаи худ додаам?
З-он ки меҳри ту намуда синаи дилро макон.
Хирмани ғамҳои дилро оташи меҳри ту сӯхт,
Доимо дилро баҳор асту баҳораш бехазон.
Дил дар оғӯши чу бустони ту доим хуррам аст
Бо ҳазорон дилбарони дилрабои дилситон.
Дил куҷо тоқат намояд, душманат гар дам занад
Аз барои дафъи ӯ кӯшиш намояд ҳар замон.
Ҳамчу Маҷнун дил ба саҳрои ҷунун овора нест,
Масти ҷоми меҳнат асту ёр бо лайливашон.
Ман на танҳо дил, тану ҷон ҳам фидоят мекунам,
То шавам чун қаҳрамонони ту ман ҳам қаҳрамон!
✍️Ҳабиб Юсуфӣ.
Аз саҳифаи Марвориди тоҷику форс

Яндекс.Метрика