Чанд муддат шуд, ки дар фазои маҷозӣ масъалаи баҳси марзии Тоҷикистону кишвари ҳамсояи Қирғизистон хеле доғ мешавад. Аҷиб он аст, ки бештари касоне, ки дар ин масъала изҳори назар мекунанд афроди ноогоҳу хоманд. Равшан аст, ки баъзе доираҳои сиёсӣ, низомӣ ва истихборотии минтақа ва ҷаҳон манфиатдоранд, ки дар Осиёи Марказӣ нооромӣ ҳукумрон гардад, то онҳо ба ҳадафҳои нопоки худ бирасанд. Таърихи ду қарни охири ҷаҳон собит карда, ки манофеи баъзе қудратҳо ва доираҳои сиёсӣ дар минтақаҳои хосс танҳо дар бистари ноамнӣ бароварда мешавад. Аз ин рӯ, мехоҳанд дар марзи Чин ва дар ҳамсоягӣ бо Афғонистони ноором бисоти нав паҳн кунанд. Ин дақиқан чизест, ки гурӯҳҳои ҷиноии муташаккилро хушҳол месозад.
Бо камоли таассуф бояд гуем, ки баъзе гурӯҳҳо дар кишвари ҳамсояи мо низ мунтазири чунин фурсатанд ва бақои хешро дар идома ёфтану густурдатар шудани низоъ мебинанд. Аммо набояд фаромӯш сохт, ки фурӯзон кардани оташ кори душвор нест, вале фурӯ нишондани он кори ниҳоят душвор аст. Ба ин хотир набояд фаромӯш кард, ки тулонӣ гаштани ин низоъ ва ҳаллу фасл наёфтани он барои кишварҳо ва мардумони минтақа паёмадҳои ногувор дорад, ки муҳимтарини онҳо чунинанд:
1.Дар сурати идома ёфтани низоъ ва ноором гаштани марзи ду кишвар таъсири он ба тамоми минтақа расида, он дар дарозмуддат тамоми минтақаро фаро мегирад;
2.Минтақа аз нигоҳи иқтисодӣ ба гурӯҳи минтақаҳои ноором ва аз нигоҳи сармоягузорӣ ноамн шомил гашта, сармояҳои асосӣ аз он берун кашида мешавад;
3.Иқтисоди кишварҳо барои ҷанг омода набуда, аз ин лиҳоз бештари лоиҳаву барномаҳое, ки барои бахши иҷтимоӣ ҷудо шудаанд аз миён рафта, хатари фақру камбизоатӣ, ки ҳанӯз баратараф нашудааст барои муддати тулонӣ дар минтақа ниҳодина мегардад.
4.Фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноӣ дар дохили кишварҳо бештар шуда, имкони интиқол ёфтани баъзе гурӯҳҳо аз хориҷ ба дохили марзҳо зиёд мешавад;
5.Фирори мағзҳо аз кишварҳо афзуда, барои ҷуброни ин хисорот ниёзи дубора ба барномаву тарҳҳои гуногун пеш меояд, ки кишварҳоро солҳо ба қафо мекашад.
Ин рӯйхатро метавон идома дод. Аммо фикр мекунам, ки дар чунин шароити ноорому пуртаниши ҷаҳони муосир беҳтар аст, ки бар асоси суннати дерини ҳамзистии осоиштаи сукунати қавмҳову халқҳо амал карда, Тарафҳо аз дари сулҳу сафо ворид шаванд. Аз равшанфикрону огоҳони ҷомеа низ интизори он меравад, ки нисбат ба ин ҳодиса эҳсосӣ бархурд накунанду об бар осиёи душман нарезанд, то дари фитна баста шавад. Танҳо дар чунин ҳолат кишварҳо рушд мекунанду мардумон дар осоиш ба сар мебаранд. Саъдии бузургвор 800 сол қабл мову ҳамсоягонро насиҳат карда буд, ки ҳанӯз куҳна нашудааст:
Агар пили зӯрӣ вагар шери ҷанг,
Ба наздики ман сулҳ беҳтар зи ҷанг.
Шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ