Қиссаи таьсирбахш...
Яке аз дӯстонам қонуни ҷолибе барои худаш дошт. Қонунаш ин буд, ки бо вуҷуди доштани ҳамсар, ду фарзанд, кори пурмасъул ва зиндагии мустаъқил, ҳар моҳ бояд як шабро дар хонаи падару модараш мегузаронид.
Ӯ мегуфт: Худам ба танҳоӣ хонаи падару модарам меравам ва як шабро канори онҳо сипарӣ мекунам. Мисли даврони кӯдакӣ ва навҷавонӣ. Чанд сол аст, ки побанди ин қонун ҳастам. Худам ва ҳамсарам низ.
Он ҷо кори хосе намекунам. Падарам телевизор тамошо мекунад ва ман канораш китоб мехонам. Модарам чизе нақл мекунад ва ман гӯш медиҳам. Гоҳо ман ҳарфе мезанам ё ҳаракате мекунам, ки падару модарам механданд. Шаб мехобем ва субҳ якҷо субҳона мехӯрему бар мегардам ба зиндагӣ.
Чанде пеш хабар ёфтам, ки модари он дӯстам аз дунё гузаштааст. Барояш паём навишта изҳори тасаллият кардам ва гуфтам, ки қонуни "ҳар моҳ як шаб хонаи падару модар", ки мегуфтӣ, дар ёдам ҳаст.
Дустам дар ҷавоб изҳори минатдорӣ кард ва гуфт: Баъди марги модарам дафтари хотироташро ёфтам, ки дар он ҳамон шабҳои будани ман канорашонро яке аз беҳтарин соатҳои умраш унвон кардааст.
Ростӣ вақте ин ҳарфҳои модарамро хондам, бештар аз ӯ барои худ хурсанд шудам, ки аз он фурсатҳо истифода бурдаму канорашон будам.
Падару модар ганҷи ноёб ва беҳтарин соатҳои умри мо ҳастанд.
Абдуллоҳи Қодирӣ