Бидъати мутакаллими муосир

  Дар доираи афкори исломӣ мутакаллимини асримиёнагӣ агар доир ба асмо, сифот ва афъоли Худованд ба таври сунъӣ  бо номи «калом» (мутакаллимини имрӯза онро «илми ақида» ном ниҳодаанд) илме сохта, аз як тараф ҷаҳони исломро ба гумроҳӣ бурдаву дар умум илми башариро ба садсолаҳо қафо партофта бошанд, яке аз мутакаллимини муосири тоҷик дар ин самт нисбат ба онҳо бештар зиёдаравӣ намудааст. Имрӯзҳо дар фазои динии ҷомеаи мо мавъизаи ин мутакаллим бо мавзӯи ҷолиби худ хеле маъмул гардида, то андозаие объекти ханда низ гардидааст (гумон меравад, ки ин мутакаллим бо ин «эҷодкорӣ»-и худ кӯшиш дорад мақоми ҳунармандони «Лаҳзаҳои гуворо»-ро, ки чанде боз хомӯшанд, ишғол намояд). Мутакаллими мазкур ба таври зер: Худо чӣ мехӯрад? Худо чӣ мепӯшад? Худо чӣ кор мекунад?  суол гузошта, худ ба онҳо ҷавоб мегӯяд (Гӯё қиёмат қоим шудаасту мутакаллими мо ба биҳишт  афтида Худовандро чун моҳ дар шаби бадр дидааст). Дар ҷавоби хеш  мутакаллими мо мегӯяд, ки Худованд ғами бандаро мехӯрад, гуноҳи бандаро мепӯшад ва ахиран гадоро вазиру вазирро гадо мекунад. Баъд аз шунидани ин эҷодкории мутакаллим дар тааҷҷуб  афтода, аз худ суол намудам, ки агар домуллои муҳтарам мавъизаи хешро ба мусулмонони русзабон гӯшрас кардан мехост, онро чӣ тавр тарҷума менамуд? Шояд мегуфт: Бог чем питается? Что одевает? Что делает?  

         Бо вуҷуди ин, доир ба ҷавобҳои домулло ба суолҳои гузошташуда гуфтанием, ки агар Худованд ғами бандаро мехӯрда бошад, пас дӯзахро бо табақаҳои гуногунаш, ки аз ҳамдигар бо сатҳи азобҳои дарднокаш фарқ менамоянд, барои чӣ офаридааст? Агар Худованд дар ҳақиқат ғами бандаро мехӯрд ва ин домулло аз он гувоҳӣ медиҳад, пас чаро «кофирон» не, балки «мусулмононе», ки ба Ӯ имон меоваранду фароизи ӯро ба ҷо меоваранд, нисбат ба «кофирон» дар сатҳи пасти ҳолати иҷтимоӣ қарор доранду қисмате ҳатто ба сабаби қатлу куштори пайваста эҳтимол аз зиндагӣ безор ҳам шуда бошанд? Агар Худованд гуноҳҳои бандаро мепӯшид, пас чаро зинокорию ҳаромхӯрии пешвоёни дин ҳамеша ошкор мемонад? Чаро ҳамдигаркушии мусулмононро дар қисмате аз олами ислом пӯшида намегардонад? Чаро аъмоли экстремистии собиқ ҲНИТ-ро пӯшида намегардонад? Агар Худованд вазирро гадову гадоро вазир мекарда бошад, пас чаро Амрикоро Афғонистону Афғонистонро Амрико ва амсоли инҳоро муяссар намегардонад?!  

Сардори шӯъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ       Абдулҳаев К. 

Яндекс.Метрика