Биё, к-имрӯз моро рӯзи ид аст!

❗Биё, к-имрӯз моро рӯзи ид аст,
Аз ин пас айшу ишрат бар мазид аст!
Бизан дасте, бигӯ, к-имрӯз шодист,
Ки рӯзи хуш ҳам аз аввал падид аст!
Чу ёри мо дар ин олам кӣ бошад?!
Чунин иде ба сад даврон кӣ дидаст?!
Замину осмонҳо пуршакар шуд,
Ба ҳар сӯйе шакарҳо бардамидаст!
Расид он бонги мавҷи гавҳарафшон,
Ҷаҳон пурмавҷу дарё нопадид аст!
Муҳаммад боз аз миъроҷ омад,
Зи чорум чарх Исо даррасидаст!
Ҳар он нақде, к-аз ин ҷо нест, қалб аст,
Мае, к-аз ҷоми ҷон набвад, палид аст!
Зиҳӣ маҷлис, ки соқӣ бахт бошад,
Ҳарифонаш Ҷунайду Боязид аст!
Хуморе доштам ман дар иродат,
Надонистам, ки Ҳақ моро мурид аст!
Кунун ман хуфтаму поҳо кашидам,
Чу донистам, ки бахтам мекашидаст!
✍️Мавлоно Балхӣ-Румӣ.

Таҳиякунандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика