Биё, то қадри яқдигар бидонем!

Биё, то қадри яқдигар бидонем,
Ки то ногаҳ зи якдигар намонем.
Чу мўъмин оинаи мўъмин яқин шуд,
Чаро бо оина мо рўгаронем?
Каримон ҷон фидои дўст карданд,
Сагӣ бигзор, мо ҳам мардумонем.
Фусуни «қул аъузу қул ҳуваллоҳ»
Чаро дар ишқи ҳамдигар нахонем.
Ғаразҳо тира дорад дўстиро,
Ғаразҳоро чаро аз дил наронем.
Гаҳе хушдил шавӣ аз ман, ки мирам,
Чаро мурдапарасту хасми ҷонем?
Чу баъд аз марг хоҳӣ оштӣ кард,
Ҳама умр аз ғамат дар имтиҳонем.
Кунун пиндор: мурдам, оштӣ кун,
Ки дар таслим мо чун мурдагонем.
Чу бар гўрам бихоҳӣ бўса додан,
Рухамро бўса деҳ, к-акнун ҳамонем.
Хамўш кун мурдавор, эй дил, азеро,
Ба ҳастӣ муттаҳам мо з-ин забонем.
(Мавлоно)
Ғазали шумораи 1535

Яндекс.Метрика