Аз қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дувоздаҳ сол сипарӣ шуд. Дар ин муддат имконият фароҳам омад, ки аз бурду бохти қонун натиҷагирӣ намоем. Пеш аз ҳама, қонуни мазкур яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, аз банди хурофот озод шудани афкори мардум, болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум ва устувор гардидани сулҳу субот ва амният дар кишвар гардид. Дар тули дувоздаҳ соли фаъолияти Қонуни танзим чандин рисолаву монографияҳо, китобу дастурҳо, мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дар рўзномаву маҷаллаҳо ва сомонаҳои расмӣ нашр гардидаанд.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10-солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” изҳор дошт: “…қабули қонун ҳамчун яке аз иқдомоти муҳимтарин дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом даровард”.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ҳанўз дувоздаҳ сол қабл бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи кишвар дигаргуниҳои куллиро рўи кор оварда, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва пешгирии роҳи хурофоту зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ зимни баргузории маъракаю маросимҳо мусоидат кард.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои зиндагии арзандаи мардум заминаи устувор гузошт. Маҳз ин қонуни миллӣ боис шуд, ки шумораи тўю маъракаҳо зиёд шуда, мардум маблағи зиёдатии худро ба корҳои хайру савоб сарф намоянд.
Қонун анъана ва ҷашну маросимҳоро дар асоси дастовардҳои волои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ ба танзим даровард. Ин арзишҳои асили фарҳанги миллиро бо мазмуну мундариҷаи нав ба ҷомеа пешниҳод намуда, суннатҳои мардумиро ҳамчун омили инъикоскунандаи фарҳанги волои инсонӣ маънидод карда, онҳоро аз дахолати ҳар гуна андешаҳои номатлуб ва ифротӣ нигоҳ дошт.
Таҷрибаи дувоздаҳ соли амали қонун собит сохт, ки дар сатҳи қонунгузорӣ ба танзим даровардани ҷашну маросимҳо метавонад барои пешгирӣ ва бартараф намудани исрофкорию хароҷоти зиёдати дар тўю маърака ва маросимҳои азодорӣ, паст кардани унсурҳои манфии худнамоӣ, тақлидкорӣ мусоидат намояд.
“Расми хуби тоҷиконро гум макун!”,- хитоб кардаанд устод Мирзо Турсунзода. Метавон бо қаноатмандӣ зикр кард, ки аксари суннатҳову маросимҳои миллии мо ифтихори миллати моянд ва мо суннату анъанаҳое дорем, ки ҷаҳонро тасхир кардаанд ва миллатҳои дигар ба онҳо бомуҳаббат ва ҳавас менигаранд. Баъзеи ин суннатҳо, чунон ки гуфтем, саҳнаҳои ибратбахш ва раҳнамои хираду озодиву озодагиянд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш таъкид намуданд: “Зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риояи ноогоҳонаи анъана ва расму оинҳои халқиву динӣ дар навбати худ садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад”.
Бояд қайд намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” на фақат барои мардуми Тоҷикистон балки тамоми мардуми Осиёи Марказӣ як дастурамали намунавӣ барои ба танзим даровардани анъанаҳои миллӣ ва динӣ хизмат намуда, барои аз байн бурдани хурофоту зоҳирпарастӣ ва исрофкориҳои бемаврид шароити мусоид фароҳам овард. Ҳамчунин, солҳои охир баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, масалан, Ҷумҳурии Доғистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон, мўҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва паёмадҳои татбиқи амалии онро таҳқиқ намуда, дар пайравӣ аз ин иқдом ва таҷрибаи созандаи қонунгузории миллии Тоҷикистон, ҷиҳати ба танзим даровардани анъана ва ҷашну маросими мардумии худ ба коркард ва тасвиби санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ шурўъ кардаанд. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар тамоми ҷаҳон ба монанди “Конвенсияи ҳуқуқи башар” омўхта шуда истода, бо мурури замон хусусияти байналмилалиро ба худ касб менамояд.
Дар натиҷаи татбиқи Қонуни танзим тўю маросимҳо воқеан ҳам нисбатан камхарҷ шуданд. Масалан, маъракаҳои “Тўйбарон”, “Салом”, дар маъракаи хонадоршавии ҷавонон ва бо тантана додани тилловорӣ хеле кам шуд. Дар маросими дафну азодорӣ ва маъракаҳои баъди он ба монанди “Шаби сиёҳ”, “Бегоҳи охир”, “Бист”-ро худи аҳли маҳаллаҳо кам карданд. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар зиёфати ёру дўстони домод ва арўсшаванда, намоиш додани ҷиҳози арўсӣ кам гардида, доираи иҷтимоии татбиқи анъанаҳои “Оши очагӣ”, “Ҳаққи шир”, “Маслиҳатошӣ”, “Гаҳворабандон”,, “Очабинон”, “Домодталабон”, “Арўсталабон”, “Маҷлиси духтарон”, “Салом”, “Шармшиканон”, “Сари ҳафта” маҳдуд, як зумра маъракаҳои дигар мисли “Оши занон”, “Духтарталабон” ва амсолли онҳо манъ карда шуданд ва барҳам хўрданд.
Дар баробари маҳдуд ва камхарҷ кардани бархе анъанаву маросим ва ё манъ кардани қисми дигари бо хурофот омезишёфтаи онҳо, Қонуни танзим дар баробари Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 сентябр), Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябр) ва Рўзи Ваҳдати миллӣ (27 июн), инчунин, ҷашнҳои миллию суннатии тоҷикон – Наврўз, Сада, Меҳргон, Иди саиди Фитр ва Иди Қурбонро ҳамчун ҷашнҳои расмии Тоҷикистон эълом намуд, ки ин иқдом аз муносибати ғамхорона ва таваҷҷўҳи амиқӣ ҳукумати кишвар нисбат ба ин суннатҳои неку ваҳдатбахши ниёгонамон мебошад.
Дар татбиқи ин санади муҳими меъёриву ҳуқуқӣ Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вазорату кумитаҳои давлатӣ, азҷумла Кумитаи телевизион ва радио, васоити ахбори омма саҳм гузошта, барои ба мардум фаҳмонда додани моҳияти созандаи он кори бузургеро ба анҷом расониданд. Маҳз ҳамин кушишу талошҳо боиси он гашт, ки мардум моҳияти онро дарк намуда, якдила онро дастгирӣ ва риоя мекунанд.
Умуман, аз рўзи нахустини мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” то имрўз, роҷеъ ба паёмадҳои нек ва таъсмири мусбати он дар баланд шудани шароити моддиву иқтисодии табақаҳо ва қишрҳои гуногуни ҷомеа дар тамоми расонаҳо аз ҷумла васоити ахбори омма, сайтҳои давлатию хусусӣ, газетаву маҷаллаҳо пайваста мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ интишор шуда истодаанд. Бозтоби танзими ҷашну маросим дар фазои иттилоотии кишварро дар тўли тамоми давраи пас аз қабули Қонуни танзим ва то имрўз таҳлил намуда, чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки аҳли ҷомеаи Тоҷикистон аҳамияти ҳаётӣ ва паёмадҳои неку созандаи қонуни мазкурро хуб дарк намудаанд ва онро қотеъона риоя мекунанд.
Саҷҷоди М. - Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ