Бо илму маориф ба муқобили хурофот

Дар Паёми имсолаи хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ тамоми дастовардҳои кишварро дар тӯли сӣ соли истиқлолияти давлатӣ воқеъбинона ва ба таври муътамад таҳлилу баррасӣ намуда, вазифаҳои панҷсоли ояндаро мушаххасан нишон доданд. Аллакай дар оғози баромади хеш Пешвои миллат таъкид намуданд, ки роҳи пешгирифтаи кишвар роҳи дунявӣ буда, он дар моддаи якуми Конститутсия дарҷ ёфта, аз тарафи тамоми мардуми кишвар якдилона тавассути референдум интихоб шудааст. Сарвари кишвар ба роҳи интихобшуда, яъне роҳи дунявии инкишофи ҷомеа бори дигар зимни суханронӣ дар мавзӯи занон дахл намуда, таъкид намуданд, ки занони кишвари мо дар бунёди ҷомеаи дунявӣ хеле саҳмгузор мебошанд. Аз ин рӯ, боз ҳам баланд бардоштани мақоми занро дар ҷомеа аз вазифаҳои аввалиндараҷаи хеш маҳсуб медонем ва барои амалӣ шудани ин ҳадаф ба ҳукумат супоришҳои мушаххас низ доданд.

Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас аз суханрониҳои Пешвои миллат ба хубӣ эҳсос мегардад, ки сардори кишварро ду масъала аз ҳар вақта дида бештар ба ташвиш овардааст. Аз ин ду масъала яке тақдири ояндаи насли ҷавон буду дигаре масъалаи ояндаи ҷомеа. Доир ба масъалаи якум ибрози ақида намуда, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки мо воқеан ҳам бо ҷавонони бо нангу номуси кишвар ифтихор менамоем. Онҳо дар дигаргунсозии ҷомеа саҳми худро гузошта истодаанд. Ҳамзамон пешвои миллат ба масъалаи хурофот ва хурофотпарастӣ дахл намуда, зарари онро барои ҷомеа, ва махсусан барои насли ҷавон таъкид намуданд. Президенти кишвар сароҳатан иброз намуданд, ки хурофот ин ҷаҳолат аст. Бо хурофот ҷомеаро пеш бурдан ғайриимкон аст. Воқеан ҳам, дар ҳолате, ки илму техника имрӯз бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, пойбанди хурофот ва фарҳанги асримиёнагӣ будан маънои беэътиноӣ, бемасъулиятӣ, бетарафӣ нисбат ба ояндаи тақдири худ ва насли минбаъдаро дорад. Чӣ тавр бо фарҳанги асрмиёнагӣ ҷомеаи имрӯзаро пеш бурдан мумкин аст? Албатта, ин амал ғайриимкон аст. Барои пешбурди ҷомеа ҳамқадами замон шудан ҳатмӣ ва ногузир аст. Расидан ба ҳадафи мазкур аз нав дида баромадани низом ва мундариҷаи таълимро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот дар назар дорад. Яъне, муносибат ба илму маориф бояд сифатан дигаргун карда шавад. 

Аз суханрониҳои Пешвои миллат дар Паёми имсола чунин хулоса бароварда мешавад, ки сардори давлат тамоми хусусиятҳо, нозукиҳо ва  бурду бохти фазои маънавии кишварро хеле амиқ омӯхта, барои ислоҳи онҳо дидани чораҳои таъхирнопазирро ногузир мешуморанд.  Дар ин самт ҷомеашиносон, олимони соҳаҳои мухталиф, омӯзгоронро зарур аст, ки барои ташвиқу тарғиби фарҳанги миллӣ ҷиддӣ машғул шуда, дар ташаккули худшиносии миллии насли ҷавон, тавлиди эҳсоси худогоҳию меҳанпарастии онҳо саҳмгузор бошанд. Пешвои миллат дуруст таъкид намуданд, ки мо ба наслҳои минбаъда чӣ ба мерос мегузорем? Онҳо ба мо чӣ баҳо медиҳанд? 

Дар воқеъ зимни таълими фанни диншиносӣ мо омӯзгорон равшан мушоҳида менамоем, ки мутаассифона иддае аз ҷавонони мо аллакай то дохилшавӣ ба макотиби олӣ пойбанди хурофоту унсурҳои қафомондаи фарҳанги асримиёнагӣ гардидаанд ва ҳатто барои ҳифзи онҳо як пофишорию устувории бемисл низ ба маъраз мегузоранд. Вақте дар хусуси сарчашмаи андешаҳои носаҳеҳи онҳо пурсон мешавем, онҳо ба воизони шуҳратпарасти дохилию хориҷӣ ишора менамоянд. Зимни сӯҳбат маълум мегардад, ки худи онҳо аз мундариҷаи кутуби муқаддас огоҳ нестанд, яъне худ ҳеҷ китобе нахондаанд ва танҳо тавассути шунидани сухани воизон ба андешаҳои хурофотӣ пойбанд гардидаанд. Хулоса, аллакай дар давраи таҳсил дар макотиби миёна дар иддае аз насли ҷавони кишвар ба ҷои ташаккули тафаккури илмӣ тафаккури хурофотӣ шакл гирифтааст, зеро тоифаи мазкур ба ҷои хондани китобу рушд бахшидани маърифат ва илми дунявии хеш  пайваста тавассути интернет мавъизаҳои аз илм дур ва бепояи воизони шуҳратпарастро гӯш медиҳанд ва бад-ин сабаб дар торикии арзишҳои қафомондаи асримиёнагӣ ҳанӯз ҳам ғутавар боқӣ мемонанд. Бинобар ин, Пешвои миллат эҳсоси масъулиятшиносии падару модаронро ба таҳрик дароварда, эшонро ҳушдор доданд, ки дар бораи ояндаи фарзандони худ фикр намоянд ва дидаю дониста онҳоро бадбахт нанамоянд. 

Масъалаи дигаре, ки Пешвои миллатро ба ташвиш оварда буд, масъалаи тақдири ояндаи ҷомеа аст. Сарвари кишвар сароҳатан қайд намуданд, ки имрӯз мутаассифона ҳама чизи тайёр, чун либос, матои либосӣ ва амсоли инҳо дар хориҷа тайёр мешаванд.Ҳамчунин ба зидди бемории “Ковид” низ мо чизе муқобил гузошта натавонистем. “Магар бо хурофот “Ковид”-ро табобат карда мешавад? Албатта, не! Хайрият, ки онҳо будаанд, вагарна мо чӣ кор мекардем? “ Бо чунин тарзи саволгузорӣ Пешвои миллат бори дигар даст кашидан аз хурофоту фарҳанги қафомондаи асримиёнагиро ногузир ва талаби замон арзёбӣ намуданд. Дар баробари даст кашидан аз хурофот сарвари кишвар таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намудан ба илму маориф ва дар сатҳи сифатан нав роҳандозӣ намудани онҳоро аз ҷумлаи масоили аввалиндараҷаи ҷомеа маҳсуб донистанд. 

Бояд тазаккур дод, ки масоили матраҳнамудаи Пешвои миллат хеле мубрам ва ба маврид мебошанд. Дар ҷомеаи пурталотум ва пуррақобати имрӯза ягона роҳи таъмини хушбахтии воқеии аҳли ҷомеа илму маориф аст, нахурофоту ҷаҳолат. Баръакс, тавассути хурофот ва арзишҳои кӯҳна мо ба таври сунъӣ чархи таърихро ба қафо партофта сабабгори бадбахтии воқеии  миллионҳо мардуми кишварамон хоҳем шуд. Аз ин рӯ, ҳар шахси ватандӯсту меҳанпарастро зарур аст, ки дар партави нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳисси баланди худшиносию худогоҳӣ нишон дода,  ба муқобили хурофоту арзишҳои кӯҳнаи асримиёнагӣ мубориза барад ва чун ниёгони хеш парчами илму маърифатро баланд бардошта, онро роҳнамои ягона ва воқеан ҳам дурусти зиндагӣ қарор диҳад. 

Абдухалилзода К.А.

Яндекс.Метрика