Бо некўкорӣ ва парҳезгорӣ мададгори якдигар бошем!

Дар дунёи имрўза тафовут (фарқҳо)-и мухталифе дар миёни афроди ҷомеа ба назар мерасад ва аз ҷумлаи фарқҳои асосӣ ин гуногунии сатҳи зиндагию вазъияти иқтисодии онҳо мебошад. Баъзе афроди ҷомеа сарватманд, баъзе фақир ва бархе бошад дар сатҳи миёнаи иқтисодӣ ҳаёт ба сар мебарад. Дар таълимоти исломӣ ин тафовутҳо ба хубӣ мадди назар қарор дода шуда, баҳри кумаку мадади ниёзмандон  чораҳои зарурие ба назар гирифта шудааст.
 
Худованди мутаъол ба тоифаи дигаре молу сарват ато намудааст, ки он  аз лутфу марҳамати Парвардигор аст ва эшон  набояд инро фаромўш созанд, қадри ин атои илоҳиро бидонанд ва ин сармояву дороии хешро оқилона сарф намоянд, аз некиҳои ин дунёву ҳам аз некиҳои охират баҳраманд шаванд ва ҳарду дунёи хешро обод созанд. Ободсозии ин дунёву охират ва раҳоӣ аз оташи дўзах барои сарвату сармоядорон ин аз садақа додан ва дасти ниёзмандонро гирифтан низ иборат мебошад.
 
Дар Қуръони карим омадааст: 
«…Эй Парвардигори мо, ба мо дар дунё неъмат ва дар охират неъмат бидеҳ ва моро аз азоби оташ(-и дўзах) нигоҳ дор!» (сураи «Бақара», ояти 201). 
 
Мардуми шарифи куҳанбунёди тоҷик аз қадимулаём, бо хислатҳои наҷиби хеш, аз қабили саховатмандӣ, хайрдўстӣ ва дастгирии муҳтоҷон дар байни дигар қавму миллатҳои олам маъруф ва машҳур мебошанд. Вале, мо – ворисони ин миллати куҳанбунёд, бояд ба як нуктаи хело муҳим пайваста мутаваҷҷеҳ бошем, ки он вуҷудияти ятимону муҳтоҷони зиёде дар атрофи мо мебошанд ва ин тоифаи ҷомеа ба кўмаку дастгирии ҳар яки мо эҳтиёҷманданд. Шодиовар онаст, ки ашхоси олиҳимате аз зумраи ҷавондухтарону ҷавонписарон, мардону занони саховатпешаи зиёди кишварамон, ки дар дохили кишвару берун аз хоки он дар Амрикову Олмон, Русияву Бритониёи Кабир, Мамолики Шарқ ва ѓайра дар иҷрои вазифаҳои гуногуне мебошанд, пайваста барои ободии кишвар, сохтмону таъмири нуқтаҳои тиббӣ, роҳҳои мошингард, муассисаҳои таълимӣ ва дастгирии ятимону мўҳтоҷон ва ѓайра доим саҳмгузор мебошанд.
 
Яке аз хислатҳои ҳамидаи инсони солим ин саховату саховаткорист. Чунин сифатҳои ахлоқӣ ба ҳар як шахс тааллуқ дорад, чунки инсон худ табиатан нек аст ва ў кўшиш мекунад, ки ба эҳтиёҷманде мадад расонад. 
 
Саховаткорӣ худ аз хислатҳои хуби мардуми мо мебошад. Чунин сифатҳои хуби ахлоқӣ хоси ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Фард ва ҷомеа ба якдигар таъсири мутақобила доранд. Аз афроди солим ҷомеаи солим ба вуҷуд меояд ва ҷомеаи солим дар ташаккул ва такомули шахсияти инсон нақши асосӣ ва таъсири муҳиме мегузорад.
 
Барои бунёди ҷомеаи солим ва пиёда намудани меҳру муҳаббат байни аъзоёни он, тарбияи афроди солим зарур аст. Ҳар як фарди солими ҷомеа моили аъмоли хайр буда, аз аъмоли шарр канораҷўӣ ва онро маҳкум менамояд.  Фарди солими ватандўст ба сохти иҷтимоӣ, инкишофи ҷамъият ногузир таъсири худро мерасонад. 
 
Худованд бандагони хешро дар бисёр оёти қуръонӣ барои анҷом додани аъмоли нек ва хайру саховаткорӣ намудан ба ятимону бечорагон низ амр менамояд: «Аз ту суол мекунанд: «Чӣ харҷ кунанд?». Бигў: «Он чӣ аз мол харҷ (сарф) мекунед, пас, бояд барои падару модар ва хешовандон ва ятимон ва дарвешон ва мусофирон бошад. Ва ба дурустӣ, ки Худо ба он чи аз некӣ мекунед, Доно аст»(сураи «Бақара», ояти 215).
 
Дар ҳама давру замон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ табақаҳои камбизоат (ятимону муҳтоҷон, фақирону камбизоатон) вуҷуд доранд. Худованди карим ҳамеша инсонро барои накўкорӣ ва дастгирии чунин ашхос ҳидоят менамояд: «…Ва бар некўкорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар мадад кунед…» (сураи «Моида», ояти 2). «Дар бисёре аз машварати пинҳонии онҳо хубие нест, лекин (хубӣ дар машварати)касест, ки ба садақа ё кори писандида ё салоҳкорӣ миёни мардум фармояд. Ва ҳар ки инро ба талаби хушнудии Худо кунад, ба зудӣ ба ў музди бузург бидиҳем» (сураи «Нисо», ояти 114).
 
Чуноне аз муҳтавои оёти мазкур бармеояд, Худованди мутаол инсонро барои кўмак, хайру саховат ва эҳсон кардан ба шахсони эҳтиёҷманд амр менамояд. Ҳар шахси мусулмон бояд тибқи фармудаи Худованд ва  Расули Ў амал намуда, барои дастгирӣ намудан аз бенавоёну бечорагон доим кўшиш намояд, то дар ин дунё файзу баракат дар аъмоли ҳаррўзааш ато гардад ва дар охират ҷаннат насибаш. 
 
Мусулмонон ба ҳамдигар ёру бародаранд. Бояд дар ҳама ҳолат аз аҳволи ҳамдигар бохабар бошанд ва кўмаки худро барои якдигар дареғ надоранд. Анҷом додани аъмоли нек ва эҳсонкорӣ ба муҳтоҷон дар оятҳои карима низ омадааст. Масалан, дар ояти 195-и сураи «Бақара» Худованд мефармояд: «…ва некўкорӣ кунед! Ҳамоно Худо некўкоронро дўст медорад». 
Агар мо ба таърих ва сирати Пайѓамбари Худо (с) назар андозем, аён мегардад, ки Ў ҳамеша дўстдори ятимону бечорагон буда,  ба онҳо доим лутфу меҳрубонӣ менамуданд ва ба мо низ фармудаанд: «Ман ва он касе, ки ятимеро ба кафолат мегирад, фардо рўзи қиёмат ҳамроҳии ман якҷоя мебошад, дар ҳоле ки бо ду ангушташ ишора менамуданд» («Саҳеҳ»-и Бухорӣ). 
 
Дастгирӣ намудани ятимон, бенавоён, фақирон ва бечорагон ин амалест, ки тамоми динҳои самовӣ ва тамоми инсоният онро тарѓибу ташвиқ менамоянд. Пўшида нест, ки ҳама тоату ибодоти инсон барои дарёфти ризоияти Худованд буда, он ҳама бо умеди касби аҷру савоб ба ҷо оварда мешавад. Дини мубини ислом ҳеҷ гоҳ барои инсон амреро фарз ва ё воҷиб намегардонад, ки ў аз уҳдаи иҷрои он набарояд. Ва ин нукта дар Қуръони карим чунин зикр шудааст:«Худо бар ҳеҷ кас ҷуз ба миқдори тавоноиаш воҷиб намекунад; он чи амал кард, аз они ў аст ва он чи гуноҳ кард, бар вай аст…» (сураи «Бақара», ояти 286). 
 
Савоби аъмоли хайр ва некўкорие, ки инсон дар вақти зиндагиаш мекунад, сад баробари садақае аст, ки пас аз маргаш дар ҳаққи ў мекунанд. Дар ин боб аз Абўсаиди Худрӣ (раз.) ривоят аст, ки Пайѓамбари Худо (с) фармуданд: “Албатта агар инсон дар ҳаёти худ як дирҳам хайрот кунад, беҳтар аз садақаи сад дирҳам баъд аз марг аст” (“Сунан”-и Абудовуд, китоби “Васоё”, ҳадиси 2482. “Умдату-л-қорӣ”-шарҳи “Саҳеҳ”-и Бухорӣ, ҷ. 8, саҳ. 280).
 
Лозим ба ёдоварист, ки хайру саховат фақат дар додани таом  нест. Тибқи меъёрҳои мазҳаби ҳанафӣ хайру эҳсону саховат паҳлуҳои гуногуне дорад. Масалан, дасти ёрӣ дароз кардан ба ашхоси камбизоат, ятимон, маъюубон ва занони бепарастор, бунёди дармонгоҳу мактаб, таҷҳизотонидани онҳо, мумфарш кардани роҳ, лӯлаи об гузарондан, купрук сохтан, андози заминҳои инсонҳои камбизоатро пардохтан, ба шахсе ки эҳтиёҷ ба қарз дорад, қарзи бефоиз додан, ҷуй кандан, беморхонаю ятимхонаҳоро таъмир кардан, қарзи як шахси қарздорро адо кардан. Ҳамаи ин аъмоли саховатмандона садақа мебошанд. Ҳар касе яке аз ин корҳоро ба хотири хушнудии Худованд (ҷ) анҷом диҳад ва савобашро ба рӯҳи ҳар ки хоҳад, бубахшад, яқинан савобаш ба ў мерасад.  
 
Ашхоси саховатманд ҳам дар ин дунё соҳиби обрўю баракат мебошанд ва ҳам дар охират. Зеро, аз маҳсули аъмоли онҳо (дармонгоҳу мактабу купрук(пул)-и ба истифодадодашуда ва ѓайра)  пас аз онҳо низ истифода мебаранду савобаш ба ў мерасад, зеро он садақаи ҷорӣ аст. Ятимеро, ки шахси саховатманде дар зиндагӣ дастгирӣ менамуд ва ятим ба воя расиду соҳибилм гашт, манфиъаташ на танҳо ба аҳли ҷамъият мерасад, балки савобаш ба шахси саховатпеша низ мерасад.
 
Ѓамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбати ятимон ва талошҳои доимии ў баҳри беҳтар намудани шароити зисти онҳо, баровардани ҳоҷоти доимии онҳо, дур намондани онҳо аз доираи лутфу шафқату иноят, дастгирии ҳамаҷонибаи камбизоатону муҳтоҷон барои ҳар яки мо намунаи ибрат ва пайравист. 
 
Аз саҳобӣ Анас ибни Молик (раз.) ривоятест, ки Пайғамбари Худо (с) гуфтанд: 
«Касе аз шумо муъмин шумурда намешавад, то ин ки дўст дошта бошад барои бародараш он чиро, ки барои хеш дўст медорад». Муттафақун¬ алайҳӣ.
 
Садақаҳои гуногуне дар шариати исломӣ зикр шудааст, ки беҳтарини он садақаи ҷория мебошад ва садақаи ҷория ҳамон кори хубест, ки  то рўзе одамон аз он баҳра мебаранд, савобаш ба шахси садақакарда хоҳад расид.
Дар Қуръони карим Худованд маҳз барои садақа ваъдаҳои фаровоне додааст. Аз ҷумла мефармояд:«Ҳар ки некие оварад, ўро даҳчанд (подош)аст» (сураи «Анъом», ояти 160 ) ва низ мефармояд:«Худо (баракати) судро нобуд месозад ва (савоби) хайротро афзун месозад...» (сураи «Бақара», ояти 276). 
 
Пайғамбари Худо (с) фармуданд: «Бар ҳар мусулмоне садақа додан лозим аст». Пурсиданд: «Эй Пайғамбари Худо (с) касе, ки чизе надорад, чӣ кунад?» Фармуданд: «Кори некеро анҷом бидиҳад ва барои худ ва дигарон манфиат бирасонад». Гуфтанд: «Агар натавонист?» Фармуданд:«Ба ҳоҷатманде, ки аз вай кумак мехоҳад, ҳамкорӣ намояд». Гуфтанд: «Агар натавонист?» Фармуданд: «Кори некеро (ки метавонад) анҷом бидиҳад ва аз кори бад худдорӣ намояд ва ҳамин чиз барояш садақа маҳсуб мегардад». 
 
Инчунин Расули Худо (с) фармудаанд:
1.«Ҳамон кас ба ман имон наовардааст (яъне, имони комил наовардааст ва аз ҷумлаи накукорон нест), ки бо шиками сер мехобаду ҳамсояаш гурусна аст ва ў аз гуруснагии вай хабар дорад (ё аз ҳоли вай хабар намегирад ва парвое ҳам надорад)».
 
2.Худро аз оташи дўзах наҷот диҳед, агарчи бо садақа додани порае аз хурмо. Ва агар ҳатто порае аз хурморо наёфтед, пас бо сухани неку худро наҷот диҳед!
Пас, шахси сарватманди садақадиҳанда ҳам ризои Худовандро ба даст меорад, ҳам ноил ба афзоиши сармоя ва амволи хеш мегардад.
 
Дар асл суннати садақаи ҷория дар дини мубини ислом барои ислоҳи ҷомеа ва обод намудани он дар назар гирифта шудааст. Ин суннати нек метавонад бисёре аз камбудиҳои ҷомеаро бартараф намуда, зиндагии хубу гуворотареро барои мусулмонон фароҳам намояд. 
 
Садақаи ҷория ин аъмолест, ки барои осоиши мардум ва ободии ҷомеа равона гардида, шахси садақакунанда дар зиндагии хеш файзу баракоти ин дунёро касб мекунад ва пас аз вафоташ савобу самараи он ба ў дар охират дастгираш мегардад, зеро, Имом Тирмизӣ  аз саҳобӣ Абуҳурайра ривоят мекунад, ки Расули акрам (с) фармудаанд: “Пас аз фавти фарзанди Одам ҳамаи амалҳои ў ба ҷуз сетои он қатъ мегардад: 1.Садақаи ҷория; 2.Илме, ки аз он манфиат мебаранд; 3.Фарзанди солеҳе, ки дар ҳаққаш дуои хайр мекунад” (Фатҳу-л-қадир. Шарҳи “Ҳидояти шариф”) ва Худованд дар Қуръони карим фармудааст:“...ва некўкорӣ кунед! Ҳамоно Худо некўкоронро дўст медорад” (сураи “Бақара”, ояти 195).
 
Худованд ҷавонмардӣ дар роҳи Худоро қарз додан ба Ў таоло донистааст. Ба ин маъно, ки ҳар чизеро банда дар роҳи Худо сарф менамояд, подош ва ивази он ба сурати қарзе дар назди Худованд маҳфуз нигоҳ дошта мешавад, балки онро чандин баробар барояш афзоиш медиҳад: «Кист, он ки Худоро нек вом (қарз) диҳад; пас Худо онро барои ў дучанд, ба маротиб бисёр месозад» (сураи «Бақара», ояти 245).
 
Вале, инсон набояд дар пайи садақот, некиҳо ва хайру ҷавонмардии худ миннату озор ва риёкорӣ намуда, баъзан  садақагирандаро дар хонаи хеш ѓуломвор кор фармояд: «Барои онон, ки амволи худро дар роҳи Худо харҷ мекунанд, сипас, аз пайи он харҷ кардан миннат (ниҳодан) ва озор(расонидан)-ро (дар миён) намеоранд,  назди Парвардигорашон муздашон ҳаст…» (сураи «Бақара», ояти 262).
 
Аммо мутаассифона, имрўзҳо ҳамон садақоте мавриди қабули мардум қарор мегиранд, ки ба шакли хўрока бошад. Ҳатман бояд соҳиби мусибат баъди гузашти се, ё ҳафт, ё чиҳил рўз, ё сол як чорвое бикушад ва дастархон ороста, хўрок таҳия намуда, шиками касонеро, ки ба фотиҳахонӣ меоянд пур кунад. Сарфу хароҷот дар маъракаҳои мазкур ба ҳеҷ мазҳабе муносибат надоранд, инҳо танҳо урфу одати хурофотӣ буда, дар дини мубини ислом ҳеҷ арзише надоранд.
 
Наҷмиддин Салимов,
мутахассиси пешбари шуъбаи исломи муосир
Яндекс.Метрика