Бунёдгароёнро ҷуз мутобиқшавӣ чора нест!

Огоҳӣ бо афкори пешқадами баъзе уламои дурандеш ва амиқфикри исломӣ бори дигар собит менамояд, ки раванду падидаҳои дунявии ҷомеа ба дин ва афкори динии ҷомеа ҳатман таъсир мерасонанд, яъне шуълаҳои офтоб дар сатҳи зарурӣ ҳатман самар хоҳанд дод. Агар бепарда сухан гӯем, ҷомеаи башарӣ имрӯз тавассути улуми дақиқ ва технологияи ҷадид чунон пеш рафта аст, ки онро бунёдгароёни исломӣ низ ахиран эътироф намуда, дар паи дарёфти роҳҳои мутобиқсозии ислом бо навгониҳои ҷамъиятӣ афтодаанд.  Агар иддае аз бунёдгароёни исломӣ барқарории хилофат, ҷорӣ намудани низоми иҷтимоии даврони саҳобаҳо ва ба қавли Альбонӣ «пайрави Қуръону суннат ва фаҳмиши онҳо тибқи фаҳмиши гузаштаҳо»-ро тарғиб намоянд, пас иддаи дигар ҷуз муросо дигар чорае наёфта, дар худи дин барои мутобиқ шудану ҳамқадами забон будан далоил меҷӯянд. Аз ҷумла, яке аз шахсиятҳои маъруфи олами ислом, ки номаш дар радифи пайравони ташкилоти террористӣ-экстремистии Ихвонулмуслимин низ зикр мегардад, собиқ раиси Шӯрои уламои олами ислом Юсуф Қарзовӣ   китобаш «Муъҷиботу тағайюр-ил-фатово фи асрино»-ро (Воҷибкунандагони тағйири фатво дар замони мо) маҳз ба масъалаи мазкур бахшидааст. 

Ю.Қарзовӣ донишмандони муосири олами ислом Муҳаммад Рашид Ризо, шайхи Азҳар Маҳмуд Шалтут, Муҳаммад Абӯ Заҳро, Мустафо Зарқо, ва бисёре аз муфтиҳои Миср ва дигар донишмандони шинохтаро бо асарҳои ба фатво бахшидаашон зикр намуда, ҳамзамон таъкид менамояд, ки яке аз боризтарин чизе, ки дар ин фатвоҳо бояд ба он аҳамият дод, таваҷҷуҳ намудан ба воҷибкунандагони тағйири фатво аст, ки муҳаққиқон аз уламои уммат ба он ишора намудаанд. Яъне, онҳо ба воҷиб будани тағйири фатво вобаста ба тағйири замон,  макон, урф ва ҳолат сухан гуфтаанд ва Ю.Қарзовӣ боз чанд воҷибкунандаи дигарро, ки замона онҳоро тибқи андешаи ӯ тақозо менамудааст,    изофа намудааст ва шумораи онҳоро ба даҳ расонидааст, ки инҳоянд: тағйири маълумот, тағйири ҳоҷатҳои одамон, тағйири қудрат ва имкониятҳояшон, умуми будани балою бадбахтиҳо,  тағйири вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, тағйири раъй ва фикр. 

Зарурат ба таъкид аст, ки донишмандони исломӣ барои тағйири фатво бе далел сухан намегӯянд. Аз ҷумла, Ю Қарзовӣ оятҳои 65 ва 66 аз сураи «Анфол»-ро зикр намудааст. Дар ояти 65 гуфта мешавад, ки агар аз шумо бист нафар босабр бошад бар дусад нафар, ва агар сад нафар босабр бошад, бар ҳазор нафар ғолиб хоҳад шуд. Аммо дар ояти баъдӣ гуфта мешавад, ки акнун Худо ба шумо ба сабаби заъфатон сабукӣ дод. Пас, агар шумо сад нафар босабр бошед, бар дусад нафар ғолиб мешавед. Яъне, мутобиқи фармудаи Худо таносуби як бар даҳ ба сабаби заъф бар як бар ду иваз гардид. Қарзовӣ доир ба зарурати тағйири фатво инчунин ҳадисҳои зеринро низ нақл менамояд: шахсе аз пайғамбар дар бораи мубошара (ҳамхобӣ) барои рӯзадор мепурсад. Ба ӯ иҷозат медиҳад. Шахси дигар меояд ва айнан ҳамон чизро мепурсад. Пайғамбар ба ӯ ҷавоби рад медиҳад. Оне, ки ба ӯ иҷозат медиҳад, мӯйсафед будааст, ва оне, ки ба вай ҷавоби рад додааст, ҷавон будааст. Қарзовӣ ҳадиси зикршударо заифсанад ва ғайри эътимод дониста, боз ҳадиси зерро овардааст. Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос ривоят кардааст: Мо дар назди пайғамбар будем, ҷавоне омад ва пурсид: Ё расулаллоҳ, метавонам бӯса кунам, дар ҳолате, ки рӯзадор бошам. Пайғамбар гуфт :не.  Пас пире омад ва гуфт: Ё расулаллоҳ, метавонам бӯса кунам, дар ҳоле, ки ман рӯзадорам. Пайғамбар гуфт: оре. Мо ба сӯи ҳамдигар назар андохтем. Пайғамбар гуфт: ман аз сӯи ҳамдигар назар андохтанатон фаҳмидам. Ҳар оина мӯйсафед нафсашро медорад. 

Хулоса, аз даҳ воҷибкунандаи тағйири фатво ва намунаҳои аз Қуръону аҳодис овардаи Ю Қарзовӣ чӣ бардоште ҳосил мегардад?

Вақте ки худи Қуръон вобаста ба вазъ ва қудрату имконият  тағйири ҳукм намудааст, вақте ки пайғамбар вобаста ба ҳолат тағйири амр намудааст, вақте ки донишмандони маъруфи олами ислом вобаста ба  шароит тағйири фатворо воҷиб мешуморанд, пас дар қарни XXI зиста, аз дастовардҳои бузурги илмӣ-техникии он фаровон истифода бурда, боз ҳам аҳкому авомири қуруни вусторо ба мардум таҳмил намудан чӣ маънӣ дошта бошад? Магар вақти он нарасидааст, ки дингароёни ҷомеа аз кӯҳнапарастӣ даст бикашанду барои ҳамқадами замон будан саъй намоянд. Магар вақти он нарасидааст, ки домулло зимни шарҳи оятҳои «Ва паи чизе марав, ки туро дониши он нест.» (Ба маънои «Он чиро намедонӣ, дар бораи он сухан нагӯй».) - ояти 36 аз сураи «Исро», «Бигӯ: «Оё онон, ки  медонанд ва онон, ки намедонанд, баробар мешаванд?» -ояти 6  аз сураи «Зумар» ва ҳадисҳои «Аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯ»,  «Донишро биталаб, агаро дар Чин ҳам бошад» доир тарғибу ташвиқи улуми дақиқ, табиатшиносию ҷомеашиносӣ ҳарф бизанад? Аз воҷибкунандагони тағйири фатво  ва далоили Ю. Қарзовӣ воқиф гардида, магар наметавон чунин хулоса баровард, ки вобаста ба макон, замон, маълумот ва ғайра ҳамчун воҷибкунандагони тағйири фатво бояд фатвоҳо гуногун бошанд? Яъне, фатвоҳо дар Арабистон, Тоҷикистон ва Аврупо бояд аз ҳам фарқ намоянд. Ё фатвоҳо дар қуруни вусто, қарни XVII ва замони муосир бояд аз ҳам тафовут дошта бошанд. Ё фатвоҳо дар нисбати соҳибмаълумоту бемаълумот бояд якранг набошанд.

Хулоса, иқдому андешаҳои ислоҳотии чунин мутафаккирон новобаста аз баъзе ҷанбаҳои истисноӣ ва пойбандию устуворӣ дар ҷаҳонбинии динияшон  хеле саривақтӣ буда, барои раҳонидани олами ислом аз бӯҳрони азими иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ ва наҷот бахшидан аз торикию зулмот ва ҳидоят намудан ба сӯи нуру саодат кӯмаки хуб менамоянд.  

Абдухалилзода К.А.  

Яндекс.Метрика