БУРҲОНУДДИН МАРҒЕЛОНӢ ЯКЕ АЗ МУТАФАККИРОН ВА ФАҚЕҲОНИ БАРҶАСТАИ ШОХАИ МОВАРОУННАҲРИИ МАКТАБИ ҲУҚУҚИИ ҲАНАФИЯ

Бурҳонуддин Абул-Ҳасан Али ибн Абубакр ал-Марғелонӣ ар-Рошидонӣ, ки бештар бо номи Бурҳонуддин ал-Марғелонӣ машҳур буда, яке аз мутафаккирони асримиёнагии шохаи мовароуннаҳрии мактаби ҳуқуқии ҳанафия мебошад.

Бурҳонуддин Марғелонӣ – мутафаккир, файласуф, фақеҳ (ҳуқуқшинос), қонунгузор буда, ба ӯ барои хизматҳои шоёнаш дар пешбурд ва инкишофи шохаи мовароуннаҳрии мактаби ҳуқуқии ҳанафия дараҷаву рутбаҳои баланди илмиро додаанд.

Бурҳонуддин Марғелонӣ – мутафаккири барҷастаи шохаи мовароуннаҳрии мактаби ҳуқуқии ҳанафия соли 1117 дар Рошидони Фарғона, имрӯза Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд шуда, соли 1197 дар шаҳри Самарқанд, имрӯза Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз дунё гузаштааст.

Самти фаъолияти Бурҳонуддин Марғелонӣ фиқҳ (ҳуқуқ) буда, касбу фаъолияташ муҳадисӣ, фақеҳӣ (ҳуқуқшиносӣ), муаллифӣ (олимӣ), қозигӣ (судягӣ) мебошад.

Бурҳонуддин Марғелонӣ яке аз бузургтарин шахсиятҳои ҷаҳони илм ва маънавиёт буда, олим, мутафаккир ва фақеҳи (ҳуқуқшиноси) асримиёнагии Шарқ аст, ки аз худ осори гаронбаҳое боқӣ мондааст, ки то имрӯз аҳамияти худро нигоҳ дошта, барои наслҳои гузашта, имрӯза ва оянда хизмат намуда истодаанд. Танҳо як асари безаволи ӯ «Ҳидоя» тавонистааст обрую эҳтироми ӯро дар арсаи ҷаҳонӣ оламшумул намояд.

Бурҳонуддин Марғелонӣ олими ҳуқуқи мусулмонии асри ХII буда, намояндаи шохаи мовароуннаҳрии мактаби ҳуқуқии ҳанафия мебошад. Бурҳонуддин Марғелонӣ дар баробари олими баруманди илми фиқҳ (ҳуқуқ) будан, инчунин вазифаи қозигиро (судягиро) иҷро мекард.

Мутафаккири барҷастаи мовароуннаҳрӣ Бурҳонуддин  Марғелонӣ асарҳои зиёде навиштааст. Осори асосии ӯ чунин аст:

1.«Нашр ал-мазҳаб» («Паҳншавии мазҳаб»);

2.«Китоб ал-маносик ал-ҳаҷ» («Китоб дар бораи қоидаҳои баҷооварии ҳаҷ»);

3.«Китоб ул-фароиз» («Китоб дар бораи ҳуқуқи мерос»);

4.«Китоб ат-таҷнис вал-мазид» («Китобе, ки ситоиши илмро мекунад»);

5.«Мухторот ул-навозил» («Маҷмуъ-ул-навозил» – «Китоб дар бораи чизҳое, ки Офаридгор нозил кардааст»);

6.«Китоб ул-машойих» («Китоб дар бораи шайхҳо»);

7.«Мазид фи-фуру-ул-ҳанафий» («Иловаҳо ба мактаби ҳанафия»);

8.«Шарҳ ал-Ҷомиъ ал-Кабир Мухаммад аш-Шайбони» («Тафсир ба китоби аш-Шайбони «Ал-Ҷомиъ ал-Кабир»»);

9.«Бидоятуль-Мубтадиъ» («Муқаддима ба омузиши қонун»);

10.«Кифоятул-мунтаҳий» («Таҳсили хотимавӣ барои хатмкунандагон», шарҳи ҳашт ҷилда барои «Бидоятул-Мубтадиъ»);

11.«Ҳидоя» (шарҳи чор ҷилда ба китоби «Кифоятул-мунтаҳий») [1, С. 39].

 

Адабиёт:

1.Маргиани, Бурхануддин. Комментарии мусульманского права: в 2 ч. Ч. 1. Т. I-II / пер. с англ.; под ред. Н.И. Гродекова; отв. ред., авт. предисл. вступ. ст. и науч. комм. проф. А.Х. Саидов. – М.: Волтерс Клувер, 2010. – 808 с.

Шоев Фируз Маҳмадаминович – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика