Буҳрони ҷаҳонӣ ва нусрати Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ: се дастоварди бузурги миллат

Ин ҳолат оламро дар маҷмӯъ ноором сохта дастоварду муваффақиятҳои инсониро дар самти сиёсат ва ҳуқуқ зери шубҳа кашид. Муносибати сард ва нобоварона нисбат ба низому тартиботи олами атроф ва заъфи низомҳои идора дар интиҳои асри ХХ ва ибтидои асри ХХI ба ҳадде боло рафт, ки қисме ба идоракунии бевоситаи халқӣ (ин ҳолатро хеле барвақтар яке аз қурбоншудагони ғарбӣ дар «Китоби сабзаш» гуфта буд) умед баста, қисмати дигари тундрав ба шикастани унсурҳои мавҷудаи низоми олам ва рамзҳои идораи кишварҳои бузург рӯ оварданд (М. Тетчер, Жириновский, Хумайнӣ ва д.).
Э. Тоффлер, иҷтимоъшинос ва футурологи амрикоӣ манбаъҳои маънавии рӯх додани чунин вазъияти тоқатфарсои башариро эҳсос карда, дар яке аз навиштаҳояш ба маврид гуфта буд: «Конгреси Амрико, Палатаи ҷамоатчигӣ (община) ва лордҳои англисҳо, Бундестаги олмониҳо, парлумони ҷопониҳо, конститутсияҳо ва низоми судии мавҷудаи оламро, бинобар корношоям шуданашон дар шароитҳои наву талаботи ҷадид, шикаcта партофтан лозим» (Ниг.: Тоффлер Э. Третья вольна. – М.: ООО «Издательство АСТ», 1999. – С. 658.). Онҳо воқеан оламро думболи манфиат, ғараз ва ҳасуд ба бунбасти бузурги таркишовар кашиданд. Ақлу хирад, умеду бовар, инсофу баробарӣ, виҷдону имони мардумонро бо кибру ғурур, ҳирси моликият, манфиату ғараз ва дониши олудаи сарвату аз ахлоқ озод заҳролуд карданд.
Э. Фром бошад дар пайравӣ бо З. Фрейд ва Ф. Нитсше (бемории фарҳанг) бемории ҷомеаро дар чунин шароит эътироф карда, ҷиҳати барқарории саломатии он эҳёи Шӯрои панҷсадаи Афинаи бостонро дар шакл ва рамузи ҷадид ироа медораду (Ниг.: Фромм Э. Здоровое общество // Избранные труды Карен Хорни и Эриха Фромма. – М., 1995. – С. 547), Ю. Хабермас бо мақсади расидан ба консессуси умум боваркунонии ҳамаро қабл аз қабули қарори дахлдори дуруст, дар ҷомеаи озод, ҳамчун шакли нави иттиҳоди мавзуни ҳаққу манфиатҳо дар шакли коммуникатсияи нав масъалагузорӣ менамояд (Ниг.: Хабермас Ю. Демократия. Разум. Нравственность. – М., 1995. – С. 38). Аз ин ҳама кӯшишҳо боз як ҳақиқати талхи дигаре дар тақдири инсон ба мисли фарзияи Ф. Нитсше ва З. Фрейд роҷеъ ба бемории фарҳангу (Фрейд З. Болезнь культуры/ Зигмунд Фрейд пер. с англ. А.Н. Анваера.-М. АСТ, 2014. -447с.) ҷамъияту давлатҳо ба қавле собит гардид.
Яъне ҷамъияту давлатҳо дар охири садаи ХХ ва ибтидои ХХI ба бемории вазнини навбатӣ гирифтор шудаанд. Садоҳои ғайримуқаррарии наққошони олами нав худ гувоҳи он аст, ки бӯҳрони сиёсии олам бениҳоят вазнин ва дардолуд аст. Ин беморӣ ба тарзи худ ҳам ба ҷомеаҳои озоду ҳам ба давлатҳои рӯ ба рушд аз солҳои навадуми асри гузашта то ба имрӯз таъсири худро расонида истодааст.
Ин ҳама дар назари мо асирони воқеии муаммоҳои имрӯз чун қонунияти зиндагӣ ногузир ва мӯътадил менамояд. Ҳар нафаре, ки аз рӯзгори гузаштагон хуб огоҳӣ дорад, ба осонӣ пай мебарад, ки таърих нисбат ба ин даврон, хеле баланд ва ҷиддӣ ҳарф хоҳад зад. Ин давронест, ки бо ҳама мушкилиҳояш чунин муносибатро арзанда аст, зеро маҷмӯи ҳодисоту лапишҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодию ҳуқуқии он то он дараҷа тақдирсозу тағйирпазиранд, ки садоҳои он ба умқи садсолаҳои оянда, ба ҳайси як даврони гардиши куллӣ бидуни мушкилӣ хоҳад расид. Ин даврон бо вуҷуди он, ки бисёре аз равандҳои пошхӯрию бархӯрдҳо, ҳамроҳсозию муноқишаҳо, ҷангу гуфтушунидхоро дорост, ба ҳар халқ ва ҳар кишваре чизе дода, аз ҳар миллат ва халқ чизе баргирифта ва ё инъоме бахшидааст. Барои мо соҳибистиқлол шудан бузургтарин неъмате буд, дар ин даврони ноорому буҳронӣ.
Касби истиқлоли сиёсӣ. Миллати тоҷик дар ҳошияи давлати фурӯрафтаи Шӯравӣ имкон пайдо намуд, ки дар сарҳади бархӯрди режимҳои исломию дунявӣ, дар ҳавзаи муноқишаи манфиатҳои миллии таърихию замонавӣ, дар майдони муборизаҳои мазҳабию ақидавии бо сиёсат ва мустақилиятхоҳӣ махлутгардида истиқлолияти худро эълон дорад. Истиқлолият дар замоне эълон шуд, ки аллакай дар майдони бозсозию озодандешии горбачёвӣ тафаккури гурӯҳи муайяни одамон аз ҷониби гурӯҳҳои хориҷӣ бо ғаразу ҳадафҳои дур аз манфиати мардум заҳролуд шуда буданд.
Дигар ин ки мардуми пасошӯравӣ, ки чунин имкони фарохи давлатдорию фарҳангбарқароркуниро амалан надида буданд, парахаҳо ва рукнҳои аслияти миллии худро аз қаъри таърих хеле фарох дар заминаҳои эҳсосоти миллӣ на дар дарки илмии омӯзиши мактаби давлатдории ниёгон ҷустуҷӯ мекарданд, ки гоҳо на сарҳади фарҳанги миллиро, ҳатто ҳудуди манфиатҳои муосири миллатро убур карда, тафаккури миллиро низ ба заҳролудшавӣ гирифтор менамуданд. Озодии бидуни сарҳад ба ин чолишҳо мувофиқат мекард. Ҳақ ба ҷониби Макиавеллӣ буд, ки гуфтааст: «Барои мардуми ғайриозод, ки якбора озодиро ба даст овардааст, хеле душвор аст, ки озод бимонад» (Макиавелли Н. Государь, – М., 2010. – С. 370-371). Ҳамин тавр шароити таърихӣ имкони эълони истиқлолиятро дар тангнои замона фароҳам оварда, ҳифзу ҳимояти онро ба сахтӣ, бо муборизаҳои хунин ва қурбониҳои беҳад рӯ ба рӯ сохт.
Роҳбарият ва масъулони давлат дар даврони эълони истиқлолияти давлатӣ аз имкониятҳои мавҷуда дуруст истифода накарда, неъмати истиқлолият ва давлатдории миллати пуррешаи таърихиро ҳифз карда натавонистанд. Масъалаи қудрати сиёсӣ мардумро ба гурӯҳҳо ва ҷиноҳҳо тақсим кард. Чунонки Ҷон Локк дар ин маврид менависад: «Бузургтарин масъала, ки дар ҳама асрҳо инсониятро азият додааст… на зарурати мавҷудияти қудрат, балки масъалаи ба кӣ тааллуқ доштани он будааст» (Азаркин Н.М. Всеобщая история юриспруденции. – М., 2003. – С. 312). Маҳз ҳамин масъала дар заминаи нокомилию ноустувории қудрати сиёсии мавҷуда мардумро ноором намуда, ба майдонҳо баровард.
Гурӯҳҳои муайян зери таъсири хоҷагони хориҷӣ ва манфиатҳои кишварҳои атроф мардуми ташнаи озодӣ ва давлатдориро ба муноқишаи дохилӣ ва баъдан ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор карданд. Ба Тоҷикистон хунрезӣ, мотам, бераҳмӣ, ғоратгарӣ чун шабаҳи адӯ ворид гардида, миллионҳо нафар беватану даҳҳо ҳазор нафар қурбон шуда, ба иқтисодиёти давлат беш аз даҳ миллиард доллари амрикоӣ зарар ворид шуда, рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба 40-50 сол ба қафо партофта шуд. Вазъият аз идора берун рафта, мақомоти марказии идораи давлатӣ фалаҷ шуда, қудрат ба дасти яроқдорон ва лашкариён гузашт, таҷрибадорону пешвоён аз идораи давлат даст кашиданд. Садои модари тоҷик ба само печида, муноқишаҳои бародаркуши Тоҷикистон вирди забони васоити ахбори оммаи ҷаҳон гардид. Масъалаи ҳастӣ в нестии давлатдории тоҷикон дар рӯзномаи таърих қатъӣ гузошта шуд.
Иҷлосияи ХVI-ум оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ. Иҷлосияи таърихиву тақдирсози ХVI-уми Шӯрои Олӣ дар пойтахти давлат не, балки дар шаҳри Хуҷанд даъват шуд. Имтиҳони таърихӣ дар назди вакилони Шӯрои Олӣ масъалаи ба кӣ вогузор намудани масъулияти роҳбарии давлат, яъне саволе гузошта буд, ки наҷоти миллат аз интихоби ҷавоби дуруст ба он вобаста буд. Зери ин масъала умеди халқ ва нигаронии вакилон дар ҳалли се қазияи печидаистода дар бунбаст буд: якум шахсияти қавииродаю ҷасуру нотарсу ватандӯст бошад, ки зимоми идораро дар даст гирад; дуюм муносибати дурусти вай нисбат ба ташкили ҳокимият ва самти идораи давлат (зеро омили аслии ҷанг рӯ ба фарҳанги сиёсии ислом овардани гурӯҳи мухолиф буд); ва сеюм ин шахс тавонад сулҳу ваҳдатро таъмин созад ва роҳи ояндаи давлатро ба самти давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд муайян намояд.
Яъне гуфтан мумкин аст, ки се вазифаи таърихӣ назди Иҷлосия истода буд: дарёфти шахсияти арзанда, кашфи роҳи наҷоти давлат ва ниҳоят ваҳдат ва таъмини истиқлолияти давлатӣ. Ҳамин се вазифаи таърихӣ дар навбати худ стратегияи муайяни худро дошт, ки бояд он ба умедвории халқ ва боварии вакилони онҳо аз бисёр ҷиҳат мувофиқ меомад.
Масъалаи якум, интихоби шахсияти арзанда бояд сари нафаре меафтид, ки то ин вақт дар гирдоби сиёсати калони давлатӣ олуда набуда аз камбуду норасоиҳои сиёсӣ орӣ бошад, поквиҷдону ростқавлу умедворкунанда бошад. Дуюм масъалаи стратегӣ интихоби роҳи ояндаи давлатдориро дуруст муайян намояд. Яъне машинаи давлатдориро ба кадом самт ҳаракат медиҳад: ба сӯи ғояҳои фавтидаи коммунистӣ бо умедворӣ аз барқарории низоми шӯравӣ; ба самти фарҳанги сиёсии исломӣ бо бартарии шакли идораи шарқии клерикалӣ ва ё ба самти ҷомеаи рушдкардаи башарӣ дар шакли давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд; ва ниҳоят муносибати худро ба ҷанги шаҳрвандӣ ва ваҳдат чӣ гуна бояд арзёбӣ намояд? Ин саволҳо мушкилию умедвориҳои на танҳо вакилон балки тамоми мардуми дар парешонӣ қарордоштаи кишвар буд, ки интизори тағйирот ба оинаи нилгун менигаристанд.
Роҳбари нав ба талаботи аввал мувофиқ омад, масъалаи дуюмро дуруст ба самти ҷомеаи башарӣ муқаррар кард ва дар самти охирӣ стратегияи барқарории давлатро комилан бо тактикаи муайяни назарӣ ва амалӣ дар заминаи назарияи инкори қатъии ҷанги шаҳрвандӣ, дастрасӣ ба ваҳдати миллӣ ва оҷилан бунёди рукнҳои давлатдорӣ оғоз намуда, боварӣ ва умеди вакилон ва мардумро давра ба давра ба кирдорҳои худ афзун намуд.
Мерос одатан ба меросхӯре мегузарад, ки агар меросхӯр сифати меросдиҳандаро дошта бошад, мегӯянд бузургон. Мо ки даъвои меросбарии тамаддуни ҳуқуқӣ ва давлатдории миллати бостониро дорем, бояд сифати меросдиҳандаро дошта бошем. Миёни фарзандони ин миллат чунин шахсиятҳо буданд танҳо зарур буд, ки онҳо кашф шаванд ба онҳо имкон дода шавад.
Роҳбари нав воқеан меросбари анъанаҳои неки гузаштагон гашт. Беҳтарин ва асоситарин сифатҳое, ки форсҳо дар айёми нигаҳдошти бузургтарин салтанатҳои ҷаҳонӣ доштанд ва ҷиҳати бозомӯзии онҳо юнониёну румиҳо асрҳо ҷонбозиҳо кардаанд, дар қатори тарғиб ва омӯзиши илм, тарбияи одоб ва ахлоқ ба наврасон, такмили маънавӣ ва ҷисмонии кӯдакон, ҳурмату эҳтироми волидон, гиромидошти марзу буми ватан, адлпарастӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба кишвар, анъанаи адлпарварии роҳбарон, инсондӯстии подшоҳон, инсофварзии низоми идора, ҳамчунин эҳтиром, муҳаббат ва гиромидошти роҳбари давлат низ аз ҷониби мардум будааст.
Муҳимтарин қонунмандии ин нукта дар он буда, ки мардум шоҳи адлпарвар, инсондӯст, инсофгаро, хоксор, мардумӣ, нотарс, таҳаммулгаро дар ноҳамвориҳои зиндагӣ ва ҷонфидо барои манфиатҳои умумии мардум дар шароитҳои вазнинро дӯст медоштааст, ҳимоя менамудааст ва гиромӣ медоштааст. Эмомалӣ Раҳмон бо чунин сифатҳо дар шароити вазнини сиёсӣ ба майдони сиёсат омада воқеан марҳам ба ғами мардуму пурракунандаи холигии умеди халқ гашт.
Ӯ дар ҳама даврони барқарории давлат, ваҳдат ва ҳифзи соҳибистиқолӣ дар доираи имконҳои мавҷуда ин сифатҳои роҳбари халқиро бонизом қадам ба қадам дуруст муаррифӣ кард ва ба ҳама вазниниҳою имтиҳонҳои ҳаёти сиёсӣ тоқат кард. Бале, сабри сиёсӣ он солҳои вазнин нақши муҳим бозид.
Давом дорад.....
Рӯйхати адабиёт:
1. Азаркин Н.М. Всеобщая история юриспруденции. – М., 2003. – С. 312.
2. Макиавелли Н. Государь, – М., 2010. – С. 370-371.
3. Тоффлер Э. Третья вольна. – М.: ООО «Издательство АСТ», 1999. – С. 658.
4. Фрейд З. Болезнь культуры/ Зигмунд Фрейд пер. с англ. А.Н. Анваера.-М. АСТ, 2014. -447с.
5. Фромм Э. Здоровое общество // Избранные труды Карен Хорни и Эриха Фромма. – М., 1995. – С. 547.
6. Хабермас Ю. Демократия. Разум. Нравственность. – М., 1995. – С. 38.

Холиқзода Амбдураҳим Ғафор – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, Директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид – номзади илмҳои ҳуқуқ, сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти

Яндекс.Метрика