Буҳрони ҷаҳонӣ ва нусрати Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ: се дастоварди бузурги миллат Вақт баҳогузори воқеаҳост

Пас аз гузашти солҳо равшан мегардад, ки ҳодисоти оламгири охири қарни гузашта бо силсилаи пошхӯриҳои низоми кишварҳои сотсиалистию истиқлолияти давлатҳои миллӣ пасманзари як фазои муайяни сиёсии олам ва як ҳолати мафкуравии башарӣ будааст. Ин фазои муташанниҷи сиёсӣ мисли тудаи фишурдаи абрҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ, тайи даҳсолаҳо баъди ҷанги ҷаҳонӣ дар партави муноқишаҳои мафкуравии ҷанги сарду муқовимати фарҳангҳои миллӣ бо фарҳангҳои бегона шакл гирифта, тадриҷан зери таъсири миллионҳо амалкардҳои ҷудогонаю қарорҳои дастаҷамъии инсонҳо ва иттиҳодҳои сиёсиашон донистаю надониста ба умқҳо ва бӯъдҳои ҷудогонаи мафкураи мардумон ва давлатҳо ба бунбастҳо гирифтор гаштанд.
Ин ҳолати фишорхӯрии гирдобии масоилу манфиатҳо дар тангноҳои сиёсию ҳуқуқӣ буҳронҳои иқтисодӣ ва мафкуравиро ногузир намуда, сараввал ба нобоварию нигилизми ахлоқию ҳуқуқӣ ва сипас ба бетартибию хархашаҳои сиёсӣ дар паҳнои иддае аз кишварҳо мусоидат кард. Пасманзари дури он то ба имрӯз дар муноқишаҳои даҳшатовари ҷанги бародарони славянҳои шарқӣ (русҳою украинҳо) асаргузор гаштааст.
Оғози ин бетартибиҳо бо ниятҳои неки тағйирпазирӣ ва бозсозӣ дар фазои давлати шӯроҳо оғоз шуда буд. Ислоҳоти горбачевӣ дар кишварҳои режими сотсиалистӣ тавассути арзишҳои наве чун «ошкорбаёнӣ», «бозсозӣ», «демократия» ва «озодиҳо» бунёди маънавии ғояи коммунистиро аз будаш ба ларзиш овард. Мушкилӣ дар ин арзишҳо не, балки дар номутаносиб васл шудани онҳо ба воқеияти мафкуравӣ ва давлатдории шӯравӣ буд.
Ин ҳолати номувозанатии арзишҳо бо воқеият ба ҷанги фарҳангҳо ва манфиатҳо созиш намуда, қисмате аз ниҳодҳои мавҷудаи сиёсиро ба пошхӯрию парокандашавӣ ва қисмате дигарро ба муттаҳидӣ атрофи ғояҳои нав ҳидоят кард. Ҷаҳон бо арзишҳои нав дар партави ғояҳои дигаргуна қомат афрохта иттиҳодҳоро харобу давлатҳои ҷавонро ба муттаҳидӣ водор сохт. Вазъият чунон хирадмандона тасниф шуда буд, ки равандҳои мафкуравӣ, таърихӣ ва воқеияти иқтисодию иҷтимоӣ бо эҳсосҳои миллатгароию мустақилиятхоҳӣ ҳамчун маҳаки дохилии фурӯравии як иттиҳоди бузург дар ин тангнои таърихӣ мувофиқат мекард. Ихтилофи усулҳои марказмеҳварӣ ва марказгурезӣ дар заминаи ислоҳоти горбачевӣ мавзун дар паҳнои давлати шуравӣ аз ҷониби рақибони сиёсӣ дар мафкураи элитаи сиёсии давру замон ҷойгир карда шуд.
Имрӯз бо гузашти солҳо ин табдилёбии оламро наметавон танҳо мансуби як ҷониб, ғолибони ғарбӣ дар шакли мафкураи сармоядорӣ, заифии ғояи коммунистӣ ва ё раванди ҳодисоти ҷудогонаи таърихӣ дар дохили мафкураҳои миллӣ донист. Баръакс ҳама неруҳо ба тарзи худ ногузир раванди чархи таърихро ба ҳамин тангнои таркишӣ мавзун бо мурури замон наздик кард. Албатта, дар ин миён норасоию зиёдаравиҳои давлатаи шуроҳо дар баробари дастовардҳояш кам набуд. Ҳодисае, ки кас дар солҳои 70-80 уми асри гузашта тасаввур намекард рӯх дод. Гузашта аз он дар муносибат бо он режими оҳанини шӯравӣ фурӯравии ин кишвари ҷаҳонӣ бамаротиб ором, мавзун ва ногузир рӯх дод. Танҳо як ҳодисаи бузурги ташаккулёбӣ такрор шуд. Молу мулке, ки замоне давлати шӯроҳо аз мардуми доро ғайриҳуқуқӣ гирифта буданд, пас аз 72 сол боз аз сари нав қисмате аз мардум онро аз давлатҳои фурӯрафти сотсиалистӣ бо ҳамон тарз бозпас гирифт. Пешгӯии А. Тойнби муаррихи англис амалӣ шуд.
Дар таърихшиносӣ табиати раванди ҳодисот на ҳамеша дар рӯзгори зуҳури онҳо васеъ ва ҳамаҷониба дарк мешаванд. Барои дидгоҳи васеъ ва манзаравӣ гузашти муддати таърихӣ имкон медодааст. Инак, бо мурури замон эҳсос мешавад, ки барҳамхӯрии давлати шӯроҳою муттаҳидии миллати олмон, пошхӯрии давлатҳои мураккаби Аврупои Шарқию муттаҳидии давлатҳои Аврупои Ғарбӣ идомаи мантиқии як сиёсати ҷаҳонӣ будааст, ки солҳо дар заминаи сиёсати нодурусти дуқутбаи ҷаҳонӣ ногузир ба ин тангнои табдилёбӣ кашида шудаанд. Вале ин танҳо як тарафи дарки воқеият ва ҳамон равандҳои марказшитобӣ ва марказгурезии сиёсӣ будааст. Зеро пасманзари ин сиёсати фишурдашудаи мафкураи ҷаҳонӣ боз пайомадҳои дигари ғайричашмдорро низ доштааст. Сиёсате, ки оқибатҳои мухталифро ба тақдири ояндаи халқу миллатҳо инъом кард. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандии Тоҷикистон (с. 1992-1997), ҳодисаҳои хунини Намангони Ӯзбекистон (с. 2005), бетартибиҳои оммавии Белоруссия (солҳои 2020-2021); Молдова (с. 2005; 2009; 2021;) инқилобҳои даврии бебарори Қирғизистон (с. 2005; 2010; 2020), нооромиҳои хунину саршикастаи Қазоқистон (с. 2022), эҳёи ҷанги байни Озарбойҷону Арманистон атрофи Қарабоғи кӯҳӣ (с. 2021-2022) боз дигар муноқишаҳои сарҳадию дохилии кишварҳои пасошӯравӣ худ силсилаи пасманзари он ҳодисот аст. Тағйирпазирии ҳудудӣ, тақсимшавию ҷангу низоъҳои Аврупои Шарқӣ ҳамчун меросбарони дигари олами коммунистӣ саҳифаи дигари идомаи он ҳодисот аст. Ҷанги русу украин ҳамчун нуктаи баланди бархурди манфиатҳо ва идомаи ҳамон ҳодисоти солҳои навади асри гузашта оламро дар ҳолати ногувор қарор дод.
Азбайнравии тазоди мафкуравӣ ва тавлиди тазоди усулӣ ба зоҳирёбии манфиати кишварҳо таъсир расонида, наққошони ояндаи авзои сиёсии инсониятро (меъморони ояндаи олами ғолибро) ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ кард.
Саргумии муҳандисони сиёсии олам
Назарияи «интиҳои таъриху одами ниҳоӣ» (Ниг.: Фукуяма Ф. Сильное государство. – М, 2007. – 220 с). ба мушкилиҳои таърихие рӯ ба рӯ шуд, ки нишона аз интиҳои таърих надошта, хабар аз ибтидои даврони нав менамуд. Андешаи машҳуру дилфиреби ҷаҳони сармоядорӣ «муноқишаи тамаддунҳо» (Тойнби А. Цивилизация перед судом истории. Пер. с англ. В.И. Уколовой и Д. Э. Харитоновой, М. 2003. –С. 140-290.; Тойнби А.Дж. Исследование истории цивилизации во времени и пространстве. – М, 2009. – С. 22-200.; Хантингтон С. Столкновение цивилизаций. Пер. с англ. Т. Велимеева, Ю. Новикова. – М., 2003. – 603 с.) бо мафкураи «гуфтугӯи тамаддунҳо» (гуманистони олам) бархӯрд, консепсияи «тахтаи бузурги шоҳмоти ҷаҳонӣ» (Бжезинский З. Великая шахматная доска. Господство Америки и его геостратегические императивы. –М.2006. –702с.) воситаи паҳнгардии ғояҳои «инқилобҳои рангоранг» гашт. Назарияи қасосгирии таърихӣ бо муноқишаи марзӣ ва ҷуғрофии (Каплан Р. Месть географии. Что могут расказать географичексие карты о грядущих конфликтах и битве против неизбежного/ Роберт Каплан, пер. с англ. М. Котова. – М.: Колибри, Азбука-Аттикус,2016. – 364 с.) ба мисли устухон дар гулуи давлатҳои ҷавони миллӣ монеа шуд. Таҳлили ҳолати «ҳомосапиенс» ва «ҳомо деус» (Харари Ю.Н. Homo Deus: Краткая история будушего / Пер. С англ. А. Андреева. – М.: Синдбад, 2019. 496с.; Харари Ю. Н. 21 урок для ХХI века.пер.с англ. Ю. Гольдберга. – М.: Синдбад. 2020. – С. 69-70). хатти таърихии рушди инсониятро аз зинаи худошиносӣ то худогардӣ кашида, тақдири ояндаи инсониятро боз ҳам печидаю фишурдашуда муаррифӣ кард. Ҷойи умеду орзуи тантанаи хираду адлро (Ф. Достоевский) дар мафкураи дастандаркорони сиёсӣ дидгоҳи «ҷанги ҳама бар зидди ҳама», «инсонҳо душмани якдигар» (Т. Гобс, Каутский) гирифт. Шинохти таърих аз даричаи форматсионӣ (марксизм), дарки инкишоф аз назари фавворавӣ (флуктуатсионӣ-назарияӣ) (Сорокин П. Социальная и культурная динамика. Исследование изменений в больших системах исскуства, истины, этики, права и обшественных отношений. Пер. с английского В.В.Сапова. – Санкт-Петербург, 2000. – 743с.; Сорокин П. Человек. Цивилизация. Общество / Общ. Ред., сост. И предисл. А.Ю. Согомонов / Пер. с англ. – М.: Политиздат, 1992. – С.51-152.), биниши ҷомеаи инсонҳо аз назари тамаддунӣ (А. Тойнби) бо асрору мушкилиҳои нав ба нав рӯ ба рӯ шуд, ки назири онро ҷомеаи инсонӣ ёд надошт. Бартарӣ ва афзалият дар чунин ҳолатҳои маъюскунандаю нигилистӣ ногузир андешаи қисмате аз мардумонро боз ба домони андешаҳои теологию ғайриақлонӣ кашид. Ситораи саодатро, ки инсонҳо дар ҳаёти шахсиашон ва паҳнои замин пайдо накарданд, онҳо такроран иҷборӣ ба осмонҳо нигаристанд (А. Эйнштейн).
Ин ҳолати вазнини мафкуравиро ба гумон аст, ки кӯшишҳои эҳёи ғояи муҳаббати Мавлонои Балхӣ аз ҷониби Э. Фрому мактуби сохтае аз номи А. Эйнштейн ба духтараш Лизерл, дар бораи неруи оламгири муҳаббати инсонҳо ба якдигар ҳамчун қонуни фарохулбашари муҳаббат, ки болотар аз қонуни Нютону назарияи нисбияти Алберт эътироф шудааст, наҷот бидиҳад (Тайи солҳои охир (с. 2020) дар матбуоти ғарбӣ мактубе аз номи А. Эйнштейн ба номи духтараш Лизерл рӯи чоп, ки дар он дар асли қонунии ҳастии олам ва асрори ҳикмати вуҷуди инсонро муҳаббат эълон карда, неруи онро бузургтар аз қонуни ҷозибаю назарияи нисбият муаррифӣ кардааст. Ҳикмати мактуб воқеан бузургу тарбиявию ҳақиқатнигорона аз назари иҷтимоист, вале муҳаққиқон ба Эйнштейн мансуб доштани онро ба шубҳа кашидаанд). Чунин дарк мешавад, ки неруи аҳриманӣ ва шайтонӣ дар корҳои сиёсати башарӣ нисбат ба неруи инсонию ақлонӣ бештар муассиртар гаштаанд. Ин ҳама моҷарою бетартибиҳо дар ибтидои садаи ХХI моро азият медиҳад. Аламовару риққатовараш он аст, ки ҳамааш натиҷаи дасти мо инсонҳост.
Давом дорад.....
Рӯйхати адабиёт:
1. Бжезинский З. Великая шахматная доска. Господство Америки и его геостратегические императивы. –М.2006. –702с.
2. Каплан Р. Месть географии. Что могут расказать географичексие карты о грядущих конфликтах и битве против неизбежного/ Роберт Каплан, пер. с англ. М. Котова. М.: КоЛибри, Азбука-Аттикус,2016. – 364с.
3. Сорокин П. Социальная и культурная динамика. Исследование изменений в больших системах исскуства, истины, этики, права и обшественных отношений. Пер. с английского В.В.Сапова. – Санкт-Петербург, 2000. – 743с.
4. Сорокин П. Человек. Цивилизация. Общество / Общ. Ред., сост. И предисл. А.Ю. Согомонов.: Пер. с англ. –М.: Политиздат, 1992. – С.51-152.
Тойнби А. Цивилизация перед судом истории. Пер. с англ. В.И. Уколовой и Д. Э. Харитоновой, М. 2003. – С. 140-290.
5. Тойнби А.Дж. Исследование истории цивилизации во времени и пространстве. – М, 2009. – С. 22-200.
6. Фукуяма Ф. Сильное государство. – М, 2007. – 220с.
7. Хантингтон С. Столкновение цивилизаций / Пер. с англ. Т. Велимеева, Ю. Новикова. – М., 2003. – 603 с.
8. Харари Ю. Н. 21 урок для ХХ1 века.пер.с англ. Ю.Гольдберга. – М.: Синдбад. 2020.– С. 69-70.
9. Харари Ю.Н. Homo Deus: Краткая история будушего. Пер. С англ. А. Андреева. М.: Синдбад, 2019. 496с.
Холиқзода Амбдураҳим Ғафор – доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, Директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид – номзади илмҳои ҳуқуқ, сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти

Яндекс.Метрика