Миллати решабатаърихи тоҷик бо вуҷуди мероси гаронбаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқиаш бо амри тақдир дар масири таърих азиятҳои бемислеро кашидааст. Вале аз ин азиятҳои бемисли қарб ҳазор солаи таърихӣ дарси ибрат нагирифта, боз бо ҷурму иллатҳои мухталиф дар саргаҳи ин саодати сиёсӣ миллати тоҷик бо кашмакашҳои сиёсӣ ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ гирифтор шуд. Оташи фитна дар кӯчаю шоҳроҳои давлати ҷавон аланга зада манзили мардумро ба коми худ кашида, навҳаи модари тоҷикро ба само печонд. Оинаҳои нилгуни олам аз оташи ҷанги шаҳрвандии кишвари мо хабарҳо пахш мекарданд... Он рӯзгор кам касе ба фардои ободи кишвар бовар дошт… яъсу навмедӣ мафкураи мардумро фаро гирифта буду садои тиру тупи қумандонон тарсро дар кӯчаҳо паҳн мекард.
На суд, на прокурор ва на милисаю амният, балки яроқбадастон қазияҳоро ҳал мекарданд. Ҳатто иддае аз нафарони ин сохторҳо бо иллати бовару умедҳои сиёсиашон машваратчиёни гурӯҳҳои муқобили яроқбадастон буданд.
Ҷанги шаҳрвандӣ на танҳо хизматчиёни сиёсӣ, мақомоти қудратӣ, ҳатто иддаи зиёиёни нисбатан таҳаммулгароро (дуруст аст, ки зиёиёни сабукпо ва эҳсосотӣ дар ибтидо ба осиёби муноқишаҳо об рехта дар барафрӯхтани оташи ҷанг фаъол буданд) низ ба сангарҳо моил карда буд. Ҷанг ва фарҳанги замони ҷанг тадриҷан қишрҳои мухталифи ҷомеаро ба сангарҳо кашида буд. Вале бо мурури андак вақт ҳама одамони заррае аз хиради инсонӣ хабар дошта, новобаста аз тобеияташон ба гурӯҳҳои мухолиф эҳсос карда буданд, ки ҷанг роҳи халосӣ ва наҷоти миллат нест ва буда ҳам наметавонад. Барои ҳамаи ин гурӯҳи ҳушаш ба сар зада Роҳбари ваҳдатгарою созанда зарур буд. Роҳбари нав чунин шахс шуд.
Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ бо ташаббуси мардони фидокору ѓамхори миллат ҳамчун охирин нуктаи умеди халқ дар шаҳри бостонии Хуҷанд даъват шуд. Ҳарчанд, ки ҷумҳурии мо дар остонаи гузариш ба истиқлоли давлатӣ ба шакли идораи президентӣ қонунан майл дошт, амалан вазъият дар дасти низоми идораи парлумонӣ қарор дошт.
Бояд иқрор шуд, ки паҳнои парлумон то замони таѓйирпазирии сохтору роҳбарияташ, яъне то иҷлосияи таърихии ХVI-ум бо муноқишаю хархашаҳои дохилиаш ба осиёби муноқишаҳои сиёсӣ об рехта, лоиҳаи таҳмилии ҷанги шаҳрвандиро дар фазои сиёсӣ ногузир гардонд. Парламентаризми идоранашавандаи аз гурӯҳҳои мухталифи таҳти таъсири қудратҳои хориҷӣ қарордошта, ваколату салоҳияти конститутсионии Президентро бо ҳар роҳу восита маҳдуд карда, миллатро ба фоҷеаи бузурги миллӣ тела дод.
Парламентаризм дар заминаи пасти худшиносии миллӣ, сатҳи нокифояи фарҳанги сиёсӣ, осебпазир мондани фазои иқтисодӣ, нуфӯз гирифтани як ҷузъи хотираи таърихӣ бо дастгирии хориҷиён дар кори таҳияи дурусти мафкури миллӣ ба мушкилӣ мувоҷеҳ шуда, фазои ҳуқуқии кишварро мутобиқ ба озу ниёзи кулли мардуми Тоҷикистон на танҳо таҳия накард, балки бештар аз он бо тақсими нобаробари мафкураҳо ва андеша мусоидат карда, даст ба табдили ҳокимияти иҷроия зери ҳадафҳои аз хориҷ таҳияшуда зад. Президент таҳти фишор аз салоҳияти худ даст кашид ва падидаи президентӣ соли 1992 буѓӣ гашт. Бисёриҳо фикр карданд, ки ба мақсади нопоки худ ва хоҷагонашон расиданд, вале бехабар аз он буданд, ки парлумон ҳанӯз неруҳои солими фикрӣ ва фарзандони асили миллатро доро аст, ки бо таҳаммул ва хиради баланди инсондӯстӣ ба воқеот баҳогузорӣ намуда истодаанд.
Таърих аз хони худаш боз ба миллати мо тараҳҳум карда, дар шароити муайян ва тақдирсози таърихӣ аз ҳайати парлумони кишвар дар Иҷлосияи таърихию тақдирсози ХVI-уми Шӯрои Олӣ фарзанди фидокор ва сарсупурдаи миллатро ба сари қудрати сиёсӣ овард. Иҷлосияи таърихӣ он вақт барои миллати мо воқеан саҳифаи нави таърихро боз кард. Аҷиб он аст, ки дар он рӯзгор қисмате аз вакилони иштирокчӣ, имрӯз аз сабтҳо намудор мешавад, ки воқеан ба он амалкардҳо ва таъйини роҳбарияти нав ҳамчун аёми гардиши куллӣ муносибат менамоянд. Гӯё онҳо дар ҳамон лаҳзаҳо эҳсос карда буданд, ки чунин шахсро пайдо карданд.
Ба вижа садоқату савганди таърихии Роҳбари нав назди вакилон мӯйи бадани ҳар шунавандаро на танҳо он замон, балки бо гузашти солҳо ҳамчун нуктаи ибтидоии таѓйирпазирии зиндагии мардум ба ҷунбиш меорад. Чи ҷойи пардапӯшӣ, бояд иқрор низ шуд, ки он рӯзгор миёни вакилон низ нафарони дудила ва шубҳа дошта кам набуданд. Ҳатто бинобар бо ёдраси Роҳбари давлат он рӯзҳо иддаашон аз мансабҳои давлатӣ даст кашида, ҳамроҳи Роҳбари нав ба Душанбе омаданро қабул накардаанд. Шояд ин ҷо тарс аз ҷанг бошад, на боварӣ ба Роҳбар, вале ба ҳар ҳол воқеият чунин буда. Аммо бо ҳамон дудилагиашон ҳамаи вакилон умед ба оромию тинҷӣ доштанд ва маҳз ба ҳамин хотир қарори дастаҷамъиро қабул карданд.
Воқеият бо гузашти солҳо собит сохт, ки онҳо дар маҷмӯъ хато накарданд. Роҳи дурустро интихоб карданд фарзанди асили миллатро дастгирӣ намуданд ва номи худро ҳамроҳ бо роҳбарашон дар сафҳаи таърих ба ёдгор ҳамчун вакилони айёми гардиши куллии давлатсозӣ дар Тоҷикистон барои наслҳои оянда боқӣ гузоштанд.
Таҳлили мунсифонаи раванди шаклгирии давлати муосири Тоҷикистон муайян менамояд, ки мобаъд силсилаи ҳодисоти сиёсӣ дар самти таҳияи ҳокимияти давлатӣ дар шароити ноороми ҷанги шаҳрвандӣ, ташаккули низоми ҳуқуқӣ, оташбаси ҷанги шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ аз таҳдидҳои ҷаҳонӣ, барқарор намудани иқтисодиёти миллӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ ва дигар унсурҳои муҳимми ҳастии давлати миллии муосири мо бевосита ба амалкардҳои ҳамин фарзанди қаҳрамон ва худододи миллат вобастагӣ дорад.
Нахустин дастоварди бузурги Иҷлосияи таърихӣ
Масъалаи 7-уми Иҷлосия интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки бо қарори № 682 мувофиқи моддаи 109 Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешавад (Ахбори Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон соли 1992,№21-22. С. 14). Ҳамин қарори таърихии зери шумораи 286 ва таҳти рақами 682 қабулкардаи Шӯрои Олӣ, ки аз рақамҳои якхелаи бо тартиби гуногун ҷойгир шуда иборат буд, ба хонадони мардуми тоҷик умед оварда, ба давлатдории ояндаи ӯ нусрату шаҳомати беназир бахшид.
Интихоб интихоби таърихӣ ва тақдирсоз шуд. Воқеоти минбаъдаи кишвар бо имтиҳонҳои бузурги созандагию ободкорӣ шаҳодати дурустии онро бо имону виҷдону заҳматҳои шабонарӯзии Пешво ва халқи шарифи Тоҷикистон баҳснопазир гардонд.
Таърих собит кард, ки вакилон ин дафъа иштибоҳ накарданд. Замона бо гузашти ҳодисот, вақт бо муборизаҳои бешумор, таърих бо амалҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ исбот сохт, ки интихоб саривақтӣ, таърихӣ ва дуруст буд. Гузашти солҳо ва корнамоиҳои роҳбар-Пешво муайян кард, ки маҳз ҳамин интихоб аз бузургтарин ва асоситарин дастоварди Иҷлосияи таърихӣ буд, ки дигар музаффарияту дастовардҳои давлати моро сабаб шуда, ҳама арзишҳои неки давлатдориро атрофи худ муттаҳид кард.
Ҳикмати лотинӣ: «Ҳамон ҷанг одилона аст, ки вай ногузир аст, ҳамон яроқ муқаддас аст, ки дар вай охирин ва ягона умед боқӣ мондааст» («Ибо та война справедлива, которая необходима, и то оужие священно, на которое единственная надежда». Ниг.: Макиавелли Н. Государь. – М., 2010. – С. 289) аз ҷанбаи наҷотоварии миллат ба интихоби роҳбари вақти тоҷикон мувофиқ омад.
Тоҷикистон 31-юмин баҳори истиқлоли худро паси сар мекунад, корҳои зиёде дар фазои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ таи ин муддат ба сомон расиданд.
Ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёфта ваҳдати саросарӣ таъмин гашт, конститутсияи халқӣ қабул гардида, низоми ҳуқуқи кишвар таҳия шуд, нақбҳои Истиқлол, Шаҳристон, Хатлон, Озодӣ пайи ҳам бунёд гардида, зиёда аз 2400 км. роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ дошта ба маблағи 24 миллиард сомонӣ бунёд ва ба истифода дода шуда, шимолу марказ, марказу шарқи кишвар ба ҳам васл гашта, Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, рӯ ба табдили воқеии кишвари транзитӣ намуд, майдони боғу токзори кишвар ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шуда, масъалаи истиқлолият ва амнияти озуқаворӣ таъмин шуд, неругоҳҳои барқӣ обии Сангтуда 1, Сангтуда 2, Роѓун пайи ҳам сохта шуда зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор даромада, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ аз 17 миллиард киловатт – ба 21 миллиард киловатт – расонида шуда, истиқлолияти энергетикии мамлакат таъмин гашт.
Рушди бонизоми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ тайи чанд соли охир ба ҳисоби миёна дар сатҳи то 7% нигоҳ дошта шуда, Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли даҳҳо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид. Тоҷикон бо Пешвояшон дар ин тангнои таърихии 31 сола ҳаққи сиёсии худро ба давлати соҳибистиқлол назаран ва амалан собит сохтанд. Албатта, ин кори осон набуд. Паси ин ҳама созандагиҳо, бунёдкориҳо ва ободсозиҳо заҳмати шабонарӯзии фарзанди содиқ ва фарзонаи миллат Пешвои муаззами халқ Эмомалӣ Раҳмон ва боварӣ ва муттаҳидии мардуми Тоҷикистон меистод, ки иншо ва инъикоси он кори як мақола нест.
Дуюмин дастоварди бузурги таърихии Иҷлосияи ХVI. Таваҷҷуҳ намудан ба ташкили низоми дурусти идораи давлат, таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии низоми идора, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳимояткунандаи шаҳрвандон, таҳияи низоми судӣ, яъне бунёди як механизми мукаммали низоми идораи давлат, ки тавонад халқро аз балои омада халос намояд, аз дуюумин дастоварди бузурги иҷлосия буд, ки ба дили халқи дар кӯчаи сарсонӣ монда умед овард. Мардум аз бедавлатӣ ва садои тиру тупу фармони худкомаи сарлашкарон ба дод омада буданд. Яъне идораи давлатро бунёд кардан лозим буд, то ин ки низоми идораро аз ҷангиён гирифта, ҷангро хотима бахшида, мардумро ба ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ расонад. Ваҳдати миллӣ бидуни ин амалкард ѓайриимкон буд. Иҷлосия аз рӯзҳои аввал масъалаи мазкурро дар иртибот бо оташбас ҳамроҳ гузошта буд.
Дар рӯзномаи Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 масъала тасдиқ шуда буд. Масъалаҳои 1, 2, 14, 17 ва 19 ба қабул ва тағйиру илова ба санадҳои қонунгузорӣ нигаронида шуда буд. Аз ҷумла, масъалаи 17-ум ба авфи тарафҳо бо мақсади оташбас пешбинӣ гаштааст.
Аз назари таҳлилгарони илми ҳуқуқ панҷ гурӯҳи асноди меъёрии ҳуқуқие, ки Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олӣ қабул кард (Тахиров Ф. Т. Знаменательная дата. Значение Сессии Верховного Совета РТ в становлении демократического государства. Народная газета. – 2002. 28 марта), ду гурӯҳи аввал ба барқарорсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, гурӯҳи сеюм барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, гурӯҳи чорум барои ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва гурӯҳи панҷум ба самти муносибатҳои байналмилалӣ бахшида шуда буданд.
Гурӯҳи аввали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ташкили фаъолияти худи Шӯрои Олӣ ва эҳёи фаъолияти қонунии он ва гурӯҳи дуюм ба такмили низоми идораи ҳокимияти давлатӣ, иҷроия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нигаронида шуда буд. Дар ин иҷлосия қарорҳои Шӯрои Олӣ доир ба ҳайати роҳбарию ташкилии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳо ва комиссияҳои доимии Шӯрои Олӣ, изҳороти Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида (Шарифзода А., Фаттоев С. Эмомалї Рањмон наљотбахши миллат (Сиёсати дохилї ва хориљии Президенти Тољикистон дар солњои 1992-1995). Китоби 1. – Душанбе 2011. – С. 26-29), ҳайати нави Девони вазирон тасдиқ гардид.
Давом дорад.....
Рӯйхати адабиёт:
1. Азаркин Н.М. Всеобщая история юриспруденции. – М., 2003. – С. 312.
2. Ахбори Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон соли 1992,№21-22. С.14.
3. Макиавелли Н. Государь, – М., 2010. – С. 370-371.
4. Тахиров Ф. Т. Знаменательная дата. Значение Сессии Верховного Совета РТ в становлении демократического государства. Народная газета. – 2002. 28 марта.
5. Тоффлер Э. Третья вольна. – М.: ООО «Издательство АСТ», 1999. – С. 658.
6. Фрейд З. Болезнь культуры / Зигмунд Фрейд пер. с англ. А.Н. Анваера. –М.: АСТ, 2014. – 447 с.
7. Фромм Э. Здоровое общество // Избранные труды Карен Хорни и Эриха Фромма. – М., 1995. – С. 547.
8. Хабермас Ю. Демократия. Разум. Нравственность. – М., 1995. – С. 38.
9. Шарифзода А., Фаттоев С. Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллат (Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Тоҷикистон дар солҳои 1992-1995). Китоби 1. – Душанбе 2011. – С. 26-29
Холиқзода Абдураҳим Ғафор – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.