Вазири озода

 

Ҳикоят мекунанд, ки чун Абулқосим Абдулкарим ибни Ҳавозони Қушайрӣ (976-1072) бар Низомулмулки вазир (1018-1092) ворид мешуд, вазир аз ҷой бармехост ва ӯро хайра мақдам мегуфт ва бар ҷое муносиб менишонд. Аммо вақте донишманди дигар, ки Абдулмалик Абдуллоҳ ибни Абдуллоҳи Ҷувайнӣ (1028-1085), ки Имомулҳарамайн лақаб дошт, ворид мешуд вайро дар паҳлӯи худ менишонд вале камтар эҳтиром мекард. Сабаби ин корро аз вазири Салҷуқиён пурсиданд. Гуфт: Абулқосими Қушайрӣ вақте ба назди ман меояд аз корҳои ман интиқод мекунад, вале Имомулҳарамайн марову корҳоямро ситоиш мекунад.

Шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

Яндекс.Метрика