Вазъият ва дурнамои илми мантиқ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол

Имрўз мантиқ дар низоми илмҳои гуманитарӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд. Аз сабаби он, ки доираи донишҳои мантиқӣ хело доман афкандааст, бинобар ин барои омўзиши илми мантиқ, майлу завқ бояд боз ҳам афзунтар гардад. Чунки дониши мантиқӣ имконият медиҳад, ки шахс роҳҳои дурусти андешаю фикррониро аз худ кунад, фикри дурустро аз нодуруст фарқ намояд ва ҳангоми мулоҳизаю муҳокима бо хато ё иштибоҳ роҳ надиҳад. Агар хато ҷой дошта бошад, сари вақт ислоҳ карда шавад. Мантиқ илмест, ки дар раванди баҳсу мунозираҳо на фақат худро, балки музокиракунандаро метавонад назорат намояд. Табиист, ки чунин нишонаю  сифатҳои тафаккури эҷодӣ пеш аз ҳама барои омўзгор зарур мебошад. Донистани қоидаву қонунҳои мантиқ барои омўзгор имконият фароҳам меоварад, ки ў нутқи касбии хешро аниқ,возеҳу равшан ва бо далелҳои мустамад мураттаб намояд. Инчунин ҳангоми суҳбат бо донишомузон дар ҷараёни таълим, аз назаргузаронии корҳои хаттии онҳо зиддиятҳоро ошкор карда тавонад; инчунин нақшаи корӣ ва ҳуҷҷатҳои хизматиро дуруст тартиб диҳад ва ғайраҳо. Албатта барои ин омўзгор бояд тафаккури мантиқӣ дошта бошад.

Ташаккули тафаккури мантиқиро бидуни дониши мантиқӣ тасаввур кардан мумкин нест. Барои ин омўзгор ва шахсоне, ки ба фаъолияти фикрӣ машғуланд, бояд аз ин қонуну қоидаҳои илми мантиқ бархурдор бошанд. Мантиқ илмест, ки шаклҳо ва қонуну қоидаҳои тафаккури дурустро меомўзад. Тафаккур бошад инъикоси таъмими (умумиятдодашудаи) воқеият буда, тавасути забон (калима, гурўҳи калимаҳо, ҷумла) ифодаи худро меёбад. Яъне дар зинаи тафаккур воқеият тавассути мафҳумҳо инъикос мегардад. Дар адабиётҳои илмӣ ва таълимии муосир тафаккур ҳамчун мавзўи омўзиши фанни мантиқ, инъикоси бавосита ва умумият дода шудани ашё дар шуури инсон буда, воситаи муҳимтарини дониши илмӣ ба ҳисоб меравад. Тафаккур ҷараёни мураккаб, натиҷаи амалиёти фаъолона ва мақсадноки инсон буда, бо забон узван пайваст аст. Яке аз нишонаҳои тафаккури мантиқӣ дар он зоҳир мешавад, ки вай дар заминаи  инъикоси бевоситаи воқеият ташаккул меёбад. Инъикоси бевосита бошад, тавассути узвҳои ҳис дар шакли эҳсосу идрок ва тасаввурот сурат мегирад. Нишонаи дигари тафаккури мантиқӣ дар шакли мафҳумҳо инъикос гардидани ашёву падидаҳои олами зоҳир мешавад. Агар тавассути шаклҳои ҳиссии маърифат мо ашё ва хосиятҳои онҳоро бевосита дарк намоем, пас тафаккури таҷридӣ (абстрактӣ) имконият медиҳад, ки бидуни таҷриба ва маълумоти узвҳои ҳиссӣ аз як дониш дониши дигари то ҳол номаълум ба даст дароварда  шавад. Дар зинаи тафаккур, барои шинохти ашё зарур аст, ки ҳаргуна амсилаҳо ба монанди моделҳо, идеализатсияҳо, абстрактсияҳо, фарзияҳо ва чанде ба онҳо монанд конструксияҳо сохта шаванд, то ки тавассути онҳо моҳияти ашё ошкор гардад.

Тафаккури мантиқӣ имконият медиҳад, ки воқеият дар шаклҳои умумиятдодашуда дарк карда шавад. Яке аз ин гуна шаклҳо мафҳум мебошад. Мафҳум ин фикр дар бораи нишонаҳои умумию муҳими ашё, инчунин робитаю муносибатҳои байни ашё мебошад. Одатан ҳангоми ташаккули мафҳумҳо, гурўҳи ашё дар асоси нишонаҳои муҳим ва фарқкунанда, ҷудо карда мешаванд. Агар мо барои гурўҳи муайяни ашё силсилаи нишонаҳои умумию муҳимро номбар карда тавонем, пас метавон гуфт, ки нисбати гурўҳи мазкур мафҳум дорем. Масалан, маҷмўи нишонаҳои зерин мафҳуми «ҷиноят» - ро ташкил медиҳанд: амал ё ғайриамале, ки барои ҷомеа хатарнок, дорои айб ва сазовари ҷазо буда, қонунан собит шудааст; ё ин ки шакли геометрии ҳамвор, росткунҷа, ки тарафҳояш бо ҳам баробаранд, мафҳуми «мураббаъ»-ро ифода менамоянд; ташкилоти сиёсие, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳукмрон буда, барои пахш кардани муқобилияти гурўҳҳои иҷтимоӣ нигаронида шуда, муносибати онҳоро ба танзим дароварда, тартиботи мавҷударо муҳофизат менамояд, мафҳуми «давлат»-ро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, нишонаҳои умумии муҳим ва фарқ кунандае, ки барои тамоми давлатҳо мутааллиқро ҷудо карда, мо мафҳуми «давлат»-ро ташаккул медиҳем. Мисли ҳамин мафҳумҳои «ҷомеа», «қонун», «инсон», «омўзгор», «мураббӣ» ва ғайраҳо ташаккул меёбанд. Муҳаққиқон дониши ҳосилшударо ҷамъбаст намуда, тавассути тафаккури эҷодӣ қонунҳои табиат, ҷомеа ва маърифатро ошкор менамоянд ва ба моҳияти ин ё он ашё, қонунияти робитаи байни онҳо сарфаҳм мераванд.

Аз гуфтаҳои боло натиҷа бармеояд, ки тафаккури мантиқӣ назар ба шакли ҳиссии инъикоси воқеият баландтар буда, тавассути он инсон робитаҳои муҳим ва муносибати ашёро фаъолонаю мақсаднок идрок менамояд. Эҷодкорона дорои фикру андешаҳои нав гашта ба ҳамин васила падидаю зуҳурот ва амалиётро пешгўи менамояд. Албатта, чунин хусусиятҳои тафаккури мантиқӣ ва эҷодӣ дар фаъолияти касбӣ-педагогии ҷавонон нақши бузургро дорад. Шояд омўзгори оянда аз мо бипурсанд: нишонаҳои муҳимтарини тафаккури эҷодӣ кадомҳоянд? Пеш аз ҳама тафаккур раванди маърифати умумият додашудаи воқеиятро нишон медиҳад. Боз таъкид кардан ҷоиз аст, ки дар ҷараёни тафаккур мо мафҳумҳоро ташаккул медиҳем, ки дар онҳо зуҳурот ва падидаҳои воқеият дар шакли махсус таҷассум мегардад. Ташаккули мафҳумҳо дар робита бо ҷудо намудани кулл аз ҷумлаи чунин нишонаҳои муҳими ашё, ки барои дарки қонуниятҳои зарурӣ мусоидат менамоянд, сурат мегирад.

Дуюм, ин ки тафаккури мантиқӣ ҳамчун ҷараёни инъикоси воқеият дар худ хусусияти объективиятро (мудракиятро) таҷассум карда, мазмуни фикрро бо воқеият муқоиса менамояд. Ин ё он фикре, ки ҳамчун инъикоси робитаи байни ашё ва нишонаву хусусиятҳо пайдо мешавад, оид ба ҳақ ё дурўғ буданаш санҷишро тақозо мекунад. Ин чунин маъно дорад, ки тафаккури инсон барои нисбати ин ё он фикр ҳукм баровардан ба қазия ниёз дорад.

Тафаккури мантиқӣ метавонад воқеиятро на бевосита, балки бавосита дарк намояд. Ин чунин маъно дорад, ки тавассути тафаккури мантиқӣ мо метавонем на фақат чизҳоеро, ки бевосита бо узвҳои ҳис алақаманд дарк намоем, балки ашёву зуҳуротро дарк менамоем, ки онҳо бо умурҳои дигар дар робита бошанд. Ниҳоят, тафаккури мантиқӣ бо забон узван пайваст аст. Забон ҳамчун низоми аломатҳои  итиллоотӣ на фақат натиҷаҳои фаъолияти маърифатии инсонро ифода менамояд, балки он шарти зарурии ташаккули афкор, инчунин воситаи маҳзан ва ифодаи фикр мебошад. Чунин аст аломатҳои асосии тафаккури мантиқӣ ҳамчун раванди инъикоси воқеият.

Тафаккур чун шакли олии зоҳиршавии шуур табиатан фарҳангӣ аст. Фарҳанги тафаккур на дар барои куҳан будани тафаккур, балки оид ба замонавию навгонӣ будани он дарк медиҳад. Яъне тафаккури мантиқӣ бо талабот ва дархости замонаи худ зич алоқаманд буда, дастовардҳои интеллектуалии замонаашро бо назардошти тағйиротҳо инъикос менамояд. Эҳсосоти вақт кўшиш ба харҷ медиҳад, ки дар навбати худ таърихиятро таҷассум намояд, чунки тафаккури мантиқие, ки дар таърихияти худ ташаккул наёфтааст, зери таъсири мўд, конёнктураҳо ҷойгир шуда, тамоюли худро гум мекунад. Ягон  хел  нишонаҳои фарҳангӣ барои инсон аз даврони тавлидӣ дода нашудааст ва ба даст даровардани онҳо тақозо менамояд, ки инсон маҳорату  малакаи худро баланд бардорад. Барои ин ҳар як фард бояд мустақилона кўшиш ба харҷ дода машқ намояд.

Қобили тазаккурест, ки дар фаъолияти амалии инсон нақши тафаккур ва фарҳанги мантиқӣ хеле муҳим мебошад. Ҳар як фарде, ки қоидаҳои тафаккурро хуб медонад, фаъолияти худро мувофиқи ақлу хирад равона месозад, яъне меъёрҳои ҷомеа (масалан, меъёрҳои ахлоқӣ), қонун (дар меъёрҳои ҳуқуқӣ ифода меёбад) ва дигар меъёрҳо ва намунаҳо, ки дар соҳаи технологияи инноватсионӣ ва соҳаи фарҳанги муосир риоя карда мешаванд.

Омўзиши фанни мантиқ барои тарбияи маҳорат ва малакаҳои омўзгор кўмак расонида имконият фароҳам мерасонад, ки ў фикри хеш ва бегонаро возеҳу равшан карда тавонад. Донишҳои мантиқӣ шароит фароҳам меоварад, ки фард дар фаъолияти  касбӣ – педагогии худ маҳорати  далелҳои боварибахш оварданро пайдо намояд. Ин имконият медиҳад, ки ў дар баҳсу мунозираҳо хато ва иштибоҳи ҳарифро кушоду равшан ошкор намояд. Ниҳоят мантиқ ҳамчун аслиҳа, восита ва абзори (инструмент)-и  маърифат, барои ба даст даровардани дониши нав, ки он дар раванди донишҳосилкунӣ, зимни гузаштан аз дониши маълум ба дониши то ҳол номаълум сурат мегирад, нақши ҳалкунандаро иҷро менамояд. Аз ҷумла тафаккури мантиқӣ барои суханвар, нотиқ ва омўзгор шароит фароҳам меоварад, ки маводи мавзўи дилхоҳро возеҳу равшан баён кунад, то ки шунавандагон ё донишҷўён онро бе ягон мамоният аз худ намоянд. Инчунин тафаккури мантиқӣ фаҳмидани мазмуни таълимоти ҳаётан муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқиро осон мегардонад.

Мусаллам аст, ки мантиқ ҳамчун яке аз илми қадимтарин бо кӯшишу талошҳои Арасту ба низоми муайян даромадааст. Гарчанде баёноти нопурраи илми мазкур дар асари мутафаккирони Ҳинду Чини қадим дучор шавад ҳам, Арасту асосгузори илми мантиқ ба шумор меравад. Ӯ дар асари бо ном “Органон”-и хеш қариб тамоми мавзуоти илми мазкурро мавриди баррасию таҳқиқ қарор дода буд.

         Маъхазҳои мавҷуда гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳанӯз дар асрҳои ( IV-V) идеяҳои асосии мантиқи арастуӣ дар байни масеҳиёни суриягӣ паҳн гардид. Тарҷумаю шарҳҳои “Органон” барои муттафакирони асримиёнагии тоҷику форс заминае гузоштанд, ки онҳо масоили мухталифи мантиқро мавриди баррасию таҳқиқ қарор диҳанд. Ҳамин тариқ, суриягиҳо барои бо ҳам пайвастшавии кишвари Форс бо Византия – аз як тараф ва аз тарафи дигар,  кишвари Форс бо Ҳинд мусоидат карданд.

         Натиҷаи ҳамин буд, ки ба шаш рисолаҳое, ки ба “Органон” пайравони Арасту дохил карда буданд,  суриягиҳо ва мутарҷимони оянда боз ду рисолаи поягузори илми мантиқ “Хитоба” (“Риторика”) ва “Шеър” (“Поэтика”)-ро илова карданд. Пеш аз ин ба Органон “Исоғуҷӣ”-и  Порфирийро низ шомил карда буданд. Дар натиҷа асари “Органон” барои мутафаккирони тоҷику форс иборат аз нуҳ рисола дастрас гардид. Шаш рисолае, ки ба шомили “Органон” буданд, инҳоянд: “Мақулаҳо” (“Категорияҳо”) , “Ибора”, “Аналитикаи аввал”, “Аналитикаи дуввум”, “Топика” ва “Суфастоӣ”.

Асари “Органон”-ро чун китоби “нуҳгона” шуморидан иштибоҳ ба ҳисоб меравад. Чунки мутарҷимон рисолаи “Исоғуҷӣ”-и Порфирийро ба худи Арасту нисбат  дода буданд. Китоби “Исоғуҷӣ” чун қисмати “Органон” дар мероси мантиқии намояндагони машшоия ва муттакаллимон бо номи “Мадхал” машҳур гардид.

Муттафакирони баруманди тоҷику форс ба мисли Абубакри Закариёи Розӣ, Форобӣ, Ибни Сино, Котибии Қазвинӣ, Насируддини Тусӣ, Фахриддини Розӣ, Абуҳомид Ғаззолӣ, Мир Сайид Шарифи Ҷурҷонӣ, Саъддуддини Тафтазонӣ ва чанде дигарон аз таълимоти мантиқии юнониён на фақат бархурдор буданд, балки ҳар кадоми онҳо якчанд шарҳу ҳавошӣ ва асарҳои бузургҳаҷми  мустақилонаи хешро таълиф намуданд. Аз рӯи  китобу рисолаҳои онҳо дар мадрасаҳову марказҳои илмӣ хонандагон асосҳои илми мантиқро меомӯхтанд. Чунин анъана то ҳол дар мадрасаю мактабҳои  олии кишварҳои машриқзамин идома дорад.

Вақте, ки солҳои 50-уми асри ХХ аз тарафи поягузори илми фалсафаю мантиқ дар Тоҷикистони Шӯравӣ А.М. Баҳоваддинов аввалин бор “Донишнома”-и Ибни Сино ба забони русӣ бо муқаддимаи муфассал тарҷума  ва нашр шуд, ки ин дар таърихи омӯзишу баррасиҳо ва таҳқиқи мероси мантиқии мутафаккирони беназири халқи тоҷик падида ё воқеаи бузург ба шумор мерафт. Ин воқеаи таърихӣ барои баррасию таҳқиқ ва омӯзиши илми мантиқ дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳуриамон такон бахшид. Солҳои 60-уми асри гузашта аввалин шуда М.Н. Болтаев дар шаҳри Маскав рисолаи докториро ҳимоя карда, соҳиби унвони доктори илм дар соҳаи мантиқ гардид.

 Минбаъд зери роҳбарии М. Болтаев, Ҷ.Шамсиддинов рисолаи номзадиро ҳимоя намуд. Пас аз ду се  сол мантицшиноси муосири тоҷик Сайфуллоев  роҳбарии яке аз  мантиқшиносони маъруфи шӯравӣ Е.К. Войшвилло дар шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии ш. Маскав ба номи М.В. Ломоносов аввал рисолаи номзадӣ, чанд сол пас рисолаи докториро дифоъ намуд. Ҳамин тариқ, таълими фанни мантиқ дар макотиби олии ҷумҳуриамон бо таври қаноатбахш сурат гирифт. Ҳоло бошад дар масири соҳибистиқлолӣ ғайриқаноатбахш аст. Сабаби чунин ҳолат дар поён зикр хоҳад шуд.

Аз гуфтаи боло чунин натиҷагирӣ кардан мумкин аст: 1) мантиқ илмест, ки ҳангоми риояи талаботи қонуну қоидаҳои он зеҳн аз  лағжиш дар андеша боз дошта мешавад. Он кас, ки мантиқ биомўхт аз хатои андеша дар амон монд, мисли он, ки бо омўхтани наҳв (грамматика) аз хатогӣ дар гуфтугў дар амон мемонад. Ин ду роҳи таълим риоят шаванд, зеҳну забон аз хато тоза гардад ва инсон хирадманду муваффақ муаррифӣ шавад;

2) мантиқ аз ҷумлаи илмҳои олист ва барои дастёбӣ ба ҳадафи ғайр аз шинохти худ масъалаҳои хоси он ба кор бурда мешавад. Бо баёни равшантар, мантиқ ба омўзандаю омўзгор қоидаҳои умумӣ ва фарогири андешидани дурустро меомўзонад, то зеҳн ба андешаҳои дуруст ба ҳамаи илмҳо интиқол шаванд. Мутафаккирони баруманди асримиёнагии тоҷику форс методологияи илмии мантиқро ба инобат гирифта, онро «мизон» (тарозу), «меъёр», «сулам» (нардбон) ва «хидматгузори илмҳо» номидаанд.

Ба андешаи ман, нишондиҳандаи сатҳи тафаккур ва фарҳанги мантиқии донишҷўёне, ки касби омўзгориро интихоб кардаанд ин маҳорати ҳамеша мунтазам истифода бурда тавонистани қоидаҳо ва равишҳои (методҳои)  мантиқӣ, бо мисли таъмим (умумиятдиҳӣ) ва маҳдудкунии мафҳумҳо, таъриф, тақсим, таснифи мафҳумҳо, далеловарӣ ва радияи фикрҳо ва ғайраҳо аст. Бешубҳа сатҳи тафаккур ва фарҳанги манитиқии ҳар як инсон – шаҳрванд аз рўи маҳорати донистан ва истифодабарии қоида ва равишҳои дар боло зикршуда тавсиф мешавад.

Мутаасифона сатҳи таълими фанни мантиқ дар мактабҳои олии ҷумҳуриамон ба ин талабот ҷавобгў нест. Саволе пайдо мешавад, ки барои чи ҷавобгў нест? Якум, фанни мантиқро нафарҳое дарс медиҳанд, ки онҳо моҳияти илми мантиқро дарк накардаанд. Албатта онҳо аз рўи китобҳои мавҷуда барои донишҷўён дарс мегузаранд. Лекин ягон хел машқу мисолҳоро вобаста ба ин ё он мавзўъ ҳал намекунанд ва ҳатто худашон ҳал карда наметавонанд. Мусаллам аст, ки барои ташаккули тафаккури мантиқӣ дар асоси маълумоти назариявӣ донишҷў, унвонҷў ё аспирант бояд машқу мисолҳоро ҳал намояд. Танҳо бо ҳамин роҳ дар донишҷўён маҳорат ва малакаи тафаккури мантиқиро пайдо кунонидан мумкин аст. То ҳоле, ки онҳо барои мустаҳкам кардани дониши назариявиашон аз ҳалли машқу мисолҳо маҳруманд, аз донишҷўён талабкардани маҳорату малакаи тафаккури мантиқӣ аз имкон берун аст. Дуюм, яке аз омилҳои паст будани сатҳи тафаккур ва фарҳанги мантиқии ҷавонон ин барномаи таълимие, ки аз тарафи нафарони аз илми мантиқ бархурдор набуда, мураттаб шуда мебошад. Вақте, ки ба ин «барномаи таълимӣ» шинос мешавӣ, мутахассисони илми мантиқ ба ҳаяҷон меоянду аз фанни мазкур дилхунук мешаванд. Пеш аз ҳама барои он ки дар барнома ба ҷои ҳалли машқу мисолҳо оид ба фанни мантиқ, ба донишҷўён супориш дода  мешавад, ки онҳо порчаҳои алоҳидаи достони «Гулистон» - и Саъдии Шерозӣ ё ки ҷузҳои алоҳидаи ягон китобе, ки ба мантиқи муосир ягон иртиботе надорад, конспект (рўйбардор) намоянд. Кас намефаҳмад, ки аз чунин амал барои донишҷў чи фоидае  бошад. Оё Саъдии Шерозӣ мантиқшинос буд ва асари ў «Гулистон» вазифаи маҷмўаи машқу мисолҳо оид ба фанни мантиқро иҷро менамояд? Кас дар ҳайрат мемонад, ки гўё барои мавзўи «Хулосабарориҳои дедуктивӣ» дар дарси амалӣ «Гулистон»-и Саъдии Шерозиро конспект намоянд. Қобили тазаккурест, ки  барномаи таълимии ба стандарти чахони чавобгў, ки аз ҷониби муаллифи ин сатрхо мувофиқи дархасти Вазорат тартиб дода шуда буд, куҷо шуда бошад. Хамон вакт дар хадамоти Вазорат нафаре бо ном Махкамов Муҳаммадҷон адои хизмат мекард ва барнома ба дасти у супорида шуда буд.

Барномаи имрўз амалкунандае, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда, барои мактабҳои олии кишварамон тавсия шудааст,  барои раванди таълим иштибоҳи бузурге аст. Шояд такрор шавад, аммо боз таъкид менамоям, ки барои аз худ кардани илми мантиқ ва ташаккули тафаккури мантиқӣ, донишҷўён бояд ҳатман зимни қонуну қоидаҳо ва равишҳо (методҳо), инчунин бо истифода аз аппарати мантиқи муосир машқу мисолҳоро ҳал намоянд. Сеюм, илми мантиқро бо роҳи худомўзӣ (самоучка) аз худ кардан мумкин нест. Барои аз худ кардани фанни мантиқ шахс бояд тайёрии тахассусиро аз рўи ихтисоси «мантиқ» гузарад. Мантик зоҳиран илми гуманитарӣ бошад ҳам, бештар ба илми риёзиёт шабоҳат дорад. Аз ҳамин сабаб мувофиқи таснифоти улуми муосир фақат мантиқ ва риёзиёт ба гурўҳи улуми аниқ дохил мешаванд. Чи хеле ки илми риёзиро бе иштироки устод омухтан мумкин нест, мисли хамин мантиқро бидуни устод худсарона ё мустақилона омухтан имконнопазир аст. Таъкид кардан ҷоиз аст, ки низоми таълими давраи Шуравӣ беҳтарин низом ба шумор мерафт. Солҳои 60-70-уми асри гузашта барои гузаронидани машғулиятҳои лексионию  семинарӣ аз фанни мантиқ барои донишҷўён аз шаҳри Маскав ё дигар шаҳрҳои марказӣ профессорҳои машҳур даъват мешуданд. Масалан, профессорони забардасти даврони Шўравӣ Д.П.Горский ду маротиба ва Е.К.Войшвилло як маротиба даъват шуда буданд. Онҳо шогирд низ тайёр карданд. Ҳоло бошад, кор ба дараҷае расидааст, ки аксарияти омўзгорони фанни мантиқ  ба мазмун, мундариҷа ва моҳияти фанни мазкур сарфаҳм намераванд. Масалан, яке аз омўзгорони фанни мантиқ, ҳангоми дарс ба моҳияти саволи донишҷў сарфаҳм нарафта, чун ҷавоб гуфтааст, ки «мантиқ ин илми фач» ва бо ҳамин аз ҷавоби посух ҷони худро халос кардааст. Чаҳорум, вақтҳои охир дар кишвари маҳбубамон як зумра «муаллифони сохтаном» пайдо шудаанд, ки пайдарҳам оид ба фанни мантиқ китобҳои дарсӣ таълиф менамоянд. Мутахассисе, ки ба мазмун ва мундариҷаи ин китобҳо шинос мешавад ба ҳайрат меояд, чунки мундариҷаи китобҳоро ё тарҷумаи нодуруст аз муаллифони рус, ё ба ҳуруфи кириллӣ баргардонидани китобҳои дар Эрон чопшуда ташкил медиҳад. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки муаллифони китобҳои дарсӣ ба бисёр ҷойҳои китобашон худашон сарфаҳм намераванд.

Маълум мешавад, ки солҳои охир вазъияти илми мантиқ ба талаботи замона ҷавобгӯ нест. Пас суоле пайдо мешавад, ки чӣ бояд кард? Ба андешаи ман, пеш аз ҳама дар факултаи фалсафаи донишгоҳи Миллӣ аз рӯи ихтисоси “мантиқ” ҳар сол 4-5 нафар донишгҷӯро тайёр кардан айни муддао мебуд. Лекин амалӣ кунонидани ин кор ғайри имкон мебошад, чунки муттахассисони омӯзгор надорем, ки ба онҳо асосҳои илми мантиқро биомӯзонанд. Дуввум, курсҳои такмилиро аз рӯи ихтисоси мантиқ надорем, ки худи омӯзгорон сатҳи дониш ва маҳорату малакаашонро дар соҳаи мантиқ баланд намоянд. Саввум, Қобилият, маҳорату малакаи мантиқӣ на танҳо тавассути омӯхтани ва аз ёд кардани мавзӯъҳо, балки бо ҳал кардани машқу мисолҳо ташаккул меёбад. Аз ин лиҳоз донишҷуён ба ҳалли машқу мисолҳои мантиқӣ диққати махсус диҳанд. Ҷаҳорум, барои тайёр кардани мутахассисони ҷавон дар соҳаи мантиқ бояд чанд нафар хатмкунандагони болаёқати факултаи фалсафа ва ё риёзиёт барои таҷрибаомўзӣ ба донишгоҳҳои хориҷӣ алалхсус ш. Маскав ба номи М.В. Ломоносов ё донишгоҳи Санкт-Петербург равона намоем. Ё ин ки ба онҷо донишҷӯёнро  ба ихтисоси “мантиқ” бояд равона карда шавад. Танҳо бо ҳамин роҳҳо мо метавонем минбаъд барои рушди илми мантиқ такон диҳем.

Дар хотимаи мақола, таъкид кардан ҷоиз аст, ки барои илми мантиқ чунин рафтор кардан лозим нест, зеро мантиқ илми ҷиддӣ аст ва дуруст аз худ кардани он бе ягон шубҳа барои ташаккули тафаккури мантиқӣ ва ҷаҳонбинии илмию фалсафии ҳар як фард воситаи муҳим мебошад. Дар хотир дошта бошем, ки яке аз вазифаи илм – танқид аст. Чунки илм бе танқид ба догма табдил ёфта, боиси ташаккули тафаккури догматикӣ мешавад. Бинобар ин, аз гуфтаҳои боло бояд ягон фард наранҷад, зеро вазифаи муҳимтарини рушди илм ин танқид аст.

 

Нуриддин Муминзода - сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

Яндекс.Метрика