ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Парчам яке аз нишонаҳои давлат буда, дар он ҳастии миллати давлатдор ифода меёбад. Парчам таърихи қадима дошта, аввалин бор аз ҷониби Коваи оҳангар бар зидди зулму ситами Заҳҳок истифода шудааст. Парчам мутаҳидкунандаи халқу миллат аст. Парчам нишонаи ҳастии халқу миллат буда, дар он орзую омоли халқу миллат, мақсаду мароми он ва боигарии давлат тасвир ёфтааст.
 
Вазъи ҳуқуқии парчами давлатӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, муайян карда шудааст.
 
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 06.11.1994 с.) вазъи ҳуқуқии Парчами давлатӣ дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ мустаҳкам карда шудааст. Дар моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Рамзҳом давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст» [1, с. 2].
 
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни алоҳида дар санаи 12 майи соли 2007 оид ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, ки дар он вазъи ҳуқуқии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ муайян гаштааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 12.05.2007 с., № 254) аз дебоча, 5 боб ва 13 модда иборат аст.
 
Дар дебочаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 12.05.2007 с., № 254) гуфта шудааст, ки Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Қонуни мазкур моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди Миллиро муқаррар мекунад. Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад [2].
 
Боби 1-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 12.05.2007 с., № 254) «Муқаррароти умумӣ» ном дошта, чор моддаро дар бар гирифтааст. Дар онҳо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатӣ, тасдиқи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасвири Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст. Дар онҳо чунин омадааст: «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад» (моддаи 1); «Парчам, Нишон ва матну оҳанги Суруди Миллиро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд» (моддаи 2); «Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба андозаашон, бо риояи дақиқи ҳаҷму ранги асл бояд тасвир карда шаванд» (моддаи 3); «Тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад» (модааи 4).
 
Боби 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 12.05.2007 с., № 254) «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дошта, ду моддаро дар бар гирифтааст. Дар онҳо тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаяйн карда шудааст.
 
Мувофиқи қисми 1-уми моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл ба таври доимӣ афрохта мешавад:
1) дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;
2) дар болои биное, ки ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, маҷлисҳои ҷамоати шаҳрак ва деҳот гузаронида мешаванд;
3) дар толорҳои ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷаласаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, маҷлисҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;
4) дар утоқҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар биноҳое, ки барои гузаронидани чорабиниҳои расмӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд, утоқҳои кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ, роҳбарони мақомоти дигари идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раисони судҳои ҳарбӣ, раисони судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раисони судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурорҳои нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо, прокурорҳои ҳарбии гарнизон, прокурорҳои назорат аз рӯи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ сарони намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;
5) дар қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (мутобиқи оинномаҳои ҳарбӣ), гузаргоҳҳо, дидбонгоҳҳо ва нуқтаҳои гумрукии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Мувофиқи қисми 2-юми моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчунин дар ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо ба сифати рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохтан мумкин аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо арзи эҳтиром Парчами давлатиро истифода намоянд.
 
Мувофиқи қисми 3-юми моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вақти афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парчами ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ё дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, паҳно ва баландии ин парчамҳо набояд аз паҳно ва баландии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон калон бошад. Ҳангоми дар як вақт афрохтани шумораи тоқи парчамҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мобайн ва дар мавриди афрохтани шумораи ҷуфти парчамҳо аз марказ дар тарафи чап ҷой дода мешавад.
 
Мувофиқи қисми 4-уми моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин афрохта мешавад: 1) дар воситаҳои нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ҳайатҳои давлатӣ ва ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарони намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва ё шахсони дигар мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; 2) дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии раъйдиҳӣ; 3) дар рӯзҳои ид ва ҳангоми баргузории чорабиниҳои тантанавӣ дар иншооту биноҳои маъмурӣ ва иҷтимоиву маишии давлативу хусусӣ, биноҳои истиқоматӣ, ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо; 4) ҳангоми эълони мотам Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мотамӣ афрохта мешавад: ба чӯбдаста (меҳвари фулузи)-и Парчам матои тасмашакли сиёҳ баста мешавад, ки нӯгҳои он бояд то қисми поёнии Парчам овезон бошанд. Дар сурати ба чӯбдаста афрохтани Парчам ҳангоми мотам Парчам ба андозаи 1/3-и дарозии чӯбдаста хам карда мешавад.
 
Мувофиқи қисми 5-уми моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вақти маросими мотами шаҳрванди фавтида (ҳалокгардида) аз рӯи эҳтироми ҳарбӣ, ки Оинномаи ҳарбӣ пешбинӣ намудааст, тобути марҳум бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пӯшонида мешавад. Пас аз гӯронидан Парчами давлатӣ ба наздикони марҳум дода мешавад.
 
Тибқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад: 1) дар ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва киштиҳое, ки дар қайди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд; 2) дар асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коғазҳои қиматнок ва лотереяҳои пулию молии давлатӣ; 3) дар нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 4) дар нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ ва вакили ҷамоат; 5) дар нишони сарисинагии хизматчиёни давлатӣ; 6) дар ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, хиёбонҳо, гулгаштҳо, лавҳаҳои телевизионӣ ва дигар нашрияҳои давлатӣ ҳамчун рамзи давлатӣ; 7) дар аломатҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёт, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Барои беэҳтиромӣ ва таҳқир ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҳуқуқӣ пешбини карда шудааст. Ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷавобгарии ҷиноятӣ.
 
Мувофиқи моддаи 483(1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 31.12.2008 с., № 455) барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051), ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051) [3].
 
Мувофиқи моддаи 342 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 21.05.1998 с., № 574) барои таҳқир кардани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 17.05.2024 № 35), бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то як сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2024 № 35, аз 6.10.2008 № 422) [4].
 
Ҳамин тариқ, вазъи ҳуқуқии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ҳолати ҳуқуқии онро мустаҳкам менамояд. Доштани Парчами давлатӣ боиси ифтихору сарбаландӣ буда, эҳтирому гиромидошти он вазифаи ҳар як шаҳрванд аст.
 
Адабиёт:
 
1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо забони тоҷикӣ ва русӣ). – Душанбе, 2016. – 64 с.
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 12.05.2007 с, № 254) // https://mmk.tj
3. Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 31.12.2008 с., № 455) // https://mmk.tj
4. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 21.05.1998 с., № 574) // https://mmk.tj
 
Шоев Фируз Маҳмадаминович – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Яндекс.Метрика