ВАРЗИШ ҚОСИДИ СУЛҲ АСТ!

Ҳамасола 10 – уми август дар кишварамон Рӯзи варзишгарон бо як шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
Барои мо – ҷавонон ҳамчун созандагони боэътимоди Ватан мояи ифтихор ва сарбаландист, ки дар партави сиёсати дурандешона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони мо сол аз сол саҳми худро дар пешрафти ин соҳа гузошта истодаанд.
Варзиш барои насли ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дӯстиву бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқу миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди байни халқу миллатҳо хизмат мекунад.
Ҳаракатҳои оммавии варзишии ҷаҳонӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ ва мусобиқаҳои умумии ҷаҳон борҳо собит намудаанд, ки варзиш дорои қудрати бузурги созанда дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Имрӯз яке аз ҳадафҳои асосии варзиш ҳамчун қосиди сулҳ дар ҷаҳон маҳз ҳамин аст.
Ё ба таъбири дигар, варзиш василаи беҳтарини муаррифӣ намудани давлату миллат ба ҳисоб рафта, мардуми мо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд доштанд.
Бо ифтихор метавон зикр намуд, ки имрӯзҳо варзишгарони тоҷик дар қатори ҳазорон шаҳрвандони ба нангу номуси Тоҷикистон дар ин соҳа хизматҳои шоиста намуда, баҳри баланд гардидани нуфузу эътибор ва шарафи Ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, он маҳз ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад.
Боиси зикр аст, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар дарвони 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Соҳаи варзиши мамлакат аз ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумурии Тоҷикистон заминаҳои аввали худро аз таъсису барқарор намудани муассисаҳои варзишӣ, баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаӣои байналмилалӣ аз сари нав оғоз намуданд.
Маҳз бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон буд, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз қадамҳои аввал фаъолияти худро оғоз намуда, дар ин самт як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
Бо мақсади таъмин намудани рушди босуботи соҳаи варзиш давра ба давра баронмаҳои соҳавӣ қабул гардида истодааст.
Тавре маълум аст, варзиш қосиди сулҳ ва ваҳдати миллатҳо ба ҳисоб рафта, он беҳтарин воситаи таҳкими дӯстӣ ва якдилӣ ба ҳисоб меравад. Мавриди зикр аст, ки тайи чан соли охир бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардида, он ҳамчун воситаи муҳими эҳё ва рушди маҷмўи бозиҳои миллии варзишӣ баромад менамояд.
Қобили қайд аст, ки эҳё намудани намудҳои миллии варзиш аз ҷониби аҳолӣ хуб пазируфта шуда, дар рафти баргузории чорабиниҳо бештар наврасону ҷавонон бо мақсади ба таърих, фарҳанг, расму оийн ва анъанаву суннатҳои тоҷикона баҳри баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоњӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ аз арзишҳои миллӣ, ҳамзамон, тарғибу ташвиқ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим рӯ меоварданд.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки варзишро ҳамчун қосиди сулҳ ва беҳдошти саломатӣ арзёбӣ карда, ба қадри суботу оромӣ бирасем ва аз пайи омӯзишу бунёдкорӣ, рушди иқтисодиёт ва пешрафти дигар самтҳои кишвари азизамон –Тоҷикистон бошем.

Мудири шуъбаи ҷавонони
КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Н. Ҳомидзода.

Яндекс.Метрика