Васият: мафҳум ва моҳияти он

Васият дар луғат ба маънои аҳд ва  паймон буда, бинобар иртиботи он бо майит, онро васият номидаанд. Фақеҳони мактабҳои ҳуқуқӣ доир ба маънои истилоҳии он таърифҳои  гуногуне пешниҳод кардаанд, ки таърифи ҳар як мактаб дар мафҳум ва моҳият аз ҳамдигар мутафовит мебошанд. Масалан:
 
1.Фақеҳони мактаби ҳанафӣ васиятро чунин таъриф кардаанд: молик гардонидан пас аз марг  бовоситаи ҳадя кардан, баробар аст ҳадя кардан  мол ё манфиат бошад. (Ат Таърифот. С. 326. Раддул мухтор ало Дуррил муҳтор ҷ 6 с 647-648).
 
2.Мафҳуми васиятро фақеҳони мактаби моликӣ чунин ба риштаи таҳрир даровардаанд: васият шартномаест, ки танҳодарсеякимол  ҳуқуқробавуҷудмеорад.(Асҳалул мадорик, ҷ .2 с. 327.)
 
3.Ба гуфтаи фақеҳони мактаби шофеӣ васият ин ҳадяи ҳуқуқи иловагӣаст, агар чанде баъд аз мавт муқаддар бошад.(Ал-Баён фи мазҳабиш шофиъӣ, ҷ.8 с. 147).
 
4.Вожаи васият дар истилоҳи фақеҳони мактаби ҳанбалӣ  чунин ироа шудааст: васият соҳиб шудани ҳакқи амал аст баъд аз марги муваррис. (Кашшофул қанноъ, ҷ. 4 с. 335. Ал Муғнӣ ҷ. 8 с. 389).   
 
Машруъияти васият:
 
Машруъияти васият бо Қуръон, суннат ва иҷмоъ собит шудааст, яъне сарчашмаҳо барои анҷом додани адои васият китоб, суннат ва иҷмоъ аст.
 
1.Куръон: сухани Парвардигор аст (Ҳаргоҳ яке аз шуморо марг фаро расад ва моле бар ҷой гузорад, муқаррар шуд,ки дар бораи падару модар ва хешовандон аз рӯйи инсоф васият кунад. ва ин шоистаи парҳезгорон аст. (Сураи Бақара. ояти 180). Ва ҳамин оят яъне ояти 180 сураи Бақара мансух шуда бошад ҳам, ҳамчунон, ки ҷумҳури муфассирон ва фақеҳон ёдоварӣ кардаанд, он насх дар ҳаққи шахси меросбаранда буда, наздиконе, ки мерос намебаранд васият дар ҳаққи онҳо боқӣ ва машруъ аст.
 
2.Суннат: Саъд ибни Абий Ваққос ҳадисеро ривоят мекунад: Саъд мегўяд баргашт назди ман Паёмбар дар ҳаҷчатул видоъ аз дарде, ки ба ҷуз марг заррае шифо умед набуд, гуфтам: эй паёмбар ончи мебини аз дард бар ман расидааст, ба ҷуз як духтарам дигар меросбаре надорам, оё аз се ду ҳиссаи моламро садақа кунам? Паёмбар гуфт: На! Саъд гуфт: Гуфтам оё садақа кунам нисфашро? Паёмбар гуфт: На! Саъд гуфт: сеяки моламро садақа кунам? Паёмбар гуфт: сеякашро ва сеякаш бисёр аст.Ворисони худро сарватманд гузоштан беҳтарастазон,кионҳоро фақир бигузорӣ, ки мардумгадоӣ кунанд. Нафақадиҳанданестӣ, нафақаеро дар ҷустуҷӯиризои Парвардигор магар подош дода мешавӣ дар ивази он ҳатто луқмаеро, дар даҳони ҳамсарат мегузорӣ.(Бухорӣ, китобул васоё, боби алвасия бисулус, ҳадис, 2744. Фатҳул борӣ ҷ. 5 с. 434-435. Ҷ.7 с. 712).
 
Абдуллоҳ ибни Умар ҳадисеро аз Паёмбар ривоят мекунад: ин, ки Паёмбар гуфт: Ҳеҷ чизе нестбарои инсони мусулмон, дар он чи васият кардааст ду шаберо  гузаронда бошад, магар ин ки васияташ дар назди ў навишта шудааст. (Бухоркитобулвасоё боби алвасия бисулус, ҳадис, 2738. Фатҳул борӣ ҷ. 5 с. 419.  Саҳеҳул Муслим фи китоб алвасия бобул васия  бисулус, ҳадис, 1627. Шарҳ аннававӣ ало Саҳеҳил Муслим ҷ. 4 с. 245).
 
Абуҳўрайра ҳадисеро аз Паёмбар ривоят карда мегўяд: Паёмбар гуфт: Парвардигор садақа мекунад бар шумо сеяки молатонро баъд аз вафоти шумо илова бар амалҳое, ки шумо анҷом додаед.(Ибни Моҷа фи китобил васоё бобул васия би сулус, ҳадиси, 2709. Аҳмад фи сунани Абидардо, ҳадиси, 27482).
 
3.Иҷмоъ: Донишмандони садри аввал ва онҳое, ки баъди садри аввал омаданд, бар машруъияти васият итифоқ карданд. Ва васият аз беҳтарин он чизе аст, ки инсонро баъд аз маргаш фоида мерасонад.
 
Шартҳои иҷрои васият:
 
Дар умум шартҳое вуҷуд доранд машруъияти васиятро ҳифз мекунанд ва васият таввасути онҳо амалӣ мегардад.
 
Шарти аввал он аст, ки васият бояд аз сеяки мол зиёд набошад, ва ин шартро ҳадиси Саъд ибни Абий Ваққос ва ҳадиси Абу Ҳурайра собит кардааст, ки дар боло онро зикр кардем.
 
Шарти дуюм он аст, ки васият барои бегона (шахсе, ки меросбар нест) бошад, яъне васият барои ворис набошад, зеро васият барои вараса ҷоиз нест. Паёмбар дар ҳаҷҷатул видоъ баъд аз нузули оятҳои мерос гуфт: Бешак Парвардигор барои ҳар соҳиби ҳак ҳақашро ато фармуд. Пас васияте барои вараса нест.(Аттирмизи фи китоби ал васоё боб мо ҷоа ло васята ли ворисин, ҳадис, 2120).
 
Шарти сеюм он аст, ки васият мубоҳ (ҷоиз) мешавад агар  машруъият дошта  бошад. Монанди бинои масҷид, табъу нашри китобҳо ва монанди инҳо.
 
 
 
Сармутахасисси шуъбаи пажўҳиши ҳуқуқи исломӣ Наботов М.А.
Яндекс.Метрика