Васфи модар, зан ва хоҳар аз забони бузургони адабу шеъри ҷаҳон (ба муносибати рӯзи Модарон)

Дар васфи  модар, зану хоҳар хеле навиштаанду боз менависанд ва хоҳанд навишт. Месазад гуфт, ки тамоми адабиёти олам бо ҳар забону гӯишҳо дар бораи симои зан ва мавқеи ӯ дар ҷомеа мисолу масалҳои хуберо халлоқона баён кардаанд, ки дар байни онҳо олимону суханварони минтақаи Осиёву Аврупову Африқо, аз ҷумла  Тоҷикистон, Ҳинду Покистон ва кишварҳои арабӣ низ мавҷуданд. Дар ҳақиқат лафзи ё ибораи “Модар” ба тоҷикӣ, мать ба рӯсӣ, мother ба ангисӣ ва ماں  ба урду як вожаи кӯчак буда, ҳарфҳояш хело кам мебошанд, аммо дар он бузургтарин маъниҳои ишқ, лутфу меҳрубонӣ ва фидокорӣ мавҷуд аст, ки бо  бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро меҷунбонад.

Ё ба қавли арабҳо;

الأم كلمة صغيرة وحروفها قليلة لكنّها تحتوي على أكبر معاني الحبّ والعطاء والحنان والتّضحية

Дар ин зимн, Розия Озод аз модарони муборизе мебошад, ки ба миллати мо донишмандону ҷасурон ҳадя карда, Бобоҷон Ғафуров- ро тарбият карда ба воя расонид, ки имрӯз аз қаҳрамонони Тоҷикистон мебошад.Ин модари меҳрубону азиз аз шоироне буд, ки  бо шеърҳояш моро ба сӯи илму дониш ва худшиносӣ раҳнамоӣ мекард. Дар яке аз шеърҳояш зери унвони “Насиҳат ба фарзанд” чунин мефармояд:

Мекунам бо ту насиҳат, эй писарҷон, гӯш дор,

Модари пурдидаат гӯяд суханҳо, ҳуш дор.

Дар ҷое дигар чунин мегӯяд:

Баҳри ҳифзи модари худ, баҳри ин мулки кабир,

Гар шавад лозим, бикур ҷони азизи худ фидо..

Ҳамин тариқ, дар шеъри дигари худ зери увнони “Ба занони озод” модари меҳрубон чунин хитоб мекунад:

Омад иди бахту иқболи занон,

Ҳаштуми марти шарафноки азиз.

Мужда овард аз баҳор, эй дӯстон,

Субҳи ӯ дар кӯҳу дашти сабзхез.

Зимнан яке аз маъруфтарини онҳо шоир ва файласуф Муҳаммад Иқбол (1877-1938)  мебошад. Инҷо ба маврид аст то назару андешаҳои Муҳаммад Иқболро дар шинохт ва эҳтироми зан дар  маҷмӯаи ашъори урдуаш  қисматеро зери унвони «Аврат» (зан) тахсис додааст, ки аз бузургӣ, фарзонагию шарофати зан моро хабардор карда, чунин васф мекунад:

 

وجود زن سے ہے تصویر کائنات میں رنگ

اسی کے ساز سے ہے زندگی کا سوز ِ دروں

(علامہ محمد اقبال)

Вуҷуди зан си ҳе тасвири коинот ме ранг,

Иси ка соз си  ҳе зиндаги ка сузи дарун.

Яъне, аз вуҷуди зан тасвири  коинот рангин мешавад ва аз ҳамин олиҳаи ҳусн зиндагиву сӯзи дарун  пайдо мегардад. Симои дурахшони олам аз мавҷудияти зан  буда, ба худ рангу бӯи хоси худро мегирад.Зеро ӯ  ба мисли созест, ки метавонад раҳму шавқатро бедор карда, дили инсонҳоро гарм нигоҳ дорад.

Ҳамин тавр, шоир ва файласуфи араб Абулъалои Мааррӣ , ки номи аслияш Аҳмад ибни Абдуллоҳ ибни Сулаймон буда,соли 973 дар маҳаллаи Маарра, Сурия таваллуд шуда, санаи 1057 дунёро падрӯд гӯфтааст. Дар байни адибон ба Хайём-и араб ёд мешавад , дар яке аз шеърҳояш чунин фармӯдааст: 

العَيْـشُ مَاضٍ فَأَكْـرِمْ وَالِدَيْـكَ بِـهِ 

والأُمُّ أَوْلَـى بِـإِكْـرَامٍ وَإِحْـسَـانِ

 وَحَسْبُهَا الحَمْـلُ وَالإِرْضَـاعُ تُدْمِنُـهُ 

أَمْـرَانِ بِالفَضْـلِ نَـالاَ كُلَّ إِنْسَـانِ

https://mawdoo3.com/ ( 6-уми марти 2023)

Яъне, зиндагӣ равону   гузарон аст. Лиҳозо падару модарро эҳтирому қадрдонӣ бояд кард. Модар сазовори иззату эњтиром аст. Ҳамлу нигоҳибини даврони ҳомиладорӣ ва ширдиҳӣ аз бузугртарин хидматҳои ӯст, ки бо фазли ҳамин ду кори модар  ҳар як инсон ба  воя мерасаду камол меёбад.Дар ҳақиқат вожаи МОДАР шомили меҳру муҳаббат, озодиву ободӣ,дарду дармон,ашку армон ва раҳму рафоқат буда, башариятро дар олами ҳастӣ дарси латофату садоқат ва ҷасорату шарофат меомӯзонад.

Хулоса, арҷгузорӣ ва эҳтироми модар,зан, хоҳар қарзи фарзандии ҳар яки мо буда, бояд доимо омодаи хидматашон бошему бо чашми хираду адаб онҳоро назар намоем.  Бузургдошти рӯзи Модар  бо  қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканоре ки дорад, муборак боду ҳамеша солиму саодатманду шарафманду ҷасур бошанду ҳамроҳи мардон Ватанро озоду орому обод нигоҳ доранд.

 

Мирсаид РАҲМОНОВ,

Институти Осиё ва Аврупои АМИТ

 

Яндекс.Метрика