ВАТАНДОРӢ МАСЪУЛИЯТ АСТ!

Вожаи муқаддаси Ватан солҳои охир дар Тоҷикистони азиз беш аз ҳарвақта вирди забони мардуми мо ва, хусусан аҳли илму адабу қаламкашон аст.

Чаро? Зеро масъулияти ватандорӣ дар даврони навини соҳибистиқлолӣ халқу миллати моро бештар фаро гирифтааст.

Барои халқе, ки пас аз асрҳои вобастагиву гирифторӣ ба озодии сиёсӣ расидаву соҳиби давлату Ҳукумати худ, соҳиби обу замини худ гардидааст, боло гирифтани қадрдонӣ аз Ватан ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ як зуҳуроти табиист.

Имрӯзҳо вожаи Ватан бо як оҳанги хосе ба забон гирифта мешавад, ки ҳам ифтихор дораду ҳам изтироб ва ҳам масъулияти баландро дар ниҳодамон бедор мекунад.

АБДУЛЛОҲИ ҚОДИРӢ - САРДОРИ ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

Яндекс.Метрика