ВАТАНДӮСТӢ - МУҚАДДИМАИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИСТ

“То даме, ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотираҳои таърихӣ, ифтихор аз мансубияти миллӣ дар шуури ҳар яки мову шумо падид наояд, то даме, ки мо манфиатҳои миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиром нагузорем, то даме, ки хидмат ба Ватан ва миллат бароямон ба арзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намерасем”.
Эмомалӣ Раҳмон

Сиёсати ватандӯстии шаҳрвандон қисми таркибии сиёсати давлат ба ҳисоб рафта мазмуни асосии онро ҳимояи бевоситаи сарзамин, Ватан, давлат, ҷомеа ва ҳифзу нигоҳдошти сулҳу амният, субот ва ваҳдату ягонагӣ дар он ташкил медиҳад.

Бо назардошти мазмуни болозикр сиёсати ватандӯстӣ дар худ арзишҳои олии инсонӣ ҳифзи номусу шараф, ифат, покӣ, рӯҳи гузаштагон, хуну ҷони модарону кӯдакон ва дигар табақаҳои осебпазир, ному тоҷ, озодӣ ва ҳақи таърихиро инъикос менамояд.
Бо дарки ин масъулият ва рисолат, гузаштагони мо ҳамеша арзишҳо ва мазмуни болозикрро бо ифтихору саодатмандӣ ҳифз сохтаанд, ки он инъикоси худро дар андеша ва афкори бузургони миллат ёфтаанд.

Ба ҳама маълум аст, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти миллӣ ва давлатӣ дар Тоҷикистон моҳият, мазмун ва аҳамияти истиқлолияти миллӣ, пайдоиши давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ, ваҳдати миллӣ худшиносии тоҷикон характери оммавӣ гирифтааст ва ба ин мавзӯҳои актуалӣ диққати махсус дода мешавад. Таҷрибаи зиёда аз 30 солаи истиқлолияти миллӣ ва давлатии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар ин ҷода махсусан мавқеъи олимону зиёиён ва таҷрибаи мақомотҳои калидӣ нақши ниҳоят бузург доранд. Сараввал сухани онҳо аз мафҳуми худшиносӣ садо медиҳад.

Худшиносии миллӣ барои мо чи зарурият дорад. Авввлан доири маҳфуми худшиносии миллӣ андеша намоем. Мо бояд ба кулли ба ин мафҳум ошно бошем. Яъне, худшиносии миллӣ дорои хусусиятҳои инсонӣ ва дар зиндагӣ асоси шуури ҳар як шаҳрвандро ташкил медиҳад ва гузаштаро бо имрӯз мепайвандад ва ояндаи ҳар як қавмияту миллатро муайян месозад. Зери ин мафҳум ҳар як инсон бояд миллати худро шиносад ва ба он эҳтиром гузорад. Халқи тоҷик аз ибтидои пайдоиши худ то имрӯз дар ҳар як дару замон ва марҳилаҳои таърихӣ ба монеаву душвориҳо нигоҳ накарда, барои истиқлолияти миллии худ мубориза бурдааст.
Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати тарбияи ахлоқиро асоснок карда нишон медиҳад, ки дар шароити ниҳоят тезу тунди раванди ҷаҳонишавӣ ва “бархурди тамаддунҳо” ва дар ин қатор сохтори ҷомеаи демократӣ ва барпо намудани давлати навини ҳуқуқбунёди дунявӣ вазифаҳои тарбияи ахлоқӣ то рафт мураккаб мегарданд.

Бинобар ин Ҳукумати Ҷумҳурии ва давлати Тоҷикистон дар таърихи 2- ноябри соли 2022 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” қабул намуд, ки он аз 24 декабри соли 2023 аз ҷониби Президенти кишвар ба тасвиб расида фаъолияти доимии ҳамаи ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва марказҳои идеологиро ба он сафарбар менамояд, ки тарбияи ахлоқии шаҳрвандонро дар роҳи дӯстию рафоқат, масъулиятнокӣ, поквиҷдонӣ, шараф ва мардонагӣ, ватандӯстию инсонпарварӣ, худшиносии миллӣ, эътиқодти суннатӣ ба роҳ монад.

Таълифотҳои пешниҳоднамудаи ниёгонамон инъикосгари он аст, ки роҳи давлатдорию давлатсозӣ кори соддаю осон набуда, ҷонфидоӣ, далерӣ, шуҷоату матонат, ҷавонмардӣ ва паҳлавонию мубориз буданро тақозо менамояд.

Имрӯз зарурати воқеии омӯзиш ва татбиқи андешаҳои ватандӯстонаи ниёгони мо дар амал ба вуҷуд омадааст, то Ватани соҳибистиқлоли худ – Тоҷикистонро дар раванди муборизаҳои шаддиди геополитикӣ ҳифз карда тавонем ва сулҳу амният, суботи комил ва ваҳдати миллиро дар он побарҷо нигоҳ дорем.

Албата барои ҳал намудани ин масъалаҳо заминаҳои воқеӣ вуҷуд дорад. Ватандӯстӣ аз гӯшаи имон аст мегуянд дар урфият. Ватан ҷону дил аст, ин маънои онро дорад, ки ҳар кадоми мо маҳз дар асоси ин мафҳуми хело ҳам пурсобиқа ва ҳасос орзӯ ва ҳавасҳои худро ташаккул медиҳем, ояндаи худ ва фарзандонамонро мебинем, заминаҳои маънавӣ ва қонуни мавҷудиёти худро асоснок мекунем.

Ватандӯстӣ дар ҳама ҳолат монеаи вайронкорӣ ва худноогоҳии ватандорон аст, тарбияткунандаи эҳсоси устувории хислатҳои хуби ҷавонмардону ҷавонзанони далеру шуҷои Ватан буда метавонад.

Аз ҳамин рӯ маҳз ватандӯстӣ метавонад дар муқобили терроризм ва экстремизм ба қувваи муҳофизатии Ватану таърихи он ва рӯҳияи бешикасти миллат табдил ёбад. Фарде, ки дар Тоҷикистон ватандӯст буд ҳатто дар замони нооромиҳо худро роҳат ҳис мекард. Он шахсе, ки ватандӯст нест, дар ҳамин замони тинҷу ором, новобаста аз он, ки барои ӯ тамоми шароитҳо муҳаё бошад ҳам худро нороҳат медонад ва доимо изҳори норозигӣ мекунад. Ӯ метавонад дар ҳар лаҳза Ватанро бо пули ночизе ё имтиёзе фурӯшад. Дар ин радиф бояд қайд намуд, ки дар муқобили терроризм ва экстремизм ба ҷуз идеяи ватандӯстӣ ягон қувваи бузурге баробар шуда наметавонад.
Бояд зикр намуд, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ ҳамчунин воридшавии мафкӯраи бегона ба зеҳни ҷомеа асар намуда ва мо тоҷикистониён бояд таблиғи масъалаҳои худшиносию худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллию таърихию фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷӯҳи бештар ва диққати ҷиддӣ диҳем. Зеро пеши эҳсосоти бегонапарастиву даҳшатафканиро маҳз ҳамкории аҳли илм бо мақомоту ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ, метавонад гирад.

Бинобар ин, мо бояд тамоми василаву воситаҳоро истифода намуда барои эмин нигоҳ доштани Тоҷикистони азизамон, дар якҷоягӣ ва дастаҷамъона ҷидду ҷаҳд намуда, ва дар ин қатор идеяи ватандӯстиро ба меҳвари мафкӯраи худ табдил доданамон зарур аст то аз нобасҳомиҳои ҷомеаи муосир ҷилавгирӣ намоем.
А.Қодирӣ

Яндекс.Метрика