ВАТАН ФАРЗАНДОНАШРО ТАНҲО НАМЕГУЗОРАД!

Асмоа зани фармонбардор ва порсо буд. Зеро ба дини ислом эътиқоди қавӣ дошт ва эҳтироми шавҳарро вазифаи худ медонист. Рӯзе шавҳараш барои тиҷорат ба Туркия сафар кард. Бо гузашти чанд муддат аз шавҳар хабаре набуд, ва зангҳои телефонӣ низ беҷавоб буданд. 
 
Шабе садои занги телефон Асмоаро аз хоб бедор кард, ки ин Солеҳ занг мезад. Кӯдаки панҷсолааш овози падарро шунида аз хоб бедор шуд. Ҳангоми суҳбат  шавҳараш муроҷиат кард, ки фарзандро гирифта ба Туркия ояд. Асмоа ба фармони фарҳараш итоат карда, ба сафар омодаги гирифт. 
 
Баъд аз омодагиҳо ва хайрухуши дурудароз Асмоа бо писараш ба давлати бегона рафтанд. Дар он ҷо онҳоро зани ношине пешвоз гирифт ва огоҳ накарда ба Сурия, ба назди шавҳараш овард. Баъд маълум шуд, ки шавҳар ба сафи ташкилот и террористии «Давлати исломӣ» пайваста, дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок мекардааст. Аммо аллакай барои дигар кардани чизе дер шуда буд, ва имконият ҳам набуд ва Асмоа ҳамроҳи писараш бо умед ба ҳаёти бехатар дар назди шавҳараш монданд. 
 
Баъд аз муддате хабар омад, ки Солеҳ дар ҷанг вафот кардааст. Аз ҳамин рӯз барои Асмоа рӯзҳои сиёҳ оғоз шуданд. Бекасу бечора дар давлати ҷангзада қарор дошт ва барои баромадан аз минтақаи ҷанг ба касе иҷозат дода намешуд. Пас аз як ҳафта бо қарори қалбакии судҳя ӯро ба шавҳар доданд. Шавҳари наваш араби лубнонӣ шуд. Ҳанӯз чанд моҳе нагузашта ин араб ҳам дар ҷанг кушта шуд, дар ҳоле ки Асмоа ҳомиладор буд. 
 
Баъд аз таваллуди кӯдак ӯро боз се маротиба ба шавҳар медиҳанд. Оқибат, зан бо панҷ кӯдак ба дасти гурӯҳи террористии дигар асир афтида, дар қароргоҳи саҳроӣ, дар зери хаймае аз тақдири талхи худ нолон яккаву танҳо боқи монд. Ба зинда мондани худ умеде надошт, зеро ҳар рӯз он минтақа бомбаборон мешуд ва илова бар ин маводи ғизоӣ надоштанд.
 
Аз сабаби бемории вазнин дере нагузашта вафот кард ва фарзандони хурдсоли ӯ бе падару модар дар давлати бегона монданд.
 
Бо ташаббус ва ғамхории падаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин кӯдакон дар баробари дигар занону кӯдакони тоҷик ба Ватан баргардонида шуда, таҳти сарпарастии бевоситаи давлат қарор гирифтанд. Айни ҳол ин кӯдакони Асмоа дар муассисаҳои томактабӣ ба таҳсил ва ғамхорӣ қарор гирифта, акнун ҳаёти осоишта ба сар мебаранд. 
 
А.Ваҳобзода
Муовини директори Маркази исломшиносӣ 
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Яндекс.Метрика