Вақте ҳукми қатли Суқрот содир карданд, Суқрот дар ҷавоб гуфт: "Онеро дафн мекунед бадани Суқрот аст, на худи Суқрот!"

Вақте ҳукми қатли Суқрот содир карданд, Суқрот дар ҷавоб гуфт:
"Онеро дафн мекунед бадани Суқрот аст, на худи Суқрот!"
***
Инсонро метавон кушт, аммо андешаашро ҳаргиз.
Софокл
***
Мард намирад ба марг, марг аз ӯ номҷуст,
Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост.
Халилуллоҳи Халилӣ
***
Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯй,
Дар синаҳойи мардуми ориф мазори мост.
Мавлоно ё Соиб
***
Дар ин равоқи забарҷад навиштаанд ба зар :
Ки ҷуз накӯии аҳли карам нахоҳад монд.
Ҳофиз
***
Бедил, таҷаддудист либоси хаёли ман,
Гар сад ҳазор сол барояд , куҳан наям.
Бедил.
***
Қудрати ҳусни амал бин ки басе қасри шаҳон,
Рафт бар боду харобот ҳануз обод аст.

Аз саҳифаи телеграми "Хирад"

Яндекс.Метрика