ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – МАҲСУЛИ ҶОНФИДОИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!

Санаи 27-уми июн дар таърихи кишвари мо санаи хотирмон ва таърихӣ аст. Бовар дорам садҳо сол ба баъд авлодони мо ба сулҳи тоҷикон аҳсан гуфта, дар ҳаққи Пешвои муаззами миллат дуои нек мекунанд. Зеро маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат байни ду гурӯҳи мухолиф сулҳ баста шуд, ҳазорон нафар мардуми бесарпаноҳ ва гуреза ба ватан баргардонида шуданд, барояшон кафолати бехатарӣ ва шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Шукронаи онро мекунем, ки имрӯз мо самараи ваҳдатро барчида, дар давлати амну ором зиндагӣ менамоем.
 
Дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшид. Вай тамоми кушиши худро ба харҷ медиҳад, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.
 
Қадамҳои аввалини истиқлолият бо ҷанги хонумонсӯз оғоз гардид, ки аз ҷониби ТЭТ ҲНИ роҳандозӣ шуда, зиёда аз яксаду панҷоҳ ҳазор кушта, қариб як миллион гуреза ва беш аз 10 миллиард доллар зиён ба бор овард.
 
Онҳое, ки ҳодисаҳои солҳои навадумро дар хотир доранд, ба қадри ваҳдат мерасанд. Акнун мо бояд ҷавононро аз он рӯзҳои барои миллати мо талх огоҳ кунем. Ҳеҷ кас ҳақ надорад таърихи халқи худро фаромӯш кунад: солҳои ҷангу нооромӣ, гуруснагӣ, рӯзҳое, ки бародар муқобили бародар силоҳ бардошт, даврае, ки писар душмани падар гашт. Бадхоҳони миллат тавонистанд, ки моро ба гурӯҳҳо ҷудо намуда, муқобили якдигар барангезонанд. Ин барои миллати тоҷик дарси ибрат аст. Бовар дорам дигар моро наметавон фиреб дод.
 
Ҷангу талошҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва Сарвари давлат пайваста талош меварзиданд, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гардад.
Бо талошу заҳмат, ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он рӯзи муборак Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомӯзад ва барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад.  
 
Пас аз нисбатан ором шудани вазъият Пешвои муаззами миллат баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ба ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳоро ба роҳ монданд. Сохтмони шоҳроҳи «Роҳи абрешим», бунёди нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон», «Шар-шар» ва «Чормағзак», сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа–Кӯлоб иқдомҳои Пешвои муаззами миллат буданд, ки боиси пешрафту тараққиёт гашта, мардум аз азияти ағбаҳои хатарнок растанд ва имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир бошад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар гардад.
 
Душвортарин муаммои мо масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, тунелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.
 
Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо кард. Аз ҷумла, сохмони нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», як қатор нерӯгоҳҳои хурд, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтӯда-1 ба истифода дода шуданд. Хусусан ба кор даромадани хатти 500 киловаттаи Ҷануб–Шимол ва дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм – ин ғамхории бузурги Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон маҳсуб мешавад. 
 
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ сохтмони иншооти ҳаётан муҳим – бунёди НБО-и Роғун оғоз гардид. 29 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун сафар намуда, дар дигар намудани маҷрои дарёи Вахш иштирок намуданд.
 
Баъди заҳматҳои зиёд, агрегатҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба кор даромаданд. Ба истифода додани нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз он шаҳодат медиҳад, ки давлату ҳукумат бо сарварии Пешвои хирадманди тоҷикон пайваста баҳри ободӣ ва гулгулшукуфии ватанамон заҳмат кашида, давлати соҳибистиқлоли моро дар қатори кишварҳои мутараққии ҷаҳон қарор медиҳанд.  
 
Қабл аз ин, дар фасли зимистон баъзе минтақаҳои кишвар аз норасоии қувваи барқ танқисӣ мекашиданд. Айни ҳол ин мушкилӣ бартараф шуда, баъди пурра ба кор даромадани НБО-и Роғун, Тоҷикистон пурра бо барқ таъмин шуда, ба Ӯзбекистону Қирғизистон, Афғонистону Покистон ва ба дигар давлатҳои минтақа барқ содир мекунад. 
 
Шумо боре ба гулгашту хиёбонҳои пойтахти азизамон назар кунед, ки чи гуна ободу зебо гаштаанд. Бунёди ҳайкали аввалин давлатдори тоҷикон Исмоили Сомонӣ, барафрохтани Парчами миллӣ, ки назираш дар олам нест, китобхонаи миллӣ, осорхона, театр, сохтмони садҳо биноҳои баландошёна давлати моро дар қатори кишварҳои пешрафта қарор дода, аз дастовардҳои истиқлолият маҳсуб меёбанд. Сокинону меҳмонон бо завқ дар пойтахти мамлакатамон сайру гашт намуда, сайёҳони хориҷӣ шаҳри Душанберо «Шаҳри сабз» ном гузоштаанд. Пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти шаҳрвандон боис гашт, ки ҳамасола ба Тоҷикистон ҳазорон сайёҳони хориҷӣ ташриф меоранд. 
 
Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муяссар гашт, ки муносибатҳои дӯстонаи ду давлати ба ҳам ҳамсоя ва ҳамфарҳанг - Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бори дигар гусаста гарданд. Сафарҳои президентҳои ин ду кишвар боис гаштанд, ки сарҳадҳо кушода шуда, одамон бемамоният аз ҳамдигар дидан кунанд, хешу таборони аз ҳам ҷудо, бори дигар ба ҳам пайвастанд. Бешак барқарор гаштани муносибатҳо бо кишвари ба мо ҳамсоя ва дӯст аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дарак медиҳад, зеро Сарвари давлат тавонистанд кори амалинашавандаро амалӣ созанд. Муносибатҳои дӯстона барои ҳар ду давлат бениҳоят судманд мебошад, зеро мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба ҳам мепайвандад. 
 
Маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди фарҳанг диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуд. Таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни Ориёӣ, Бузургдошти 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшани бостонӣ, 2500-солагии Хуҷанд, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 700-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 3000-солагии Ҳисор, бузургдошти Пешвои бузургтарин мазҳаби ростини ислом - Имом Аъзам, Ҷомиву Туғрал, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар бузургону азизони миллат мутантан  ҷашн гирифта шуд. 
Мақоми давлатӣ гирифтани ансамблҳои «Шашмақом», «Фалак» ва таҷлили ҳамасолаи ҷашнҳои «Наврӯз», «Меҳргон», «Рӯзи Шашмақом», «Рӯзи фалак», «Рӯзи китоб», «Рӯзи Парчами миллӣ», «Рӯзи Президент», дастгирии чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ширкати бевоситаи Роҳбари давлат дар чорабиниҳои фарҳангӣ аз таваҷҷуҳи беандозаи Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон гувоҳӣ медиҳад.
 
Дар даврони истиқлолият Наврӯз ҷаҳонӣ шуд. Ин ҷашни бостонии мардуми тоҷикро маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз нав эҳё намуданд ва ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки ин сарзамини аҷдодӣ, сарзамини муқаддас аст. Анъана ва суннатҳои неки Наврӯз-ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёинажод- аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ афзун сохтааст.
 
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати динии мардум бо ибтикори Роҳбари давлат нахустин маротиба китоби Қуръони карим бо забони тоҷикӣ дар се давра бо теъдоди умумии беш аз 200 ҳазор нусха аз чоп бароварда шуда, ройгон ба мардум тақсим гардид. Инчунин китобҳои «Саҳеҳ»-и Бухорӣ, «Муснад»-и Имоми Аъзам, «Эҳёи улуми дин», «Кимиёи саодат»-и Имом Ғаззолӣ ва дигар осори пурқиммат чоп ва дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуданд.
 
Пешвои муаззами миллат ҷиҳати арҷгузорӣ ба дини ислом ба сохтмони бузургтарин масҷид дар минтақа пардохта, хишти аввали бинои наву замонавии Донишкадаи исломиро гузоштанд. Айни ҳол сохтмони Донишкадаи исломӣ идома дошта, масҷиди бузурги Душанбе бо тантана ба истифода дода шуд.
 
Чунин хизматҳои шоистаи Роҳбари давлати тоҷикон буд, ки Президенти мо аз ҷониби тамоми кишварҳои мусулмонӣ қадр карда шуда, пайваста ҳамчун мусулмони фахрӣ дар сафи аввали 500 мусулмони ҷаҳон қарор дода мешаванд.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид таъкид намуданд, ки террорист, ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин андешаҳои Роҳбари давлати тоҷикон писанди ҷомеаи ҷаҳонӣ шуда, имрӯз дар баромадҳои сарони дигар давлатҳо ва пешвоёни дини ислом ин нукта пайваста садо медиҳад.  
 
Пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди таъмини аҳолии кураи замин бо оби тозаи ошомиданӣ ин худ як дастоварди бузургест, ки ин барнома аз ҷониби ҳамаи давлатҳо ҷонибдорӣ ва амалӣ карда мешавад.
 
Бо зикри дастовардҳои бунёдии даврони истиқлолият мехостам бори дигар ин нуктаро таъкид намоям, ки ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир, пеш аз ҳама, ба ҳамин арзишҳои усулӣ ва ҳаётӣ таҳдид менамоянд. Яъне, онҳо пеш аз ҳама, ба истиқлолияти давлатӣ, ба мавҷудияти худи давлати мустақил, ба сохтори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ба суботу амният ва ҳаёти осоишта, ба хонаву оилаи ободи ҳар як фард ва ба арзишҳои неки миллии мардуми тамаддунсози мо таҳдид мекунанд.
 
Пас, муборизаи мо ба муқобили экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад.
 
Аз ин рӯ, мо бояд хуб дарк намоем, ки ояндаи тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол бар дӯши мо гузошта мешавад. Ин рисолати хайр, пеш аз ҳама, дар ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини хеш масъулияти бузург дорад ва моро вазифадор менамояд, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, устувории давлати худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ ҳамеша кӯшишу талош намоем.
Бо изҳори таманниёти нек мардуми шарифу сарбаланди кишварро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо хушбахтӣ, файзу баракат, саломативу сарбаландӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллии ҷовидонӣ ва пешрафту ободии рӯзафзун орзу менамоям.
 
А.Ваҳобзода
Муовини директори Маркази исломшиносӣ
Яндекс.Метрика