Вижагиҳои мафкураи динии шарқиён ва мушкилии шикасти девори хурофоту таассуб

Ҳолате, ки мафкураи миллии инфиродии имрўзи шарқ дорад, аз зинаи худшиносӣ, оламшиносӣ то муайян кардани мақсаду ҳадафҳо ва таҳияи аҳдофу қонуниятҳои рушд, мушкилиҳоро доро аст. Мушкилии ҷиддӣ дар муносибат бо ҷаҳонбинии динӣ буда, тавозуни ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммули ақлу хирад бо эътиқоду боварӣ дар паҳнои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати дунявӣ номуназзам гардидааст. Ин ҳолат ба ин ду навъи ҷаҳонбинӣ имкон намедиҳад, ки ҳар як оромона ва таҳаммулгароёна ба самти рисолати таърихии худ шинохти ҳақиқати объективӣ ва субъективӣ ҳаракат кунанд. Дар ин майдони муқовимат таҳдид ба ақлу хирад, илму дониш ва ҷаҳонбинии илмӣ танҳо аз кунгураи дини асил не, ҳарчанд, ки охирӣ низ дар нуктаҳои муайяни кашфи ҳақиқат бо қонуниятҳои илмӣ муаммоҳои худро доро аст, балки аз унсурҳои илатманди бемории динӣ, ба мисли таассуб, хурофот, ифрот, фолбинӣ, ҷодугарӣ ва дигар зиёдаравиҳои эътиқодӣ рў задааст. Иддае аз шаҳрвандони мо дар ин майдони худшиносии динӣ на танҳо ба нодуруст муносибат кардан бо эътиқод ва асли дин гирифтор шудаан,онҳо ҳатто дар шинохти дурусти рисолати Худованд ва  инсон ба мушкилӣ мувоҷеҳ шудаанд.
 
Ин ҳолат моро пешорўи ду мушкилӣ қарор додааст: 
Якум, муносибати тундгароёна бо боварҳои динӣ ва назари тундравонаи ифротиёни диндор ба дастоврдҳои илмӣ. Ин ҳолат дар самти академӣ дар майдони оштинопазир будани таълимоти динию кашфиётҳои коперникӣ муноқишаи илму динро ҳамчун ҷаҳонбинии шинохти ҳақиқат бо роҳу равишҳои тазодманд, аз як ҷониб гирифтор кардааст. Аз ҷониби дигар ба устувории ин ҳолат тадриси кўҳнашудаи низоми динӣ дар мактабу мадрасаҳои ғайриқонунӣ, ки ғояи ифроту террори динӣ, хурофоту тассубро тавлид мекунанд, низ асаргузор шудаанд. Иллат он аст, ки ин равиши тазодманд ба дигаргуншавии вазъи ҷаҳонӣ, табдили вазъи таносуби илму дин дар сатҳи башарӣ, қонунияти табдили манфиатҳои давлатҳои миллӣ, истифодаи арзишҳои навъи ҷаҳонбиниҳо барои манфиати инсони муосир, тағйирёбии рисолати иҷтимоию маънавии дину давлат дар шароитҳои нави ҷаҳонӣ диққат надода, ҳанўз равиши ҷанги оштинопазири мафкуравиро думболагиранд.
 
Дуюм, монеъшавӣ ба дарки рисолати аслии илм ва дин дар замони муосир, шикастани пулҳои мафкуравии ҳамоиши мавзуни ҷаҳонбиниҳо дар сарҳади манфиати инсон ва шаклҳои ҳамзистии он. Ин корро дар паҳнои динҳои устувор бо тағйирпазирии қиммати арзишӣ ва афзалияти неъматҳои маънавии эътирофшуда, мумкин аст роҳандозӣ намуд. Танҳо зарур аст, ки рўҳониёни нав ва ақлгарои тоза бо равишу усулҳои Имоми Аъзаму Мотуридии Самарқандӣ дар доираи талаботи замони нав омода гарданд. Зеро Абўҳанифа ҳамон кореро, ки М. Лютер барои дини насрония дар асри ХIV кард, ҳанўз дар асри VIII барои олами ислом аз дигар ҷониб анҷом дод, вале баъдан абўҳанифаҳои нав дар олами ислом набаромаданд.
 
Ин ҳолати омехтагии рисолати Аллоҳ ва бандагонаш дар масири динҳои ҷаҳонӣ ҳамчун бемории ирсӣ таърихан вуҷуд дорад. Боиси ташвиш он аст, ки бисёр халқу миллатҳо ҳанўз дар Асрҳои миёна аз ин зуҳуроти манфӣ халос шудаанд, паҳнои амалкарди Худо ва бандаро барои худ мутобиқ ба таълимоти диниашон пайдо карданд, вале мо мардуми шарқ то ба ҳанўз ба доми ин беморӣ гирифтор мондаем. Зеро ислоҳотҳои динии асри VIII ба пуррагӣ ба талаботи имрўзи боварҳои эътиқодӣ ва рушди илму технология ҷавоби саҳеҳ дода наметавонад. Ақли нав дар заминаи дастовардҳои нав бояд роҳи оромии рўҳ ва рушди неруи ақлониро пайдо намояд. Барои ин инсони нав зарур аст. Ин аст, ки миёни мардуми мо бозори фолбинӣ, ҷодугарӣ ва дамзанӣ ҳамчун неруи пешгўии ҳодисот, ба беморӣ гирифтор кардан ва ё раҳоӣ аз мушкилоти амиқ ва бо даму нафаси шахсони ҷудогона бениҳоят тафсон аст. Ҳол он ки тибқи дини мубини ислом ин амалҳо на ба рисолати инсон, балки тобеи қудрати Офаридгор аст, яъне бандаи Худо дар роҳи худошиносӣ даст ба салоҳияти Худованд мезад ва ҳанўз ҳам зада истодааст. Дин пеши роҳи онро гирифта натавонист, балки дар заминаи саводи нокифоя ва манфиатхоҳии шахсию гурўҳӣ дин рисолати аслашро яксў гузошт. Ин аст, ки мутаассифона, иддае аз ходимони динӣ ҷойи пешгирии ин бемории ирсӣ бо таълимоти нодурусту пасипардагии ғайриқонунӣ, ин каҷравии эътиқодиро тавсеа дода, таълими оини диниро дар самти афзоиши рисолати Офаридгор ва офаридашудаҳо боз ҳам печидатар карданд. Маҳз ба ҳамин хотир, Роҳбари давлат ҷиҳати бастани маркази ин каҷравиҳои фикрӣ, таъкид намуданд:
«Таълими ғайриқонунии динӣ боиси даст задан ба авомфиребӣ, фолбинию ҷодугарӣ, дигар кирдорҳои ношоиста, ғайриқонунӣ машғул шудан ба фаъолияти хусусии тиббӣ ва дар ин замина расонидани зарари моддӣ ва ҷисмонӣ ба шаҳрвандон низ мегардад.
 
Ҳолатҳои ба табобати ғайриқонунии одамон машғул шудани рӯҳониёни алоҳида дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ошкор гардидаанд.Дар давраи солҳои 2016-2024 дар кишвар зиёда аз 50 ҳолати чунин ҷиноятҳо ошкор ва шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Пайғамбари ислом ба назди фолбину ҷодугар рафтанро қатъиян манъ карда, фармудааст: «Ҳар кас ба назди фолбин равад, то 40 рӯз намозаш қабул намешавад ва агар ба гуфтаи фолбин бовар кунад, аз имон хориҷ мешавад…».
 
Мушкилии ислоҳи ин омехтагии рисолати инсону Худованд дар он аст, ки ислоҳи вазъияти мазкур танҳо бар уҳдаи мақомоти давлатӣ буда наметавонад. Масъалаи таснифи рисолати Офаридгору офаридашуда дар таҷрибаи ғарбӣ, дар таҷрибаи дигар динҳои ҷаҳонӣ то ҳадди муайян ҳалли худро ёфтааст, аммо дар Шарқ дар паҳнои фарҳанги исломӣ ин ҷудошавии масъулият ва салоҳиятҳо ҳанўз мушкилиҳои назарӣ ва амалии худро доро аст. Ислоҳи вазъи мазкур дар фазои давлати демократӣ ва дунявӣ гуногунҷабҳа аст. Дар ин самт 50% корҳои фаҳмондадиҳию ташкилӣ ба ўҳдаи ходимони динию иттиҳодияҳои динӣ, 35% ба ўҳдаи  мақомоти мафкуравию илмӣ ва 15% бар уҳдаи мақомоти назоратию маъмурии татбиқкунандаи ҷазо бояд вогузор шавад. Махсусан, рисолати ходимони дин дар тамизи ин рисолатҳо бояд дар замони нав аз назари эътиқодӣ таҷдиди назар шавад ва мутобиқ ба манфиати давлату миллат дар паҳнои мазҳаби ҳанафӣ такмил ва тақвият ёбад, дар акси ҳол дигар кўшишҳо натиҷа нахоҳанд дод. Маҳз ба ҳамин хотир Роҳбари давлат ба ниҳодҳои масъул, ба вижа ба Шўрои уламои Маркази исломӣ тавсияҳо ва барои дигарон вазифагузориҳои мушаххас карданд.  
 
Холиқзода Абдураҳим Ғаффор
Баробеков Вафобек Амадбекович 
Мирзозода Азизуло Файз
 
Яндекс.Метрика