ВМКБ. Конференсияи илми- амалӣ дар мавзуи "Асосҳои ҳуқуқӣ ва эътиқодии муқовимат бо ифротгарои дар Тоҷикистони муосир пешгирӣ ва тавонбахшӣ" баргузор гардид
Санаи 5- июли соли равон дар толори Донишгохи давлатии Хоруғ ба номи М Назаршоев бо иштироки муовини раиси вилоят Абдулназарзода Абдулназар, намояндаи маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Махрамбек Анварбекович ва намояндаи барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаьолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини вилоят баргузор гардид.
Нахуст, муовини раиси вилоят меҳмонон ва намояндагонро ба вилоят хайрмакдам гуфта, қайд намуданд, ки раванди сиёсикунонии дини ислом асосан аз пайдоиши он зуҳур карда, феълан марҳила ба марҳила он дар сатҳи камолот ва рушд қарор дорад. Имрӯз ин падида як воситаи хеле муносиб ва мусоид барои расидан ба ҳадафҳо дар кишварҳои пешрафта, аз ҷониби гуруҳҳои манфиатдори хориҷиву дохилии ҳар кишвар мавриди тадқиқ, таҳлил ва корбурд қарор гирифта истодааст.
Пиёдасозони ин раванд одатан низоми давлатдории демократӣ, дунявиро монеи рушди фазои динӣ ва озодии виҷдон меноманд.
Дар кишвари мо, Тоҷикистон дар солҳои нахустини ба дастоварии Истиқлолият ҷараёни сиёсисозии ислом мавриди роҳандозӣ қарор гирифт. Гуруҳҳои тундраве арзи вуҷуд намуданд, ки бо далели он ки 95,3 фоизи аҳолӣ мусулмонанд ва он бояд давлати исломӣ бошад, ба арсаи сиёсат дохил гардиданд. Ин қувваҳо миёни мардум корбарӣ намуда, ҷонибдории худро аз арзишҳои демократӣ ва ҳамзамон озодии виҷдон эълон намуданд. Ба қавли муҳаққиқи варзидаи сиёсатшиносӣ А. Малашенка онҳо як гуруҳ “исломгароёни мутамаддин” буданд .
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо ходимони дин ва фаъолони ҷомеа он рузҳоро ёдовар шуда, қайд намуданд, ки “Дар охири асри ХХ баробари соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон боз ҳам рӯҳониёни ифротгарову бегонапараст бо мақсади гирифтани ҳокимият ва расидан ба қудрат кӯшиш карданд, ки бо шиорҳои исломӣ давлати ҷавони тоҷиконро несту нобуд карда, бо роҳи ба сари мардум бор кардани фарҳанги бегона миллатро бори дигар тобеи дигарон намоянд.”
Баьд аз суханронии муовини раиси вилоят дигар намояндагони фаьоли чомеа баромад ва суханрони намуданд.