ВОКУНИШ БА МАТОЛИБИ АХИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА ПАЁМРАСОНҲО

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо сабтҳои аудиоие ба гардиш даромаданд, ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ирсолу бознашри паёмҳое дар мисоли “ҷумъа муборак” ва монанди он ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян гардидааст.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри чунин матлабҳоро иғвоангезона дониста, иттилоъ медиҳад, ки бо мазмуни мазкур дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеч гуна тағйирот ворид нагардидааст.

Бознашр аз сомонаи : www.din.tj

Яндекс.Метрика