Вохуриҳои судманд

Сардори шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ, Сайфуллоҳ Муллоҷонов рӯҳои 24-28-уми майи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода ва Шаҳринав бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муаллимони мактабҳои миёна мулоқот доир намуд. Дар рафти суҳбат атрофи арзишҳои миллӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз ҷумла ифротгароӣ ва инчунин наши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар худшиносӣ ва бедории тоҷикон сухан ба миён омад. Дар ҷараёни мулоқот дар хусуси ҳифзи арзишҳои миллӣ ва истиқлоли кишвар дар шароити ноороми минтақа ва ҷаҳон низ таъкид гардид.

Яндекс.Метрика