Вохурӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

 

Дар доираи Нақша чорабиниҳои муштаркаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДМТ бо устодону донишҷуёни ин муассиса вохурӣ баргузор гардид.

  Дар вохурии мазкур масоили тарбияи ватандустӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, ифтихори ватандорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии ҳар гуна ҷинояткорӣ, оворагардию бадахлоқӣ, худдорӣ намудан аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳаракату ташкилотҳои ифротгаро ва экстремисту терростӣ, пешгирии радикализми динӣ, ҷудошавии оилаҳо, ва зўровариву хушунати оилавӣ мавариди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. 

  Дар вохурї Сардори шуъбаи пажуҳиши исломи муосир, дотсент Баҳромбеков Д. иштирок ва дар мавзўи пешгирии  љавонон аз ҳар гуна ҷинояткорӣ,  худдорӣ намудан аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳаракату ташкилотҳои ифротгаро ва экстремисту террористӣ,   баромад намуд. 

Мавсуф дар баромади худ диққати донишҷӯёнро дар асоси  натиҷаи тадқиқотҳои сотсиологӣ  ба масъалаҳои марбут ба ифротгроӣ ва радикализми динӣ, хушунати оилавӣ ва зуроварӣ дар оила ки боиси ҷудошавии оилаҳо мегардад, ҷалб намуд. Дар охири вохўрї коршиносон ба саволхои донишљўён љавоб доданд.

Яндекс.Метрика