ВОХУРӢ ДАР МАКТАБИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТ

Ҳафтаи гузашта таҳти унвони “Ҳафтаи таърихи миллат” силсилаи чорабиниҳо дар мактаби хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо устодону хонандагон баргузор шуд ва дар он сардори шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ Муллоҷонов Сайфуллоҳ маърӯза намуд. 

Дар мулоқот Муллоҷонов С. дар мавзӯи “Унсурҳои ҳувияти милии тоҷикон ва роҳҳои асосии мубориза алайҳи ифротгароӣ дар ҷомеа” суханронӣ кард. Қайд гардид, ки дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангии тоҷикон тарбия кардани насли наврас имкон медиҳад, ки ҷавонон бо огоҳиву басират дар муқобили ҳар гуна таҳдиду хатарҳо мубориза баранд.

Дар ҷараёни суханронӣ ва нишон додани слайд хонандагон бо мавзӯи барояшон нав ошно шуда, бо матраҳ кардани суолҳо ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Роҳбарияти литсей чунин мулоқотро муфид арзёбӣ карда, дархост карданд, ки дар оянда низ бо кормандони илмӣ ва коршиносон чунин вохуриҳои судмандро баргузор намоянд.

 

Сардори шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ                                   Муллоҷонов Сайфуллоҳ 

Яндекс.Метрика