ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ДАР ШАҲРАКИ ПАНҶ ВА ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ОЗОДАГОН

Имрӯз, дар партави суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони динӣ кишвар, ки санаи 9 –уми марти соли 2024 баргузор гардид, дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муштараки Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Панҷ ва ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон вохӯрии гурӯҳи корӣ бо фаъолон ва сокинони Ҷамоати шаҳраки Панҷ ва ҷамоати деҳоти Озодагон баргузор гардид.

Дар вохӯриҳо, ки дар доираи элон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баргузор карда мешавад, доир ба таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, инчунин, масъалаҳои пешгирӣ аз омилҳои номатлуб, аз қабили хурофоту ифротгароӣ, терроризму экстремизм, тақлид ба фарҳанги бегона, сӯиқасд ба ҷони худ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳӣ, арҷгузори ба муқаддасот ва арзишҳои миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ташвиқ ба китобу китобхонӣ, риояи талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи ватандӯстии шаҳрвандон” ва ҷалби сокинон ба корҳои ободониву созандагӣ суҳбатҳои судманд анҷом дода шуд.
 
Абдуллоҳи Қодирӣ - сухангӯи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 
 
 
 
Яндекс.Метрика