Вохӯрии директори Маркази исломшиносӣ бо сокинону фаъолони ҷамоатҳои деҳоти Ҳ.Усмонов, Исфисор ва шаҳраки Ғафуров дар қасри фарҳанги деҳоти Ҳ.Усмонов

Бо мақсади иҷрои банди 5-10-уми Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқоташон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар санаи 9 марти соли 2024 баён доштанд, масъулони Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21.05.2024 бо сокинони шаҳраку деҳоти ноҳия мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуданд.
Ҷамъомади нахустин бо сокинону фаъолони ҷамоатҳои деҳоти Ҳ.Усмонов, Исфисор ва шаҳраки Ғафуров дар қасри фарҳанги деҳоти Ҳ.Усмонов ташкилу баргузор гардид.
Мулоқоти навбатӣ дар толори хонаи маданияти деҳоти Унҷӣ бо сокинон ва фаъолони деҳоти Унҷӣ, Д.Холматов, Исмоил ва Чашмасор баргузор гардид.

Дар мулоқотҳо Холиқзода Абдураҳим – директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хоҷамирзода Муслиҳиддин – корманди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наҷотзода Мутиоллоҳ – корманди Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншинӣсӣ

Яндекс.Метрика