Вохӯрии муовини аввали ҲХДТ ва директори Маркази исломшиносӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсяи Россия

Бо дастури Роҳбари ҲХДТ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Муовини аввали Раиси ҲХДТ муҳтарам Азизӣ А. А ҳамроҳи гурӯҳи корӣ аъзои КИМ ҲХДТ А. Ғ. Холиқзода ва Роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар ФР С. Мирзомиддинов санаҳои 20-21-уми июн дар шаҳри Маскав бо муҳоҷирони меҳнатӣ вохўриҳо баргузор намуданд. 
 
Аъзои гурўҳии кории Тоҷикистон зимни сафар дар шаҳрҳои Владивостоки Федератсияи Россия ва Маскав бо муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон вохўриҳои судманд баргузор намуда, дар бораи сиёсати имрўзаи давлати Тоҷикистон ва кўшишҳои Ҳукумат дар  роҳи дастгирии ҳамаҷонибаи муҳоҷирон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд.
 
Нахуст дар рўзи 17 - уми июн пас аз ҷаласаҳои расмӣ аъзои гурўҳи корӣ дар шаҳри Владивосток бо як гурўҳ муҳоҷирони тоҷик, ки дар Депои Роҳи оҳани  шаҳри Владивосток кор мекунанд, вохўрӣ баргузор намуда, аз наздик бо шароити кор ва вазъи муҳоҷирони тоҷик шиносоӣ пайдо карданд. 
 
Ҳамчунин, рўзи 18 - уми июн бо як гурўҳ бонувон, ки дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва маишӣ  кор мекунанд сўҳбату вохуриҳои сайёр барпо намуда, дар бораи вазъи имрўзаи Тоҷикистон ва корҳои анҷомдодаи Ҳукумат дар самти ободию оромии Ватан маълумот ирсол намуданд. Лозим ба ёддоварист, ки шароити буду бош ва кори шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Владивосток, бинобар иттилои худи онҳо дар маҷмуъ хуб аст. 
 
Рўзҳои 20-21 гурўҳи корӣ вохўриҳои худро дар якҷоягӣ бо масъулини сафорат ва намояндагиҳои вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва корҳои дохилӣ дар шаҳри Маскав идома доданд. Нахуст Роҳбари гурўҳи корӣ муҳтарам Азизӣ А.А. бо муҳоҷирони тоҷик дар бозори «Садовод» вохўрӣ баргузор намуда, роҷеъ ба вазъияти имрўзаи олам, вазъи муҳоҷирин, таваҷҷуҳи Хукумат ба вазъи муҳоҷирини меҳнатӣ изҳори назар намуданд. 
 
Мавсуф шаҳрвандонро дар хориҷи кишвар ба дўстӣ, муттаҳидӣ, рафтори шоиста, муносибатҳои неки ахлоқӣ ва риояи қонунҳо даъват намуда, хотирассон карданд, ки онҳоро Ватан ва хешу табор интизоранд. 
 
Сипас, диектори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Холиқзода А. Ғ. дар бораи вазъ ва намои муҳоҷири муосир, тарзи муносибат бо фарҳанги давлати бегона, таҳаммулогароӣ, маданияти муҳоҷирон дар хориҷ ҳамчун намои миллат ва дин изҳори назар намуда, шаҳрвандонро ба рафторҳои баланди ахлоқӣ ва инсонӣ даъват краданд. 
 
Мавсуф ҳамзамон хотирасон карданд, ки дини мубини ислом манбаи ахлоқи баланд ва рафтори шоистаи инсонӣ аст, намои асли мусулмон дар қалби тоза ва муносибати неку беғаразонаи ӯст на дар ришу на дар сару либос. Асли ибодат рафтори ҳамидаи неки инсонӣ аст. 
 
Ҳамчунин, дар бораи мазмун ва моҳияти Қонуни миллии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», ки ба тозагӣ қабул шуд ба муҳоҷирони меҳнатӣ фаҳмонида шуд.
 
Қайд карда шуд, ки мақсаду ҷавҳари он ҳифзи манфиатҳои мардуми мусулмони Тоҷикистон ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ аст. 
 
Муҳоҷирон сӯҳбату мулоқоти аъзои кориро хуб пазируфта, хоҳиш краданд, ки чунин вохўриҳо дар оянда бештар шаванд. 
 
Дар фарҷом, намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон  ва ҲХДТ, ки дар ФР масъуланд ба саволҳои шаҳрвандон ҷавоб дода, онҳоро  ба муттаҳидию ваҳдат ва қонунриоякунӣ даъват намуданд. 
 
Лозим ба ёддоварист, ки гурӯҳи корӣ рўзи 22 - июни соли равон вохўриҳои сайёр бо муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар берун аз шаҳри Маскав ба нақша гирифтааст... 
 
Абдуллоҳи Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ 
 
 
 
 
 
Яндекс.Метрика