Вохӯрии сайёри Муовини аввали ҲХДТ ва ҳайати гурӯҳи корӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Тоҷикистон дар бемористони " Бодкина " - и шаҳри Маскав

Имрӯз, 22/06/ 2024 таҳти роҳбарии Муовини аввали Раиси ҲХДТ муҳтарам Азизӣ А.А, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим, Роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар ФР С. Мирзомиддинов ва корманди Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Вализода Назаралӣ вохӯрии сайёр бо муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бемористони " Бодкина " - и шаҳри Маскав баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Муовини аввали Раиси ҲХДТ муҳтарам Азизӣ А. А. дар бораи сиёсати имрӯзаи давлати Тоҷикистон ва кӯшишҳои Ҳукумат дар роҳи дастгирии ҳамаҷонибаи муҳоҷирон, вазъияти имрӯзаи ҷаҳон, таваҷҷуҳи Хукумат ба муҳоҷирини меҳнатии Тоҷикистон изҳори андеша намуда, аз наздик бо шароити кор ва будубоши онҳо шиносоӣ пайдо карданд.

Лозим ба ёддоварист, ки шароити будубош ва кору фаъолияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар бемористони "Бодкина"- и шаҳри Маскав хуб арзёбӣ гардид.

Мавсуф шаҳрвандонро дар хориҷи кишвар ба дӯстӣ, муттаҳидӣ, рафтори шоиста, муносибатҳои неки ахлоқӣ ва риояи қонунҳо даъват намуда, хотирассон карданд, ки онҳоро Ватан ва хешу табор интизоранд.

Сипас, диектори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода А. Ғ. дар бораи тарзи муносибат бо фарҳанги давлати будубош, таҳаммулгароӣ, маданияти муҳоҷирон дар хориҷ, изҳори назар намуда, шаҳрвандонро ба рафторҳои баланди ахлоқӣ ва инсонӣ даъват краданд.

Мавсуф ҳамзамон хотирасон карданд, ки дини мубини ислом манбаи ахлоқи баланд ва рафтори шоистаи инсонӣ аст, намои асли мусулмон дар қалби тоза ва муносибати неку беғаразонаи ӯст на дар ришу на дар сару либос. Асли ибодат рафтори ҳамидаи неки инсонӣ аст.

Ҳамчунин, дар бораи мазмун ва моҳияти Қонуни миллии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», ки ба тозагӣ қабул шуд, ба муҳоҷирони меҳнатӣ фаҳмонида шуд.

Қайд карда шуд, ки мақсаду ҷавҳари он ҳифзи манфиатҳои мардуми мусулмони Тоҷикистон ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ аст.

Муҳоҷирон сӯҳбату мулоқоти аъзои кориро хуб пазируфта, хоҳиш карданд, ки чунин вохӯриҳо дар низ оянда бештар карда шаванд.

Дар фарҷом, намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон ва ҲХДТ, ки дар ФР масъуланд ба саволҳои шаҳрвандон ҷавоб дода, онҳоро ба муттаҳидӣ, ваҳдату якпорчагӣ ва риояи қонунҳои давлати будубош даъват намуданд.

Абдуллоҳи Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика