Вохӯрӣ дар н. Шаҳристон

Санаи 30 - юми августи соли 2022 дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарашон ба вилояти Суғд ( санаи 9 -12 августи соли равон), ҷиҳати пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулпазирӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон мулоқоти гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Шаҳристон баргузор гардид.
Дар мулоқот Мирзозода Азизулло Файз - мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллоҳи Қодирӣ - корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси ноҳияи Шаҳристон Ҳоҷимуродзода Ҷасур, Ҳабибуллозода Шаҳринисо масъули ҲХДТ дар н. Шаҳристон, ходимони дин, занону ҷавонон, кормандони соҳаи тиб ва фарҳанг, намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолон иштирок намуданд.
Сараввал муовини раиси ноҳияи Шаҳристон Ҳоҷимуродзода Ҷасур аз номи раиси ноҳия Баҳодур Акрамзода ташрифи меҳмононро ба ноҳияи Шаҳристон хайра мақдам гуфта, оид ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи кишвар, ҳизфи марзу буми ватан, андешаронӣ намуд.
Сипас, Мирзозода Азизулло Файз - мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро оид ба пайомадҳои манфии сиёсисозии дин ва хатарҳои он барои ҷомеаи имруза, инчунин дар бораи нигоҳ доштани сулҳу субот, пос доштани арзишҳои фарҳангию маънавӣ ва зиёд намудани корҳои иттилотию фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, инчунин ҳидоят намудани ҷавонону наврасон ба риояи қонунҳои миллӣ ( қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд) ибрози ақида намуд.
Дар идомаи вохӯрӣ Абдуллоҳи Қодирӣ корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи кишвар, ҳизфи марзу буми ватан, таъмини рушди илму маъориф ва саҳми ҲХДТ дар даврони Истиқлоляти давлатӣ андешаронӣ намуд.
Мавсуф ҳамчунин дар бораи масъалаҳои доғи рӯз аз ҷумла, сабабҳои гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва созмонҳои террористию экстримистӣ ибрози андеша намуда, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавононро ба таври мухтасар чунин баён дошт:
1.Ташвиқу тарғиби адабиётҳое, ки мазмуну муҳтавояшон ба равнақи худшиносии миллӣ ва тақвияти эҳсоси ватандӯстонаи наврасону ҷавонон нигаронида шудааст, айни муддаост.
2.Ба роҳ мондани таблиғоти дуруст на танҳо аз ҷониби мақомоти сиёсиву давлатӣ, балки тавассути аҳли зиё, афроди муътабар, олимону донишмандон, бахусус аҳли уламо, дар мубориза бо падидаи мазкур ба манфиати кор хоҳад буд.
3.Бузургдошти шахсиятҳои алоҳида, олимону мутафаккирон ва адибону нухбагони миллат, ки ҳамасола бо ибтикор ва иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, намунаи осорашон нашр карда мешавад, низ аз ҳамин иборат аст.
Дар баробари ин, ба танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир шавад, зеро имрӯз раванди ҷаҳонишавӣ ва муборизаҳои геополитикӣ  байни абарқудратҳои ҷаҳонӣ моро водор месозад то дар бораи  ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатии худ тадбирҳои ҷиддӣ биандешем.
Оид ба сабабҳои воқеии гароиши ҷавонон ба ҷараёнҳои ифротӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ гузаронидани омӯзиш ва тадқиқотҳои сотсиологӣ бо ҷалби коршиносон тақозои замон аст. Натиҷаҳои он барои тарҳрезии барнома ва нақшаҳои ҷиддӣ ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои пайдоиши ифротгароӣ мусоидат хоҳад намуд.
Дар охир муовини раиси ноҳияи Шаҳристон Ҳоҷимуродзода Ҷасур  фикру мулоҳизаҳои хешро дар бораи мулоқоти имрӯза баён дошта, миннатдории худро ба роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.
Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир
 
 

Яндекс.Метрика