Санаи 13/05/ 2024 дар партави мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки 9 марти соли 2024 доир гардида буд, инчунин дар асоси Нақшаи муштараки Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҲҶТ, суҳбату вохӯрии гурӯҳи корӣ таҳти сарпарастии мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизуло Мирзозода, Абдуллозода Азимҷон Неъмат корманди Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исоев Насимҷон сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ ва корманди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каландаров Бурхониддин дар ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истравшан бо фаъолон ва сокинони ҷамоат баргузор гардид.
Дар мулоқот атрофи мавзуоти зерин: роҳҳои пешгирии падидаҳои номатлуб аз ҷумла, хурофотпарастӣ, тақлидкорӣ, зоҳирпарастӣ, ҳаҷҷи умраи такрорӣ, хатарҳои сиёсисозии дин, масъулияти волидайн дар қиболи фарзандон, нақши мактаб ва ҷомеа дар тарбияи фарзандон, риояи бечуну чарои конунҳои миллӣ, хатарҳои гаравидани ҷавонон ба ҷараёнҳои ифротӣ суханронӣ намуданд.
Вохӯрии мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ ва якдигарфаҳмӣ доир гардид.
Лозим ба ёддоварист, ки дар чорабини мазкур муовини раиси шаҳри Истаравшан ва дигар масъулон низ ширкат варзиданд.
Мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизуло Мирзозода.