Гузаре ба зиндагиномаи Мавлонои Балхӣ

Ҷалолуддин Муҳаммад ибни Муҳаммадӣ Балхӣ (30-юми сентиябри соли 1207,минтақаи Вахши вилояти Балхи Хуросон -17/29-уми декабри соли 1273, Қуния), маъруф ба Ҷалолуддини Балхӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Мавлонои Балхӣ, Мавлонои Рум, Муллои Рум, Мавлавӣ, Худовандгор, бо тахаллуси Хомӯш ё Хамӯш яке аз бузургтарин шоир , барҷастатарин мутафаккиру ориф  ва машҳуртарин пешвои ҷараёни тасаввуфи  Шарқ дар қарни Xlll мебошад . Сабаби шуҳрат ёфтани ӯ бо исми Румӣ ин аст, ки солиёни зиёде дар шаҳри Қунияи Рум зиндагӣ намуд ва саранҷом дар ҳамин шаҳр  пайки аҷалро лаббайк гуфт.

Бобояш Ҳусайн ибни Аҳмад Хатибии Бакрии Балхӣ аҳли вазъу минбар буд ва падараш шайх Баҳоуддин Муҳаммад Валад (1148-1231) , маъруф ба Баҳоуддин Валад ва лақаби Султонулуламо низ аз зумраи  фозилони рӯзгор ва уламои бузурги замони худ маҳсуб мешавад. Баҳоуддин Валад чун дар илми ирфон ва сулук баҳраи комил дошт, пайваста ба вазъу иршоди мардум машғул буд ва аз пайи ин пеша бештари вақташ дар мусофиратҳо мегузашт. Вазъҳои ӯ бештар оҳанги сӯфиёна дошта , бо самоъи Қуръон ва талқини тавба ҳамроҳ буданд ва ба истиқболи гарми алоқамандон рӯ ба рӯ мешуданд, муридони роҳи ҳақ ва толибони тавба дар гирдаш издиҳом доштанд. Мардуми Балх ба ин воизу ҳакими пурдониш ҳурмату эътимоди фаровон доштанд ва султон Алоуддин Муҳаммад Хоразмшоҳ низ аз ҷумлаи муридону муътақидони ӯ буд ва бисёр вақт ҳамроҳи устодаш Фахриддини Розӣ ба мавъизаҳои  Баҳоуддин Валад ҳозир мешуд.

Султон Валад навишта, ки мардуми Балх бобояшро таҳқир ва дилшикаста карданд. Дар чунин ҳолат Баҳоуддин Валад чун фарди оқибатандеш салоҳи корро дар он дид, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз зиддияту мухолифатҳои бештар дар ҷомеа аз Балх берун равад. Аз сӯи дигар истилогарони муғул дар Мовароуннаҳр тарсу бесаранҷомиро ба вуҷуд оварда буд ва ашхоси зиёде мисли падари Мавлоноро водор намуд, ки чорае андешида , ҷони худу пайвандонашонро аз ин бало наҷот диҳанд. Ҳамин тариқ , Баҳоуддин Валад , аз як ҷониб, аз сабаби бемеҳрии ҳамзамонон дар Балх ва аз ҷониби дигар, бо пешбинии амиқи носозгориҳои таърихии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва динии замони худ арсаро барои худ танг дид ва ба ночор ҳамроҳи аҳли оила- ҳамсараш Муъминахотун , ду писар ва тақрибан сесад-чорсад нафар муътақидону муридони хуросониаслаш ба хотири дарёфти макони нисбатан дуртару амнтар ҳиҷратро ихтиёр намуд. Чанде аз -пайвандонаш дар Балх боқӣ монданд. Бояд гуфт, ки дар асрҳои миёна  Балх яке аз марказҳои бузурги тиҷоратии Роҳи бузурги абрешим маҳсуб шуда, дар чорроҳаи корвонгузар  аз Чин ва Ҳинд ба Эрон ва Мовароуннаҳр қарор дошт ва ҳудуди хеле бештар аз вилояти имрӯзаи Балхи Афғонистонро фаро мегирифт. Ба марзҳои он водии Вахши Тоҷикистони кунунӣ низ шомил буд. Баҳоуддин Валад ва ҳамроҳонаш баъд аз Нишопур ба рай ва аз он ҷо ба Бағдод расиданд. Пас аз чанд муддати иқомат дар ин шаҳр озими Ҳиҷоз ва Макка шуда, баъди адои маносики ҳаҷ раҳсипори Шом ва аз он ҷо равонаи Осиёи Сағир гардиданд. Сараввал ба вилояти Арзанҷон рафтанд ва як сол дар Оқшаҳр, наздики чаҳор сол дар Малотия ва қариб ҳафт сол дар Лоранда буданд. Дар он шаҳр модари Ҷалолуддин  Муъминахотун вафот кард. Дар ин давра шуҳрати мактаби вазъу иршоди Баҳоуддин  Валад дар саросари минтақа паҳн гардида буд ва фармонравои далеру фарҳангдӯсти салҷуқӣ Султон Алоуддини Кайқубод(солҳои ҳукуматаш 1219-1236) қосиде фиристода , ӯро ба Қуния даъват кард. Баҳоуддин  Валад аз ҳамон оғози вуруд ба Қуния мавриди таваҷҷуҳи хосу ом қарор гирифт ва султон Алоуддин ӯро бо эҳтиром пазируфта , хоҳиш намуд ,ки барои ҳамеша он ҷо иқомат кунад. Баҳоуддин  Валад мехост,ки писараш Ҷалолуддин ҳамчун ӯ ва албатта бештар , ҳам воизи сӯфимашраби комил дар улуми ботин бошад ва ҳам фақеҳи зоҳидмаслаки моҳир дар илми зоҳир. Ҷалолуддин дар айёми ҷавонӣ зери таъсири ақоиду таълимоти падар дар мусофиратҳояш бо баъзе шайхони маъруфи Хуросон амсоли Наҷмиддини Кубро, Маҷдуддини Бағдодӣ борҳо дидор кард ва тибқи ривоятҳо, бо шайх Шаҳобуддини Суҳравардӣ дар Бағдод ва бо шайх Муҳйиддин ибни Арабӣ (1165-1240) дар Димишқ дидору мулоқот доштааст. Мегӯянд, ки  Муҳйиддин ибни Арабӣ чун дар паҳлӯи Баҳоуддин  Валад писараш Ҷалолуддинро дид, гуфт: «Субҳоналлоҳ, уқёнусе аз пайи як дарёча меравад»(4, 992). Соли 1231 Баҳоуддин  Валад дар сини ҳаштодусе пайки аҷалро лабайк гуфт ва китоби «Маориф» аз ҷумлаи ягона таълифоти ӯст, ки ба ёдгор мондааст.

Бо хоҳиши исрори муридон Ҷалолуддини 24-сола бар маснади тадрису иршоди падар нишаст ва онро равнақ бахшид.Тавре зикр шуд, ӯ дар оғоз асосҳои илму ирфонро то ҳудуди зиёде аз падараш омӯхт, вале нахустин кассе, ки Ҷалолуддинро ҷиддан ба води тариқат роҳнамоӣ кард, Сайид Бурҳонуддини Муҳақққи Тирмизӣ, мулақаб ба Сайиди сирдон- муриди вафодор ва покдили падараш буд.Ӯ баъди як соли вафоти Баҳоуддин  Валад  ба Қуния омад ва тарбияту роҳнамоии минбаъдаи Ҷалолуддинро ба уҳда гирифт. Мавлонои ҷавон дар давраи зиндагии падар  бо ҳидояти ӯ чанд муддат дар Димишқ ва Ҳалаб ба омӯзиши илми фиқҳ пардохта буд. Сайид Бурҳонуддини Муҳақққи Тирмизӣ ба мавлоно тавсия дод, ки ба иловаи улуми зоҳирӣ дар маорифи ботинӣ низ пайрави солеҳи падари худ бошад. Бидуни тардид , муҳимтарин ҳодиса дар зиндагии Мавлонои Балхӣ дар остонаи чиҳилсолагӣ, саҳеҳтараш, 26-уми ноябри соли 1244, рӯ ба рӯ омадан ва мулоқоташ бо шӯридае аз шӯридагони олам ва ринде аз риндони оламсӯз- Шамсуддин Муҳаммад ибни Маликдоди Табрезӣ, маъруф ба Шамси Табрезӣ ва ворид шудани Шамс ба зиндагии маънавиву иҷтимоии ӯ буд. То ин дам  Мавлоно ба тариқаву сурати падараш Баҳоуддин  Валад ба дарс гуфтану мавъиза ва муҷоҳидаву риёзат машғул буд, вале бо дидори Шамс равиши зиндагии маънавияшро тағйир дод, маҷзуби билоиродаи ӯ шуд, тарки маснаду мақому минбар кард ва ба силки дарвешон даромад. Давраи нахустини Мавлоно ва Шамс наздик ба шонздаҳ моҳ идома ёфт. Шамс чун нохурсандии муридону шогирдони Мавлоноро пай бурд, ногаҳон ғайб зад. Мавлоно аз фироқи ӯ бисёр ғамгин шуда , ба вазъу ҳоли аҷибе афтод, ба шеъргӯӣ пардохт ва сӯзи дилашро дар қолаби ғазалҳои пуршӯре бо тахалуси Шамси Табрезӣ бозгӯ мекард. Дар ин миён аз номи Шамс барои Мавлоно аз Димишқ номае расид ва ӯ фарзанди калониаш Султон Валадро ҳамроҳи бист нафар муридонаш ба ҷустуҷӯи Шамс фиристод. Султон Валад бо хоҳишу таваллои афзун Шамсро дигарбора ба Қуния овард ва баъд аз понздаҳ моҳи ҷудоӣ дидори дубора шӯру шавқ ва унсу алоқаи Мавлоноро бештар намуд. Пас аз шаш моҳ боз ҳам муридони сершумори Мавлоно даст ба фитна зада, аз пайи туҳмату озори Шамс шуданд. Соли 1247 Шамси Табрезӣ дигарбора ба тарзи мармузе нопадид шуд ва дигар ҳеҷ касс аз вай хабаре наёфт ва ҳама гунна ҷустуҷӯ дар инзамина бе натиҷа монд. Баъди ҳафт соли ғайбати Шамс Мавлоно марди аз илму савод бебаҳра Салоҳиддини Заркӯбро мавриди  таваҷҷуҳу тарбият қарор дод. Онҳо ҳафт сол бо ҳам мӯнису мусоҳиб буданд ва Салоҳиддин дар натиҷаи риёзату талоши рӯзафзун ба мақоми ҷонишиннии Мавлоно расид. Пас аз вафоти Салоҳиддини Заркӯбдар соли 1259 Ҳисомуддини Ӯрмавӣ, маъруф ба Ҳисоми Ҷалабӣ дар нигоҳи  Мавлоно азизу мукаррам гардид.Қобили тазаккур аст, ки Мавлоно маҳз бо дархосту талқини ӯ бузургтарин шоҳкори ирфониву адабии худ- «Маснавии маънавиро»-ро ба риштаи назм даровард.Тайи понздаҳ сол Мавлоно ашъори маснавиро мегуфт ва Ҳисомуддин онро китобат мекард. Дар солҳои охири зиндагиаш  боре аз Мавлоно суол кардаанд, ки аз ин се фарҳехтаи аҳли маъно -  Шамси Табрезӣ, Салоҳиддини Заркӯб, Ҳисомуддини  Ҷалабӣ кадом як шоистагии хилофат дар иршоду ҳидояти соликонро доранд? Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Мавлоно Шамсиддин ба масобати офтоб аст ва Шайх Салоҳиддин дар мартабаи моҳ аст ва Ҳисомуддини  Ҷалабӣ миёнашон ситорае рӯшану раҳнамост.Ҳамоно бештарини барриёну баҳриён роҳро бо ситора меёбанд ва мустағни мешаванд».

Вафоти Мавлон. Худовандгори калому ирфон ва шеъру адаб МавлоноҶалолуддин дар таърихи  17-уми декабри соли 1273 ҷон ба ба Ҷонофарин таслим намуд. Тибқи васияти худи Мавлоно, намози ҷанозаашро шайх Садриддини Қунавӣ гузорид ваҶалолуддинро дар турбати падараш ба хок супурданд.Дар он рӯзи пурсӯзи сармову яхбандони Қуния анбӯҳи пурхурӯши мардум , пиру ҷавон, мусалмону габр, масеҳиву яҳудӣ ҳамагӣ дар ин мотам ширкат доштанд ва чиҳил шабонарӯз ин азову сӯг барпо буд. Ин вазъу ҳолро Султон Валад бад –ин сурат ба риштаи назм кашидааст.

Мардуми шаҳр аз сағиру кабир, 

Ҳама андар фиғону оҳу нафир.

Деҳиён ҳам зи румию атрок, 

Карда аз дарди ӯ гиребон чок.   

Ба ҷаноза ҳама шуданд ҳозир,

Аз сари меҳру ишқ, на аз пайи бирр.

Аҳли ҳар назҳате бар ӯ содиқ,

Қавми ҳар милате бар ӯ ошиқ.

Исавӣ гуфта: “Ӯст Исии мо”,

Мусавӣ гуфта: “Ӯст Мусии мо”.

Муъминаш хонда : “Нури сирри Расул”,

Гуфта: “Ҳаст ӯ азим баҳри нуғул”.

Ҳама карда зи ғам гиребон чок,

Ҳама аз сӯз карда бар сар хок.

Ҳамчунон ин кашид то чил рӯз,

Ҳеҷ сокин нашуд даме тафу сӯз.

Исоев Насим – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

Яндекс.Метрика