Гунҷишке ба Худо муроҷиат карда гуфт ...

Гунҷишке ба Худо муроҷиат карда гуфт :
- Лонаи кӯчаке доштам оромгоҳ ва сарпаноҳи бекасиям буд, ки туфони ту онро аз ман гирифт. Он лонаи кӯчаки ман куҷои дунёи туро танг кардаю гирифта буд, ки валангораш кардӣ?
Худованд гуфт :
- Дар вақти хоб буданат море ба лонаи ту даромад. Бодро гуфтам, ки лонаатро вожгун кунад. Он гоҳ ту аз камини мор халос шудӣ. Ва ба ин монанд чандин балоҳои дигарро тавассути муҳаббатам аз ту дур кардам, аммо ту бошӣ асли воқеаро надониста, ба душманиам бархостӣ...

Пас, эй инсон бидон, ки ҳар як нохушӣ ва ё хушие, ки ба сари одамӣ меояд сабабе ҳаст.

Сабур бош ва надониста касеро қазоват макун!...

Бознашр аз саҳифаи Хазинаи маърифат

Яндекс.Метрика