Густариши ҳамкориҳои Прокуратураи генералӣ бо Прокуратураи генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ,

Дар доираи сафари кории Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ҷаноби Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 - уми феврали соли 2024 мулокоти у бо Прокурори генералии Чумхурии Тоҷикистон муҳтарам Рахмон Юсуф Ахмадзод доир гардид.
Зимни мулоқоти расмии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ҷаноби Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб масъалаҳои муқовимат ба терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва дигар зуҳуроти ҷинояткории трансмиллӣ муҳокима гардиданд.

Аз саҳифаи Прокуратураи генералии ҶТ

Яндекс.Метрика