Дар фарҳангҳои мухталифи дунё эътиқоду хурофот вуҷуд доранд, ки метавонанд дар тӯли даҳҳо ва ҳатто садҳо сол дар раванди ҳаёти иҷтимоии одамон тағйирот ба вуҷуд оранд. Бархе аз ин хурофотҳоро дар рақамҳо дидан мумкин аст, ки бештари онҳо дар достонҳои қадиму муқаддас реша гирифта, боиси боварии мардум шудаанд ва дар ҳаёти онҳо ба кор бурда мешаванд. Ин ҷо баъзе далелҳое дар бораи он ки чаро рақами 13 наҳс ҳисобида мешавад, оварда мешавад. Дар умум, суоле ба миён меояд, ки чаро атрофи рақами 13 солҳост, ки баҳсҳо меравад. Бояд гуфт, ки ҳодисаҳое, ки дар рӯи замин рух медиҳанд, решаи худро дар эътиқоди мардум ҷой медиҳанд ва боиси тағйироти ҷиддие дар мафкураи мардум мешаванд.
Боварӣ ба хурофот яке аз мушкилоти иҷтимоӣ дар ҷаҳони имрӯз ба гунае маҳсуб мешавад, ки метавон онро як мушкили иҷтимоӣ номид. Ин эътиқодҳо, ки асоси дурусте надоранд, метавонанд дар ҳаёти иҷтимоии мардум нақши манфӣ дошта бошанд, зеро эътиқод ва андешаҳои хурофотӣ чизҳоеанд, ки дар зеҳну тасмимгирии инсонҳо реша мегиранд. Ин масъаларо дар зиндагии атрофиёнамон дидан мумкин аст ва мисоли он рақами 13 аст, ки ба назари баъзеҳо дар аксари ҷомеаҳои байналмилалӣ рақами бадбахтӣ ҳисобида мешавад. Мутаассифона, чунин масъалаҳо дар бисёр ҷомеаҳо вуҷуд доранд. Ин ҷо баъзе далелҳое баён мегарданд, ки аз куҷо пайдо шудан ва сабаби бадбахт шуморадани рақами 13-ро нишон медиҳанд.
Бархе аз муҳаққиқон бар ин назаранд, ки эътимоднокии рақами 13 аз дини насронӣ ба зардуштиён ва сипас ба мусулмонон гузаштааст. Дар замони Масеҳ шахсе бо номи Яҳудои Исхарютӣ (Искориут), ки яке аз дувоздаҳ ҳаввориёни (ҳавориён – унвони 12 тан аз ёрон ва шогирдони вижаи Исои Масеҳ аст) Масеҳ буд, нақшаи бадеро барои таслим намудани Исои Масеҳ дар назди душманонаш кашида буд. Масеҳиён бар он боваранд, ки вақте гурӯҳи онҳо 13 нафар шуд, Масеҳ дастгир ва дор кашида шуд. Аз ин ру, онҳо рақами 13-ро бадбахт меҳисобанд. Ва ин масъала то имрӯз аз насл ба насл идома ёфта истодааст. Далели дигари ин мавзуъ дар рӯзи 13-уми моҳ нобуд шудани қавми Нуҳ аст, ки ба назари баъзеҳо бар бадбахт будани ин рақам далолат мекунад.
Агар назари мардуми форсу тоҷикро роҷеъ ба чигунагии рамзи адади 13 ва бар чӣ далолат кардани он бинем, дар асоси баъзе сарчашмаҳои хурофотӣ аён мегардад, ки дар замони эрониёни бостон умри ҷаҳони ҳастиро ба 12 ҳазор сол рабт додаанд, аз ин рӯ рақами 13 рамзи нав ва оғози давраи нав дониста шудааст. Сабаби 12 рӯз таҷлил шудани Наврӯз ва анҷоми неки он буд, ки онҳо рӯзи 13-умро дар табиат мегузарониданд ва мехостанд рӯзи охирини таътили худро дар табиат гузаронида, ба соли нав шурӯъ кунанд.
Ба назарҳои баъзе аз пажӯҳишгарон дар замонҳои пеш Наврӯзро 13 рӯз ҷашн мегирифтаанд. Дар анҷоми таҷлил мардум ба саҳро баромада, аз Соли нав истиқбол мекарданд. Ниёгонамон бар он андеша буданд, ки шахси ба саҳро баромадаро тӯли сол хушбахтӣ ва фаровонӣ интизор аст. Бояд гуфт, ки ин хурофот дар Эрон ба ҳукми анъана даромада, дар ин кишвар ҳамсола Наврӯз маъмулан 13 рӯз таҷлил мешавад. Панҷ рӯзи аввал ба истиқболи Наврӯз ва дидорбинӣ аз пайвандон ва дӯстон хос гардидааст. Рӯзи нуҳум ҳамчун Наврӯзи Шаҳриёрон ва рӯзи сенздаҳум ҳамчун Сездаҳбадар машҳур аст.
Ба гуфтаи яке аз пажӯҳишгарони эронӣ – устод Вазирӣ, эътиқоде, ки онҳо мегӯянд, 13 адади наҳс аст, аз кишварҳои ғарбӣ вориди Эрон шудааст. Вай ҳамчунин мегӯяд, ин шумора дар фарҳанги Эрон ба достони Ораши Камонвар иртибот дорад, ки дар рӯзи 13-ум рух додааст, зеро дар ин рӯз густариши сарзамини худоён ва озодӣ аз Турониён ба василаи тири Ораш дар рӯзи 13-ум сурат мегирад. Рӯзи 13-умро «Тир рӯз» меноманд, ки маънояш «Худои Тиштар» аст. Ба ғайр аз ин, рақами 13 дар тақвими Майя адади хуб ҳисобида мешавад. Дар ин тақвим рақами 13 ҳамчун рушд, нумуъ ва пешравӣ маънидод мегардад. Аммо, бо мурури замон ин боварӣ дар зеҳнҳои мардум ҳамчун рӯзи хуб аз байн рафта, ба рӯзи наҳс мубаддал гаштааст. Рақами 13 дар баъзе сарчашмаҳои таърихии даврони исломӣ ба унвони адади саъд тафсир шуда, мутаассифона ба адади наҳс табдил гаштааст.
Мутаассифона, бо мурури замон ин рӯзи зебо ва муҳими эрониён ба хурофоти Ғарб пайваст, то 13-уми фарвардин ба рӯзе табдил ёфт, ки бояд ҷашн гирифта шавад ва аз шарри он ба табиат паноҳ бурда шавад. Ҳатто наҳси рақами 13 то ба дараҷае шиддат ёфт, ки то чанд даҳа қабл расми аёдати касе набуд. Зиёрати рӯзи 13-уми фарвардин дар Теҳрони куҳан ба хотири бурдани наҳсии рақами 13 ба хонаи дигар буд ва то ҳол дар баъзе шаҳракҳои хурди Эрон шунида мешавад, ки ҳама балоҳои сол дар 13-уми фарвардин фуруд меоянд ва меҳмони нохондаи ин рӯз касест, ки балоҳо бо қадамҳои ӯ ба хонаи соҳибхона меоянд.
Рақами 13 ҳамчун адади наҳс дар бисёре аз манотиқи дигари ҷаҳон дар миёни афроде, ки ба хурофот пайравӣ мекунанд, вуҷуд дорад. Масалан, масеҳиён ҳеҷ гоҳ бо 13 нафар дар як дастархон хӯрок намехӯранд. Бархе аз хурофотпарастони дигар дар Амрико рақами 12+1-ро пешниҳод кардаанд, то маънои рақами 13-ро гузарад. Ва мардуми хурофотпарасти Шветсия, агар рӯзи истироҳаташон ба рӯзи 13 рост ояд, мегӯянд, ки ҳафтаи бад дар пеш аст. Хурофот дар бораи наҳси 13 то ба дараҷае расидааст, ки дар баъзе ҳавопаймоҳо курсии рақами 13 нест ва курсии рақами 14 пас аз курсии 12 гузошта шудааст. Ҳатто дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ошёнаи 13 вуҷуд надорад ва дар лифтҳои ин кишварҳо пас аз рақами 12 рақами 14-ро мебинем. Чунин андешаҳо ва ё боварҳои хурофотӣ дар баъзе ҷомеаҳо, мутаассифона то кунун вуҷуд доранд ва боиси хароб гаштани ҳолати равонии баъзе аз одамон мегарданд.
Баргардон аз форсӣ ва русӣ
Одинаева Ш. – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ