Давои бемории гуноҳ

Рӯзе ҳазрати Боязиди Бастоми (р) ба сафар баромаданд. Суннати ин шахс ҳамин буд, ки Ҳазрат аз кадом минтақае мегузаштанд аз бузургони ҳамон минтақа зиёратҳо анҷом медоданд. Ин дафъа ҳам вақте, ки ба шаҳре расиданд аз аҳли шаҳр пурсиданд: Дар шаҳри шумо касе ҳаст аз уламо фузало ва донишмандон ки ба зиёраташон рафта дуо гирем?
Аҳли шаҳр гуфтанд: Имрӯз дар фалон минтақа табибон ҳама якҷо ҷамъ омада бо якдигар машварат мекунанд ва ба беморон тавсияҳо медиҳанд. Ҳазрат дар ҳол ба он ҷо рафтанд бо табибон вохӯрданд ва ба онҳо савол доданд.
Барои бемории гуноҳ ягон давое ҳаст?
Ҳамаи табибон хомӯш истодан.
Аз миёни беморон як марде, ки касалии рӯҳи дорад гуфта оварда буданд аз ҷой бархост ва гуфт: Агар иҷозат бошад ман ба ин савол ҷавоб гӯям. Пас ҳамаи табибон рози шуданд.
Он мард гуфт: Давои бемории гуноҳ ҳамин, ки решаи тавбаро бо барги истғфор омехта дар токчаи қалб гузошта бо ресмони тавҳид мебандем, пас аз он бо элаки инсоф бехта бо ашки чашмонамон хамир карда ба оташи ишқ мепазем, баъд аз он аз самараи муҳаббат камтар омехта карда бо чумчаи қаноат дар саҳар ва дар шом кам кам истеъмол мекунем.
Чун Ҳазрати Боязиди Бастоми (р) ин доруи зеборо аз он мард шуниданд гуфтанд:
Оҳ бевафо дунё , Оҳ бевафо дунё туро ҳам бемори рӯҳи дорад гӯён ба инҷо оваранд.

Аз саҳифаи Қиссаҳои беҳтарин

Яндекс.Метрика