ДАВРАҲОИ ТАШАККУЛИ ИЛМИ ФИҚҲ

Ташаккул ва таҳаввулоти фиқҳиро донишмандони илми таърих бо назардошти пайдарпайи замон ба давраҳои зерин ҷудо намудаанд;
 
Даври якум. Асри саҳоба:Саҳобагон (Асҳоб), ки ҷамъи саҳоба аст, касоне ҳастанд, ки бо пазируфтани дини мубини Ислом дар доираи имконият ва дарки хеш масъаларо мустақиман аз Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) омӯхтаанд. Ин давра аз соли 11 то охири асри якуми ҳиҷриро дар бар мегирад. Машҳуртарин фақеҳони он давра аз нигоҳи аҳли суннат инҳоянд: 1. Абубакри Абиқаҳофа (вафот: 13 ҳиҷрӣ); 2. Умар ибни Хаттоб (23 ҳиҷрӣ); 3. Усмон ибни Аффон (35 ҳиҷрӣ); 4. Алӣ ибни Абутолиб (р) (40 ҳиҷрӣ); 5. Муоз ибни Ҷабал (18 ҳиҷрӣ); 6. Салмони Форсӣ (35 ҳиҷрӣ); 7. Абдуллоҳ ибни Масъуд (32 ҳиҷрӣ); 8. Абумўсои Ашъарӣ (44 ҳиҷрӣ); 9. Убай ибни Каъб (21 ҳиҷрӣ); 10. Зайд ибни Собит (45 ҳиҷрӣ).
 
Нақши саҳобагон дар пайдоиш ва ташаккули илми фиқҳ:
 
Ҷамъи Қуръон: Аҳли суннат Тибқи бархе аз ҳадисҳо, ҷамъи Қуръонро аз воқеаҳои ин замон медонанд ва бар ин боваранд, ки Қуръон дар замони паёмбар (с) тадриҷан нозил шудааст ва паёмбар низ онҳоро ба сурати тадриҷӣ ба мардум мерасонид ва мардум баъзе аз онҳоро аз ёд карданд ва гурӯҳе аз ҷумла (куттоб) китобнависони ваҳйи онҳоро менавиштанд, вале то замоне ки ӯ зинда буд, ҳеҷ кас барои ҷамъоварӣ ва ба мусҳаф табдил додани ин саҳифаҳо иқдом накардааст. Дар замони Усмон (р) , нусхаи мукаммали Қуръони карим тартиб дода шуд ва чанд нусха аз он нусхабардорӣ ва ба шаҳрҳои муҳими исломӣ фиристода шудааст.
 
Маҳдудияти қироати ҳадис: Дар замони хулафои рошидин ва ҳатто баъд аз онҳо низ мардумро дар қироати ҳадиси Паёмбари Акрам (с) маҳдуд карда буданд, ва ин амал дар пушиши ҳифзи Қурони маҷид анҷом мешуд.
 
Бунёди далелҳои Чаҳоргона; (китоб, суннат, истишора (иҷмоъ) ва иҷтиҳод).
 
Дар ин давра барои истинботи аҳком (китоб, суннат, истишора (иҷмоъ) ва иҷтиҳод) рўйи кор омад. Агар аз китобу суннат ҳукми масъалае ба даст оваранд, ба он пайравӣ мекарданд, вагарна ба истишора (иҷмоъ) ё иҷтиҳод рўй меоварданд.
 
Даври дуюм давраи тобеин; Ҳарчанд ин давра аз авохири садаи аввали ҳиҷрӣ оғоз мешавад, аммо ба далели бархурди замони саҳобагони ҷавон ва кибори тобеин, аз соли 41 оғоз шуда, то замони зуҳури пешвоёни мазоҳиб идома дошт. Дар ин давра маҳдудиятҳои эҷодшуда дар роҳи ирсоли ҳадис тадриҷан аз байн рафтанд ва саҳобагон ва пайравони бузургвор ба масъалаҳои матраҳшуда аз рӯи ривоятҳое, ки бевосита ё бавосита аз паёмбар шунида буданд, посух медоданд.
 
Бархе аз фақеҳони ин давра аз назари аҳли суннат инҳоянд: Уммулмӯъминин Оиша (57 ҳиҷрӣ), Абдуллоҳ ибни Умар (73 ҳиҷрӣ), Абдулло ибни Аббос (68 х.), Шрайҳи қозӣ (78), Анас ибни Молик (93), Умар ибни Абдулазиз (101. ҳ..57).
 
Давраи сеюм.Асри пешвоёни мазҳабҳо
 
Ин давра аз ибтидои садаи дувум оғоз шуда, то миёнаҳои асри чаҳорум, ки пешвоёни бузурги фиқҳ ва иҷтиҳод пайдо мешаванд, идома дорад. Дар ин давра чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат (Ҳанафия, Моликия, Шофия ва Ҳанбалия) ташаккул ёфта, тамаддуни исломӣ дар шаҳрҳои бузурге чун Бағдод, Кордоба дар Андалус, Қайрвон дар Африқо, Фустот дар Миср, Димишқ, Куфа, Басра, Марв ва Нийшопур тавсеъа ёфт. Ва бешак, ин тавсеъа дар ташаккули илми фикҳ таъсири чашмгире гузошт. Бо фармони халифаи Умавиён Умар ибни Абдулазиз, Суннат ва Ҳадис тадвин шуд ва илми усули фиқҳӣ аҳли суннат ба василаи Имом Шофеъӣ тадвин гардид.
 
Давраи чорум.Давраи қатъи иҷтиҳод ва интихоби мазҳабҳо: 
 
Дар ин давра баҳсу мунозираҳои мазҳабӣ ба авҷи аъло расид. Дар баробари заъфи сиёсии ҷаҳони ислом, аз дидгоҳи илми иҷтиҳод низ заъиф шуд. Фақеҳон майл ба тақлиди фақеҳони гузашта доштанд, ки ҳар донишманд ба яке аз муҷтаҳидони даврони пешин пайравӣ мекард танҳо афкори уро шарҳ, тафсир, ҷамъоварӣ ва ё интишор менамуд.
 
Давраи панҷум.Давраи тақлиди холис:
Дар ин давра иҷтиҳод ба заъфи ниҳоии худ расид ва иртиботи илмии олимон бо ҳамдигар, ба хусус донишмандони кишварҳои мухталиф аз байн рафт ва дар ҷомеаҳои илмӣ як рукуди қобили мулоҳизае ба мушоҳида расид.
 
Давраи шашум.Давраи кунунӣ:Ин давра, ки аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ то садаи гузашта идома дорад, ду хусусияти хоси зеринро дорад: аввалан, баъзе аз аҳли суннат ва ҷамоат худро аз пойбандӣ ба яке мазҳабҳои хос аз чаҳор мазҳаб озод кардаанд; Яъне дар ҳама масъалаҳо пайравӣ аз як муҷтаҳидро зарур намедонанд, гоҳо дар масъалае ба мазҳаби Шофеъӣ, Абуҳанифа, Молик ё Аҳмад тақлид мекунад ва баръакс.
 
Пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ кишварҳои исломӣ бештар бо тамаддунҳои Ғарб ошноӣ пайдо карданд ва ин ба мусалмонон таъсири бузург расонд. Муносибати байни миллатҳои Ғарб ва миллатҳои исломӣ сабаб шуд, ки мусалмонон дар масъалаҳои шаръӣ таҷдиди назар кунанд, то мувофиқат бо масоили ҷаҳониро эҷод кунанд. Аз ин рӯ, онҳо маҷбур шуданд, ки ақидаи мазҳаберо интихоб кунанд, ки ба ин навъи масъалаҳо бештар мувофиқ бошад. Ҳатто бархе аз уламои бузург, аз қабили Шайх Шалтут, гоҳе раъйи мазҳаби Ҷаъфариро дастур додаанд, ҳарчанд дар гузашта тасаввур кардани чунин чизе осон набуд.
 
Дуюмин, бинобар ба миён омадани масъалаҳои нав, аз қабили суғурта, масъалаҳои оилавӣ, баробарҳуқуқӣ, масъалаҳои иқтисодӣ, муомилоти бонкӣ дар байни донишмандон андешаҳое пайдо гашт, ки дар масъалаи иҷтиҳод бояд таҷдиди назар шавад. Ва бо назардошти шаръ, зоҳири нусус, масолиҳ ва ҳатто муқтазиёти замон, масъалаҳо мавриди таҳқиқ қарор бигиранд.
 
Наботов М.А. - сармутахасси шуъбаи пажўҳиши ҳуқуқи исломӣ
Яндекс.Метрика