ДАНҒАРА: КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗУЪИ "ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ"

15 марти соли 2023 тибқи нақшаи кории Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки аз тарафи раиси Ҳаракат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, дар ноҳияи Данғара Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуъи "Эҳёи арзишҳои миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ" доир гардид.
Дар кори Конференсия олимону муҳаққиқон, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва дигар қишрҳои гуногуни ҷомеа ширкат варзиданд.
Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим ва ҳайати кормандони Маркази исломшиносӣ иштирок ва дар мавзуи " Эҳёи арзишҳои миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ " суханронӣ намуданд.

Яндекс.Метрика